М. Сатториён, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд: «Мубориза бо терроризму экстремизм танҳо кори мақомоти қудратӣ набуда, аз ҳар фарди худогоҳу хештаншинос масъулияти ҷиддӣ тақозо мекунад»

Январь 14, 2019 12:20

ХУҶАНД, 14.01.2019. /АМИТ «Ховар»/.   Имрӯзҳо сокинони вилояти Суғд дар қатори мардуми манотиқи дигари мамлакат Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандориву соҳибистиқлолӣ қабул намуда, онро чун барномаи мушаххаси рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва рафъи камбудиҳои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ арзёбӣ менамоянд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Матлубахон САТТОРИЁН оид ба бардошти  худ аз Паёми Сарвари давлат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА андешаҳояшро чунин баён дошт:

 

— Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабр ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, роҳнамо ва дастури муфид барои таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва заминаи воқеӣ барои шукуфоии диёр ва фароҳам кардани зиндагии шоистаи мардум мебошад.

Тавре Пешвои миллат дар ибтидои Паём таъкид карданд, соли 2018 дар таърихи навини кишвар таҳаввулоти азим ба миён овард. Дақиқтар гӯем, сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ва меҳнати софдилонаи мардуми шарафманди тоҷик буд, ки дар ин сол ба дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯзи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтани ташаббуси навбатии Тоҷикистон дар мавриди «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баёни нуфузу эътибори оламгири Тоҷикистони соҳибистиқлол ва Пешвои дурандеши он мебошад.

Соли гузашта муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба таҳаввулоти тоза рӯ ба рӯ гардиданд, ки мардуми дӯсту бародари тоҷику ӯзбек солҳо ташнаи чунин рухдод буданд.

Воқеаи аз ҳама таърихиву хотирмони соли 2018 фаъол гардидани нахустин чархаи НБО “Роғун” мебошад, ки орзуву ормони даҳсолаҳои миллати тоҷик ба шумор мерафт. Пешвои миллат бамаврид таъкид намуданд, ки ифтитоҳи нахустчархаи ин иншоти тақдирсози миллат “…ибтидои гардиши куллӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва як қадами устувору бузурги кишвари мо дар самти расидан ба ҳадафи якуми стратегии миллӣ — истиқлолияти энергетикӣ ба ҳисоб меравад”. Ба гуфтаи Президенти мамлакат, ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафи якуми стратегии ҷумҳурӣ давоми даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар дар ҳаҷми 1520 мегаватт зиёд гардида, зиёда аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ба истифода дода шуданд. Чунин тадбирҳо имкон доданд, ки яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмин шуда, ҳадафҳои дигари стратегӣ роҳандозӣ гарданд.

Инҷо ба маврид аст аз татбиқи бомароми дигар аҳдофи стратегии мамлакат низ ёдовар шавем, ки яке аз онҳо баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Тавре дар Паём зикр шуд, фақат соли сипаришудаи 2018 сохтмону таҷдиди қариб 200 километр роҳи дохиливу байналмилалӣ ва 45 пул ба анҷом расонида шудааст.

Дар ҷодаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки ҳадафи дигари олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, пешрафти соҳаи кишоварзӣ ба вуҷуд омада, аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва буҷети давлат дар давраи соҳибистиқлолӣ беш аз 12 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳамагон огоҳем, ки сатҳи зиндагии мардум имрӯз куллан беҳтар гардида, натиҷаи татбиқи босамари ҳадафи олӣ арзёбӣ мешавад. Дар ин давра зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кори нав таъсис ёфтааст. Даромади пулии аҳолӣ дар муқоиса ба соли гузашта 11 % афзуда, сатҳи камбизоатӣ 29,5 % коҳиш ёфтааст.

Ҳоло Пешвои миллат стратегияи чаҳоруми миллиро эълон намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар мебошад. Дар идомаи ҳамин ҳадаф Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон карда шавад.

Барои расидан ба ин ҳадафҳо фазои солим вуҷуд дорад, Ватанамон тинҷу осуда аст ва ин неъмат худ кафили расидан ба ҳадафҳои олӣ шуда метавонад. Танҳо ҳифзи он масъулияти бузургеро талаб мекунад.

Анъана шудааст, ки ҳамасола дар Паём ба рушду пешрафти ин ё он соҳа афзалият дода мешавад. Соли 2017 дар мамлакат соли ҷавонон эълон гардида, ин қишри созандаи ҷомеа мавриди таваҷҷуҳу дастгириҳои давлату ҳукумат қарор гирифт. Аслан, дастгирии ҷавонон ҳамеша дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Вале азбаски ҷавонон неруи бузург ҳастанд, дар ҳама давру замон аз ин неру душманони миллат истифода карда, онҳоро барои амалӣ гардонидани ҳадафҳои нопоки хеш моил месозанд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҷанги шаҳрвандӣ мебошад, ки бо фирефта намудани тоифае аз ҷавонон неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик ба сари миллат рӯзҳои вазнинро таҳмил карданд. Чунончӣ Пешвои миллат таъкид намуданд: “Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти неруҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Сиёсати оқилонаи Пешвои муаззами миллат буд, ки дар Паёми соли гузашта соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Татбиқи босамари ин ҳадаф дар он зоҳир мешавад, ки назар ба соли 2017 соли 2018 ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба кишварамон дуюним баробар афзудааст. Ба ин восита, имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ ва ҳунару ҳунармандӣ равнақ ёфтанд. Сарвари давлат ба хотири пурра амалӣ гардонидани ҳадафи мазкур солҳои 2019-2021–ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд. Бешубҳа, дар доираи ин ҳадаф рушди сайёҳиву ҳунарҳои мардумӣ ва некӯаҳволии мардуми деҳот таъмин хоҳад гардид.

Сарвари давлат аз раванди созандагии диёрамон изҳори қаноатмандӣ карда, барои ташаббусҳои неку созанда ба кулли мардуми ҷумҳурӣ  миннатдорӣ баён намуданд. Ва яке аз муассиртарин  нукта дар Паём чунин буд: “Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад”.

Чун ҳамеша дар Паёми навбатӣ низ илм ва махсусан баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ва сифати дониши ҷавонону наврасон ҷойгоҳи хос дошт. Пешвои миллат зикр намуданд, ки ба рушди соҳаи илму маориф эътибори аввалиндараҷа зоҳир гашта, мушкилиҳои мавҷуда марҳила ба марҳила ҳалли худро ёфта истодаанд. Давоми соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 151 муассисаи таҳсилоти умумӣ, ки фарогири зиёда аз 73 000 ҷои нишаст мебошанд, далели гуфтаҳои болост.

Дар ин замина яке аз тадбирҳои муҳиму саривақтӣ таъсис ёфтани Маркази миллии тестӣ мебошад. Ин тадбир имкон дод, ки зимни  қабули довталабон ба муассисаҳои таълимии олӣ шаффофият таъмин шуда, ҳазорҳо нафар ҷавонон номи пуршарафи донишҷӯро соҳиб гарданд.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз раванди забономӯзӣ нигаронӣ намуданд. Ва зарур шумориданд, ки барои бо ҷомеаи пешрафтаи башар ҳамқадам будан ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир кунем.

Туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар ҷомеа хеле баланд гашт. Тавре дар Паём таъкид гардид: “Мо минбаъд низ мақоми занонро дар ҷомеа баланд бардошта, мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоем. Дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида, барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуданд”. Ин эътимод ва имконият мо, бонувонро вазифадор месозад, ки дар пешрафти диёри хеш беш аз пеш саҳм гузорем.

Пешвои миллат ҳамеша ба неруи ҷавонон эътимод карда, ин қишрро ояндаи миллат унвон мекунанд. Танҳо ҷавонони солимфикру босавод метавонанд ояндаи дурахшони миллати худро фароҳам созанд. Ва дар ташаккули насли ҷавон бонувон ва модарони азиз нақши муҳим доранд. Бонувони дурбину некандеши мо дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро саъю талоши бештар ба харҷ медиҳанд.

Хусусан решакан намудани зуҳуроти номатлуб- терроризм ва экстремизм, ки хатари рақами аввали ҷомеаи ҷаҳонист, аз масъулияти модарон вобастагии зич дорад. Модари тоҷик барои миллат садҳо фарзонафарзанд офаридааст. Пойбанди ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидани ҷигарбанди ӯ номус аст. Ин аст, ки Сарвари давлат бо боварӣ ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа нақши онҳоро дар таълиму тарбияи фарзанд муҳим донистанд.

Афзоиши хатарҳои терроризм ва экстремизм сабаби ташвиши ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз таҳдидҳои ин зуҳуроти номатлуби аср Тоҷикистон низ истисно нест. Ва мубориза бо ин зуҳурот фақат кори мақомоти қудратӣ ҳисоб нашуда, аз ҳар фарди худогоҳу хештаншинос масъулияти ҷиддӣ тақозо мекунад. Яке аз роҳҳои асосии мубориза бо терроризм ва экстремизм баланд бардоштани маърифату дониши мардум, хусусан ҷавонон мебошад. Барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб дар Паём дастурҳои мушаххас пешниҳод шудаанд, ки бояд сармашқи фаъолияти мо бошанд.

Имрӯз барои мо таҳким бахшидани Истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи ваҳдату ягонагӣ масъалаи аввалиндараҷа ҳисоб меёбад. Зеро рушди устувори миллӣ аз ин ду арзиши олии зиндагии мо сарчашма мегирад. Ва ин ҳадафро барномаву ғояҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бар гирифтаанд. Сарварии ин ҳизби сиёсиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дошта, ҳамсафони мо барои ноил шудан ба мақсадҳои олӣ ҳамвора талош мекунанд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, ки бештар аз 130 ҳазор аъзо дорад, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои олии Сарвари давлат ҳиссаи сазовор гузорад.

Соли 2019 ҷиҳати татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи мушаххас таҳия ва тадбирҳои ҳадафрас амалӣ карда мешаванд. Зеро ин дастури муфид роҳнамо ба зиндагии шоиста буда, аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бархурдор аст.

Январь 14, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Пешвои миллат: «Боиси ифтихор аст, ки Наврӯз – калимаи асили тоҷикӣ, яъне «рӯзи нав» ҳоло барои миллионҳо аҳолии сайёра ҳамчун рӯзи ҷашни фархунда вирди забон аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз аз ҷумлаи бузургтарин ва маҳбубтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад»
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
Президенти Тоҷикистон: «Бо назардошти шароити замона анъанаи неки гузаштагон – сарфаю сариштакориро бояд риоя намоем»
Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»
Президенти Тоҷикистон: «Мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо озуқаворӣ моро водор менамояд, ки ҳар қитъа заминро оқилонаву самаранок истифода барем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ойинҳои наврӯзӣ аҳли башарро ба таҳаммулгароӣ, бунёдкориву созандагӣ ҳидоят менамоянд»
Пешвои миллат: «Дар шароити кунунӣ зарур аст, ки ба кишти такрорӣ, гирифтани се – чор ҳосил аз заминҳои обӣ эътибори аввалиндараҷа дода шавад»
Наврӯз дар баробари забони тоҷикӣ бунёди худшиносии тоҷиконро низ ташаккул додааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Мақому ҷойгоҳи Наврӯз он қадар баланд буд, ки ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад»