Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки ба масъалаи таъмини деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ диққати ҷиддӣ дода шавад

Декабрь 26, 2018 12:05

ДУШАНБЕ, 26.12.2018. /АМИТ «Ховар»/. Сарчашмаи бисёр бемориҳо ба об вобастагӣ дорад. Бинобар бартараф намудани ин мушкилот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Парлумони мамлакат изҳор намуданд, ки бо вуҷуди он ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об мебошад, таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ беҳбудии ҷиддӣ талаб менамояд.

Сарвари давлат иброз доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони рушд татбиқи 17 лоиҳаи давлатии сармоягузориро дар сатҳи обтаъминкунии аҳолӣ дар ҳаҷми 2,4 миллиард сомонӣ оғоз намуд, ки то имрӯз 50 фоизи он амалӣ гардидааст.

Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар самти кишоварзию обёрии мамлакат 35 лоиҳа ба маблағи умумии 5,4 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодаанд. Вале тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, зиёда аз 80 фоизи маблағ барои рушди шабакаҳои обрасонӣ ба маркази шаҳру ноҳияҳо равона мегардад.

Бинобар ин Президенти мамлакат дастур доданд, ки барои ҳалли ин масъала дар деҳот зарур аст ба он таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад. Зеро беш аз 73 фоизи аҳолӣ дар он ҷо зиндагӣ мекунанд.

Декабрь 26, 2018 12:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ