КӮДАКОН – ГУЛҲОИ ЗИНДАГИИ МО. 20 ноябр Рӯзи байналмилалии кӯдак таҷлил мегардад

Ноябрь 20, 2018 12:00

ДУШАНБЕ, 20.11.2018 /АМИТ «Ховар»/. 20 ноябр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии кӯдак ҷашн гирифта мешавад. Таърихи таҷлил гардидани ин ид ба соли  1954 рост меояд. Маҳз дар ин сол Ассамблеяи генералии СММ ба давлатҳо пешниҳод намуд, то ягон рӯз ҳамчун рӯзи кӯдакон ҷашн гирифта шавад. СММ мехост, ин сана рӯзе бошад, ки ба фаъолият оид ба таъмини беҳбудии кӯдакон бахшида шавад.

Мақсади таҷлили ин рӯз дар он аст, ки диққати ҳамагон ба фаъолият оид ба таъмини шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон ҷалб карда шавад.

20 ноябри соли 1959 Созмони Милали Муттаҳид Эъломияи ҳуқуқи кӯдак ва пас аз 30 сол, 20 ноябри соли 1989 санади муҳими байналмилалӣ — Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро қабул намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ таҳти сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро муҳим шуморида соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдакро ба имзо расонид. Бояд гуфт, ки соли равон аз батасвиб расидани ин Конвенсия 25 сол сипарӣ гардид.

Тавре Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмо Ҳабибуллозода дар суҳбат бо мухбири  АМИТ «Ховар» гуфт: «Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шудааст. Соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардид, ки он асосҳои озодии ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.  Ҳамзамон ин қонун ҳамаи ҳуқуҳоеро, ки барои инкишофи кӯдак заруранд, кафолат медиҳад ва бобати таъмину пешрафти ҳуқуқи кӯдак салоҳияти мақомоти дахлдорро пешбинӣ менамояд».

Бояд гуфт, ки ҳифзи кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Конститутсия сарчашма мегирад. Зеро дар моддаи 34 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст: «Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд… Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд».

Дар мисоли татбиқи ин моддаи Конститутсия метавон аз он ёдовар шуд, ки ҷиҳати рушди ҳунар, завқи баланди эҷодӣ, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат,  фаро гирифтан ба таҳсил,  нигоҳубин ва ғамхории пайвастаи кӯдакони ятим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, пайваста дар амал тадбиқ мегарданд.

Мисоли ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми даҳ соли охир бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат кӯдакистонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба истифода дода шуданд, ки мунтазам фаъолият доранд.

Тавре Пешвои миллат зимни яке аз суханрониҳои худ зикр намуданд: «Мо кӯшиш мекунем, ки наслҳои навраси мо хуб таҳсил намоянд, соҳиби касбу ҳунарҳои мутобиқ ба талаботи замона гардида, рушди ояндаи давлату миллати худро таъмин карда тавонанд».

Дар баробари ин Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохти кумакпулӣ  ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд» яке аз тадбирҳои дигари муҳими роҳандозинамудаи давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ин қишри ҷомеа мебошад, ки 2 майи соли 2007 қабул гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани раванди таълиму тарбияи кӯдакон, таҳкими робита миёни ҷомеа, муассисаи таълимӣ ва падару модарон, ҳимояи кӯдакон аз ҳама гуна зӯроварии хонаводагӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» қабул гардида, баҳри татбиқи онҳо тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Тибқи маълумоти воситаҳои ахбори омма, дар ҷаҳон зиёда аз 50 миллион кӯдакон имкони таҳсил кардан надоранд.

«Таҳсилоти томактабӣ ба ояндаи кӯдак нақши муҳим мебозад. Бо назардошти ин рушди таҳсилоти то мактаби миёнаи умумӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон самти афзалиятноки фаъолият қарор  дода шудааст»,- зикр намуд сардори раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон Қутбиддин Муҳиддинзода.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, бо назардошти он, ки соҳа самти муҳим ва афзалиятнок  мебошад, дар Вазорати маориф ва илми Ҷумуҳирии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд. «Аз ҷумла, барои фарогирӣ ба зинаи таҳсилотии томактабӣ тадбрҳои таъхирнопазир андешида шудаанд»,- илова намуд Қутбиддин Муҳиддинзода.

Мавриди зикр аст, ки тибқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 ва Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикстон барои то соли 2020 бояд фарогирии кӯдакон ба зинаи таҳсилоти то мактабӣ ба  30 фоиз расонида шавад.

Ба иттилои сардори раёсати таҳсилоти томактабии миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар ҷумҳурӣ 615 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 93 ҳазор кӯдак  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ғайр аз ин, имрӯз дар ҷумҳурӣ 92 муассисаи томактабии хусусӣ амал мекунанд.

Дар мамлакат Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ қабул гардидааст, ки ҳадаф аз қабули он ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ буда, тавассути он фарогирии кӯдакон ба зинаи томактабӣ зиёд карда мешавад.

«Фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусӣ дар як радиф гузошта шадааст ва аз он имтиёзҳое, ки муассисаҳои томактабии давлатӣ бархурдоранд, чунин муассисаҳои хусусӣ низ баҳраманд мегарданд»,- зикр кард  Қутбиддин Муҳиддинзода.

Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои асосии низоми маориф буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои рушди бемайлони он таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Хулоса Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои рӯ ба рушди ҷомеаи муосир буда, дар он ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак аҳамияти махсус зоҳир карда мешавад. Зеро тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: «Кӯдакон гулҳои зиндагии мо мебошанд».

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Ноябрь 20, 2018 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд