Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» ҷамъбаст гардид

Апрель 9, 2019 16:45

ДУШАНБЕ, 9.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Фестивали анъанавии ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» таҳти унвони «Кашшофи падидаҳои наврас» ҷамъбаст гардид.

Тавре сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ — фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ғуломзода ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар маросими ҷамъбасти фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Хайриддин Идиев, аҳли илму адаб ва намояндагони Воситаҳои  ахбори омма иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги ҷумҳурӣ иброз намуд, ки пешрафту тарақиёти ҳар як кишвар аз насли ҷавону бомаърифати ӯ вобастагӣ дорад.  Аз ин рӯ ҳукумати кишвар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус равона кардааст.

«Китобхона хазинаи бузурги фарҳангу маънавиёт ва китоб  ганҷинаи бебаҳо дар зиндагии инсонҳост. Дўсти беғаразу раҳнамо дар ҳама лаҳзаҳову давраҳои ҳаёт, шиноснома ва муаррифи халқу миллатҳо дар арсаи олам аст. Мардуми дунё маҳз ба шарофати китоб, осори гаронбаҳояшон, дар байни дигар қавму миллатҳо шуҳрату маҳбубият пайдо мекунанд»,- зикр намуд Шамсиддин Орумбекзода.

Дар ин фестивал ҳамарӯза намоиши китобҳои тозанашр, вохӯриҳо бо адибон, маҳфилҳои гуногуни адабӣ ва ҳунарӣ, барномаҳои ҷолиби консертӣ, ташкили Озмуни расмҳо аз рўи асарҳои кўдакона «Китобчаи дўстдоштаи ман», Озмуни хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО, сабқатҳои «Фурўхташавандатарин китоб», «Фаъолтарин хонандаи ҷавон», «Машҳуртарин нависандаи кўдакон», Озмуни ровиёни ҷавон баргузор гардиданд.

Зимни ҷамъбаст дар бахши «Фаъолтарин хонанда» ҷойи якум насиби  хонандаи синфи 2-и Мактаб-гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати ш. Душанбе Фархунда Авғонова гардида, ҷойи дуюм ба хонандаи  МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ  Достон Иксанов  ва ҷойи сеюм ба хонандаи синфи 6 МТМУ №6 ш.Бохтар Достони Рустам сазовор дониста шуд.

Инчунин дар бахши хабарнигорон барои беҳтарин инъикоси таҷрибаи  коллективҳои меҳнатӣ оид ба тарғиби китоб ва рушди хониш дар ВАО ҷойи якумро- хонандаи синфи 5 МТМУ №6-и ш. Хуҷанд Санъатхон Мирзоева, ҷойи дуюм –хонандаи синфи 8 МТМУ №11-и н.И.Сомонӣ Садафмо Азимова ва ҷойи сеюмро- хонандаи синфи 7 МТМУ №14-и н.Шаҳринав Амирҳамза Абдуллоев сазовор гардиданд.

Дар бахши Озмуни ровиёни ҷавон ҷойи аввалро хонандаи МТМУ №1-и н.Файзобод Шодмеҳр Давлатзода, ҷойи дуюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №5 ш.Кўлоб Саодати Бахтиёр ва ҷойи сеюмро хонандаи синфи 10 МТМУ №1-н.Лахш Шабнам Қосимова мушарраф гардиданд.

Апрель 9, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон баргузор мегарданд
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус