Бахшида ба 1040-солагии Абӯалӣ ибни Сино китоби «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда» рӯйи нашр омад

Март 12, 2019 16:14

ДУШАНБЕ, 12.03.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба 1040-солагии зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино нашри китоби шашуми тоҷикии  «Бӯалӣ ва гиёҳдармонии амрози санги гурда» бо тағйиру иловаҳо ба нашр расид. 

Муаллифони китоб духтури дорушинос, доктори илмҳои тиб, профессор, академики  Академияи байналмилалии  муҳандисӣ  Юсуф Нуралиев  ва пизишки амалӣ, номзади илмҳои тиб, Корманди шоистаи  Тоҷикистон, Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Саидҷон Нодирӣ дар ин китоб таҷрибаҳои табиби бузург Абӯалӣ ибни Синоро гирд овардаанд.

Муллифон 11 адад нусхаи мураккаб ва беш аз 100 нусхаи содаи   Абӯалӣ ибни Синоро, ки барои ҷилавгирӣ ва табобати бемориҳо, қабл аз ҳама,  амрози гурдаву санги  масона пешбинӣ шудаанд, шарҳ медиҳанд. Рисола ҳамчунин тавсияҳои Абӯалӣ ибни Синоро роҷеъ ба парҳез ва ҷилавгирӣ аз пайдоиши санги гурда ва дигар бемориҳои гурда дар бар мегирад. Тақрибан теъдоди 40 номгӯй гиёҳҳои шифобахш аз хазинаи Абӯалӣ ибни Сино аз мавқеи тибби муосир тафсир гардида, нусхаҳои  гиёҳдармонӣ  барои табобати бемориҳои мухталиф оварда шудаанд.

Тавре дар суҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Саидҷон Нодирӣ иброз намуд, тамоми нусхаҳо аз диди комёбиҳои гиёҳдармонии муосир тавзеҳ гардида, тарзи таҳия ва меъёри истеъмоли доруҳо  пурра  баён карда шудааст, то худи беморон дар шароити хона доруи заруриро омода карда, истифода намоянд. Рисола барои пизишкон, мутахассисон, донишҷӯёни донишгоҳҳои  тиббӣ ва оммаи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

«Мо дар  китоб фақат  гулу гиёҳ ва доруҳоеро, ки Абӯалӣ ибни Сино ба шакли хеле кӯтоҳ ва фишурда дар «Ал-Қонун»  ва дигар асарҳои тиббиаш барои пешгирӣ ва табобати санги гурда  тавсия кардааст, тибқи талабот  ва таҷрибаи тибби муосир ба тарзи васеъ ва оммафаҳм дастраси хонандагон  намудем»,- зикр намуд С.Нодирӣ.

Бояд гуфт, ки Саидҷон Нодирӣ аз айёми  наврасӣ то имрӯз пайваста осори илмиву  адабии Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро меомӯзад ва яке аз муҳаққиқони  барҷастаи осори  оламшумули ӯст.

Саидҷон Нодирӣ муаллифи 25 китоб ва 300 мақолаи илмиву оммавӣ буда, ба муолиҷаи  гипнозӣ, сӯзанзанӣ, гиёҳдармонӣ ва мануалӣ шуғл дорад. Бори аввал  дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷарроҳии мураккабро таҳти гипноз  анҷом додааст. Бемориҳои  асабу дил ва дигар бемориҳои силу диққи нафас, бемориҳои санги гурда, инчунин бемориҳои дигарро, ки табобати онҳо бо усулҳои  тибби имрӯза  ғайриимкон аст, табобат мекунад.

Мавсуф узви Ҷамъияти психотерапевтҳо  ва Ҷамъияти экстрасенсҳои  ИДМ, ҳамчунин аъзои Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 12, 2019 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар шаҳри Гулистон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд