«ТОҶИКИСТОНРО БА САРЗАМИНИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Имрӯз дар мавзеи таърихии Вашгирд маъракаи тозакории мавзеъҳои сайёҳгузар доир гардид

Декабрь 15, 2018 14:39

ДУШАНБЕ, 15.12.2018 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар заминаи Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мавзеи қадимаи Вашгирди ноҳия шанбенгӣ ташкил гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳадафи аслии чорабинӣ беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ дар кишвар мебошад.

Қобили тазаккур аст, ки сайёҳӣ дар ноҳияи Файзобод яке аз соҳаҳои афзалиятнок дар ояндаи наздик маҳсуб меёбад. Мавқеи ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, табиати дилпазир ва мавҷудияти ёдгориҳои зиёди таърихӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ мусоид мебошад. Ноҳияи Файзобод дорои 4 меҳмонхона, 3 тарабхона, 10 ошхона, маконҳои муқаддаси зиёратӣ, иншооти табиии табобатӣ буда, як гўшаи ободу зебо, файзбори ҷумҳурӣ аст.

Дар ноҳия ҷойгиршавии Вашгирди бостонӣ, яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ маҳсуб меёфт ва аз ҳудуди он гузаштани Шоҳроҳи Абрешим аз рушди тиҷорати бузург дар он далолат медиҳад.  Осорхонаи  ноҳия, ки дар он бозёфтҳои таърихӣ аз асрҳои V-VI мелодӣ нигоҳдорӣ карда мешаванд, барои ҷалби сайёҳону меҳмонон хеле мувофиқ мебошад.

Декабрь 15, 2018 14:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад