РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОН – ДАР НОВОСИБИРСК! Дар яке аз шаҳрҳои сернуфустарини Россия намоиши расму оинҳои миллӣ баргузор гардид

Январь 18, 2019 16:50

ДУШАНБЕ, 18.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар партави Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, ҳунарҳои мардумӣ ва сайёҳӣ дар толори васеи Донишгоҳи Давлатии Сибир дар шаҳри Новосибирск  намоиши расму  оинҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид, ки дар он осори таърихии мардуми тоҷик, расму мусаввараҳои  инъикосгари табиати нотакрору зебо, канданиҳои фоиданок, санъати кулолгарӣ, таббохӣ, кашидадӯзию чакандӯзӣ манзури тамошобинони сершумори минтақаи Сибир гардонида шуд.

Намоиши мазкур бо ибтикори консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин, намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск   Шералӣ Нуриддин ва ҷамъияти тоҷикон бо номи «Сомониён», ки ба он Минҳоҷиддин Каримов, Хоҷаназар Абдуллоев ва Бегназар Абдуллоев сарварӣ мекунанд, баргузор шуда, дар он доираи васеи донишҷӯён ва намояндагони ҲХДТ, ки бо сафари корӣ дар минтақаи Сибир қарор доранд, иштирок намуданд.

Тамошобинони сершумор аз ширкатҳои сайёҳии Новосибирск, устодони донишгоҳҳои Сибир, донишҷӯён ва дигар одамони касбу кори гуногун ба намоишгоҳ омада, аз дидани он ғизои маънавӣ гирифтанд ва ба  фарҳангу таърихию бои мардуми тоҷик баҳои баланд доданд.

Бояд зикр кард, ки баргузории чунин намоишҳои фарҳангӣ дар ҷалби сайёҳон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва шиносонидани тоҷикон  чун миллати соҳибтамаддун нақши муҳим дорад.

 Садбарги БОҚӢ,
хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар»,
Новосибирск, ФР,

Январь 18, 2019 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд
БАРОИ ҶАЛБИ БЕШТАРИ ҶАҲОНГАРДОН ЧӢ БОЯД КАРД? Дар Душанбе оид ба беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳон ҳамоиш доир шуд
Хатсайри Душанбе — Остона ба фаъолият оғоз намуд
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
«НАВРӮЗ — МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Табиати зебои Тоҷикистон дили меҳмонони хориҷиро тасхир намуд
Ба шарафи Наврӯзи бостонӣ дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ доир шуд