Барқияҳои табрикӣ аз номи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Март 23, 2019 14:11
ДУШАНБЕ, 23.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 марти соли 2019, ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Дар номаи табрикотии Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи масрур ва фархунда орзу менамоям. Дар ин иди пуршукуҳ, аксарият дар Амрико ва атрофи ҷаҳон якҷоя эҳё ва азнавшавии табиатро ҷашн мегиранд.

Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкилиҳо ҳамкорӣ менамоянд. Ман хурсандам, ки миллатҳои мо дар мубориза бар зидди терроризм, ки ба беҳбудии Тоҷикон, Америкоиҳо ва ҳамаи мардуми олам хатар эҷод менамояд, шарикони наздик мебошанд.

Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ман қаноатмандам, ки тиҷорати америкоӣ имкониятҳои нави ҳамбастагӣ бо Тоҷикистонро ҷустуҷу дорад. Наврӯз муборак!»

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ

Сипоси бепоёни маро ҷиҳати табрикоти самимиятон ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай қабул намоед.

Наврӯз мавқеи хубест барои тараннуми ҳаёт ва таҷлили зиндагӣ ва эҳсоси азнавсозиву эҳёи табиат, ки аз омад-омади баҳор дарак медиҳад.

Ба муносибати ин рӯзи Саид ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ ва хушбахтӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешравиву шукуфоии доимиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медонам».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.

Март 23, 2019 14:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон