МУБОРАК БОД! «Miss International Ufa» бонуе аз Тоҷикистон гардид

Ноябрь 28, 2018 14:47

ДУШАНБЕ, 28.11.2018./АМИТ «Ховар»/. Дорандаи шоҳҷоиза ва тоҷи ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии зебоии қавмӣ ва маҳорат-  «Miss International Ufa», ки даври хотимавии он 27 ноябр дар саҳнаи Конгресс-холл дар Уфа  баргузор  шуд, Раъно Умурзоқова аз  Тоҷикистон гардид.  Дар ин бора  хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон  хабар медиҳад.

Дар даври ниҳоии озмун ҳамагӣ 12 духтар аз миллатҳои гуногун иштирок намуданд.

Зебосанамҳо бо либосҳои миллӣ ва куртаҳои замонавӣ ба саҳна баромада, худро дар озмуни зеҳнӣ нишон доданд.

Бонуи аввал духтари гурҷӣ Карина Ахвледиани гардид. Унвони бонуи дуюм ба зодаи ноҳияи Баймоқ, духтари бошқирд  Наркис Аралбоева дода шуд. Дигар иштирокчиёни озмун низ аз ҷониби доварон дар номинатсияҳои гуногун бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Зикр гардид, ки ташкилкунандагони озмун беш аз 60 аризаро аз намояндагони 20 қавму миллате, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, қабул карданд.

Озмуни байниқавмии зебоӣ ва маҳорати «MISS INTERNATIONAL UFA» бори аввал баргузор гардида, намояндагони давлатҳо ва мардумони гуногуни Россияро ба ҳам овард. Миёни ғолибон- духтарон аз  Тоҷикистон, Адигей, Миср, Гурҷистон, Қазоқистон, Нигерия, инчунин намояндагони удмуртҳо, чувашҳо, бошқирдҳо, тоторҳо, русҳо буданд. Духтарон-иштирокчиёни озмун дар бораи худ  бо забони модариашон нақл карданд, сурудҳои халқӣ хонда,  рақсҳои миллии худро намоиш доданд. Ба ҷуз ин ба саволҳо  дар бораи таърих ва фарҳанги Бошқирдистон ҷавоб гуфтанд. Пеш аз оғози озмун онҳо ба муддати як ҳафта дар меҳмонхонаи «Uraltau» пурра ба даври ниҳоӣ омодагӣ дида, ҳамзамон бо хореографҳо, раққосон ва мусиқичиён машқ карданд.

Ҳар як иштирокчӣ миллати худро бо сари баланд нишон дод. Ташаббускорони озмун боварӣ доранд, ки он ҳамасола гузаронида мешавад.

Озмун аз ҷониби Хонаи дӯстии халқҳо ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Бошқирдистон, инчунин бо сармоягузории гранти Хазинаи   Агентии федералии кор бо ҷавонон, ки муаллифи лоиҳа Земфира Рашидова тобистони имсол дар форуми «Таврид» ғолиби он гардида буд, баргузор шуд. Ба гуфтаи ӯ, озмуни мазкур яке аз рӯйдодҳои асосӣ дар ҳаёти ӯ гардид.

Ноябрь 28, 2018 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид