«Ширин», «Маколли», «Баҳор», «Покиза», «Ганҷи Ҳилол», «Ёқут»-ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018»

Октябрь 20, 2018 12:36

ДУШАНБЕ, 20.10.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди «Ширин», «Маколли», «Комбинати шири Душанбе», «Фабрикаи шири Саодат», «Баҳор», «Покиза», «Ганҷи Ҳилол», «ИИ Нассоҷии Тоҷик», «Ёқут», «Корвони аср», «Эскимо мастер», «555 МПК», «Технохим», «Шириниҳои Шафоат», «Ширкати Азизӣ» ва КВД «Ширкати алюминии Тоҷик» аз ҷумлаи конхонаҳое мебошанд, ки ба рӯйхати ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрсонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018» ворид гардидаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ хабар медиҳад, ки шумораи ғолибони озмун ба 88 адад мерасад ва маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибон имрӯз, соати 17:00 дар МД «Боғи Ирам» доир мегардад. Намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти корхонаҳои ғолиб дар боғи мазкур аз соати 10:00 то 15:00 идома меёбад. Тамоми сокинону меҳмонон имкони харидории дилхоҳ маҳсулотро бо нархҳои арзон доранд. Дар ин макон маҳсули дастии ҳунармандӣ низ ба намоиш гузошта шуд, зеро теъдоди зиёди ҳунармандони мамлакат дар рафти озмун ширкати фаъолона доштанд.

Озмун ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бахшида шуда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Агентии «Тоҷикстандарт» баргузор карда шуд.

Тавре сардори раёсати бамеъёрдарории техникӣ ва стандартонии Агентии «Тоҷикстандарт» Сӯҳроб Ашӯрзода иброз намуд, озмун тибқи Низомнома, дар ду давр-даври аввали он дар ҳамаи вилояту минтақаҳои ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва даври дуюм ҷамъбастӣ-ҷумҳуриявӣ гузаронида шуд.

Ба гуфтаи номбурда, озмун бо мақсади дастгирии ташаббусҳои минтақавӣ ва муттаҳидкунии мақомоти давлатӣ, ташкилоти тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, кумак барои таъмин намудани бозорҳои Тоҷикистон бо молҳои баландсифат ва рақобатпазири ватанӣ, ташкил намудани замина ва ҳамкории васеъ барои ҷорӣ кардани усулҳои замонавии роҳбарӣ ва таъмини сифат дар асоси стандартҳои миллию байналхалқӣ, таъмини риояи талаботи бехатарии маҳсулот, ҳифзи саломатӣ ва муҳити зист, сарфакории неруи барқ ва захираҳои табиӣ, дастгирии истеҳсолкунандагони ватание, ки маҳсулоти рақобатпазир ва хизматрасонии муносиб пешкаш менамоянд, ташкил карда шуд.

Озмуни имсола аз рӯи шаш номгӯй-маҳсулоти хӯрокворӣ, маҳсулоти саноатӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ, маҳсулоти таъминоти истеҳсолию техникӣ, хизматрасонии хӯроки умумӣ, хизматрасонии меҳмонхонаҳо, туризм ва саёҳат ва хизматрасонии таъмири нақлиёт гузаронида шуд.

Дар рафти озмун 484 корхонаву ташкилот ва муассисаҳои хизматрасонӣ иштирок карда, 88-тои он ба даври хотимавӣ роҳ ёфтанд.

Аз ин теъдод 16 корхонаву муассисаҳои хизматрасон соҳиби диплом, 32-то лауреат ва 40-тои он соҳиби ҷоизаи озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-2018» гардиданд. Иштирокчиёни дигари фаъол аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» бо ифтихорномаҳо сазовор дониста шуданд.

Озмун аз соли 2008 инҷониб дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Ба корхона ва муассисаҳое, ки маҳсулот ва хизматрасониашон лауреати озмун мегарданд, имтиёзҳо дода мешаванд. Аз ҷумла, онҳо ҳуқуқи  сабти нишони озмун дар маҳсулот ва бандубасти он, инчунин ҳуқуқи истифодаи он дар ҳуҷҷатҳо ва маводи таблиғотӣ дар давоми ду солро пайдо мекунанд.  Онҳо барои иштирок дар озмуни сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти ҷоизаи ИДМ пешбарӣ карда мешаванд.

Корхона ва ташкилотҳое, ки ба ҷоизаҳои махсус пешбарӣ мегарданд, бо шаҳодатномаҳои муқарраргардида бо навиштаҷоти «Ҷоизаи махсус» ва туҳфаҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Октябрь 20, 2018 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад
Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ дар шаҳри Ваҳдат 104,7 фоиз иҷро гардид
«Амонатбонк» дар доираи Ҳафтаи байналмилалии молиявӣ дар Файзобод ҳамоиши омӯзишӣ баргузор намуд
ҚАЛЪАИХУМБ — ВАНҶ — ДАРВОЗАИ РӮШОН. Вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҷараёни таҷдиду навсозии ин қитъаи роҳ шинос шуд
Дар Душанбе масъалаи таъсиси парки инноватсионии саноатӣ байни Тоҷикистон ва Русия баррасӣ гардид
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вашингтон баррасӣ шуд