«ОШЁНИ БУЛБУЛОН». Ва ё даҳ соли хотираҳои нек ба муносибати 89-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Радиои Тоҷикистон

Апрель 10, 2019 10:13

ДУШАНБЕ, 10.04.2019./АМИТ «Ховар». 10 апрели соли 1930 бори аввал дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, радио таъсис шуд.  Он рӯз  аз Хонаи деҳқон, макони  собиқи  театри давлатии русии ба номи Маяковский  нахустин бор радиои Тоҷикистон бо хитобаи «Диққат! Диққат! Диққат! Инҷо Сталинобод!» гуфторҳои худро оғоз кардааст.

Баъдан, соли 1949 фаъолияти радиошунавонии хориҷии Радиои Тоҷикистон, маъруф ба идораи бурунмарзӣ роҳандозӣ шудааст. Соли 1992 дар ҳайати Радиои Тоҷикистон идораи барномаҳои «Фурӯғи ориёно» таъсис дода шуд. Соли 1999 дар ҳайати  Радиои Тоҷикистон шабакаи  радиоии «Садои Душанбе» ба сифати шабакаи сартосарии иттилоотию фароғатӣ  ба фаъолият шуруъ намуд. Баъдан дар соли 2007 дар заминаи якҷоя кардани бахши барномаҳои бурунмарзӣ бо идораи «Фурӯғи Ориёно» шабакаи радиои «Овози тоҷик» фаъол шуд.

Ҳоло Радиои Тоҷикистон бо барномаҳои худ ва бо фаро гирифтани шабакаҳои «Садои Душанбе», «Овози тоҷик» ва «Фарҳанг» дар як шабонарӯз бо 7 забон 96 соат барнома пахш менамояд.

Соли 1990 бахшида ба 60-солагии Радиои Тоҷикистон маҷмӯам лавҳаю очерк, мусоҳибаҳо ва хораҳои кормандони ин махзани сухан ва маърифат ба табъ расид, ки он «Ошёни булбулон» ном дорад. 

Дар зер хотираҳои собиқ муҳаррири Радиои Тоҷикистон, ҳоло директори КВД «Радиои FM Ховар»  Саидҷаъфар АШӮРЗОДА  пешниҳоди хонандагон гардонида мешавад.

…Радио. Ин мафҳумро баробари шинохти ақли худ мо, бародарону хоҳарон дар хотир доштем, зеро ҳар субҳ бо садои он чашм во мекардему аз ҳикоятҳои пурмазмуне, ки тариқи барномаи «Гулафшон» шодравон Абдуқодир Маниёзов қироат мекард, ғизои маънавӣ мегирфтем. Ҳамин тариқ солҳо мегузашту меҳру муҳаббати радио дар дилам реша медавонд ва  дӯсти қарину наздикам мегардид. Дигар наметавонистам лаҳзае аз рӯзгори худро бе радио ва барномаҳои ҷолибу шунидании он тасаввур намоям.

Тамоми барномаҳо ва барандаҳои хушсадои онро ғоибона мешинохтаму дар тасвири нигоҳ хаёлан бо онҳо гуфтугӯ менамудам. Аз субҳи содиқ то нимашаб садои меҳрбори радио на танҳо андаруни хонаамон, балки ба ҳангоми фасли гармо рӯи ҳавлӣ танин меандохт.

Замоне, ки дар синфи 7-ум таҳсил мекардам дастгоҳи радиошунавонии хонаамон аз кор бозмонд. Ба хотири шунидани барномаҳои дӯстдоштаам болои бом мебаромадам, то тариқи  радиои ҳамсоя онҳоро шунавам. Ин ҳолат, қариб як ҳафта давом кард. Рӯзи охири ҳафта аз зинапоя афтодаму дастам ҷароҳат бардошт. Модарам шабонгоҳ сари дастурхон назди падарам шарт гузошт, ки ҳатман радиоро таъмир кунанд, вагарна «ин бача кадом рӯзе ба умеди радиошунавияш, ки ҳар лаҳза болои бом мебарояду мефарояд, сахт маҷрӯҳ мешавад». Хушбахтона рӯзи дигар  радио таъмир шуду дубора садояш ҳамнавои орзуҳои дили ман гардид.

Нисбат ба  барномаҳои дигар идораҳо барномаҳои идораи «Ҷавонон ва наврасон» бештар писандам буду онҳоро бо гӯши ҷон  мешунидам.  Солҳо турнасон гузаштанду муҳаббатам нисбат ба радио  на ин, ки коста нагардид, балки як ҷузъи рӯзгори ман шуд. Назди худ мақсад гузоштам, ки ҳатман журналист мешавам. Журналисти Радио! Мактабро хатм намудаму аз ҳолу ҳавои деҳа бори нахуст берун по гузоштам ва ба  Душанбешаҳр омадам, то ин, ки донишҷӯ шавам. Аммо соли аввал бахт ба рӯям нахандид ва  бо чашмони   маҳзун дубора ба деҳа баргаштам. Ҳарчанд бо баҳои аъло мактабро хатм карда будам, лек ба қавле касе дастгиру мададгорам нашуд. Боз ҳам як соли зиндагиям бо радио пушти сар шуд…

Имрӯзҳо меандешам,  чӣ хуб, ки дар ҳамон лаҳзаҳои душвори даврони навҷавониям маҳз ҳамин радио тавонистааст  маро аз гирдоби андешаҳои мағшуш ва  дунёи ноумедиҳо  бадар бурда бошад, вагарна дигар на суханони падару модар таъсир мекарду на бародарону хоҳарон. Хулоса, баъди як соли интизориҳо боз ба шаҳр омадам. Ин навбат тақдири худ ба дасти дигарон ҳавола кардам, то ба кадом факултае, ки набошад дохил шаваму соҳиби номи пурифтихори донишҷӯ гардам. Ҳарчанд хати тақдир маро на ба факултаи журналистика бурд, лек лаҳзае аз дил меҳри журналисти радио шуданро дур накардам. Шомили факултаи дигари Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шудаму бо шуру шавқ таҳсилро оғоз кардам. Ҳарчанд мувафақиятам дар факулта рӯз ба рӯз бештар мегардид, аммо дар кунҷи дил меҳри дигар касб чун шӯълаяке ҳамоно фурӯзон буду новобаста ба бераҳмиҳои тақдир забона мезад.

Охирҳои моҳи майи соли 2002-юм. Дар арафаи ҷамъбасти сесияи тобистона қарор доштем, то курси дуюмро баъди супоридани имтиҳонот хатм намоем. Баъди супоридани имтиҳоноти  аввал аз Донишгоҳ берун баромадаму аз телефони  сари роҳ (таксафон) ба Идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасони Радиои Тоҷикистон рақам чиндам…  27-77-87 (он солҳо коди 2 вуҷуд надошт).  Аз он ҷониб садои ошноро шунидам. Арз кардм, ки ман мехоҳам дар барномаи «Ҳафтранг» нисбат ба мавзӯъи интихоби дурусти касб бо Шумо ҳамсӯҳбат шавам. Азбаски рӯзи шанбе буд, соҳиби он садо гуфт,   рӯзи душанбе биёед  ҳатман  сӯҳбат хоҳем кард. Мақсад аз рафтан ба радио ва сӯҳбат кардани ман  дар  он буд, ки: «Э кош ҷавонону наврасон дар интихоби дурусти  касб ба хатогӣ роҳ надиҳанд ва тақдири ояндаи худро ба дасти дигарон ҳавола насозанд. Охир касбе, ки дигарон ба онҳо интихоб мекунанд, ҳеҷ гоҳ наметавонад онҳоро мувафақ ба коре намояд. Мисли оне, ки нисбат ба ман чунин сурат гирифтааст».

Директори Радиои «FM Ховар» С. Ашӯрзода (дар қатори дуюм аз рост).

Рӯзи ваъдагӣ  фаро расид. 4-уми июни соли 2002-юм.  Бори нахуст вориди Хонаи Радио шудам. Ҳарчанд борҳо аз наздаш бо дили пурмуҳаббату эҳсоси гуворо гузашта будаму бо чашмони ҳайрону ташнаи дидор  дару девори шишабандшудаашро навозиш карда будам.  Дар аввалин дидору сӯҳбат ӯро аз садояш шинохтам, ӯ Субҳон Ҷалилов буд. Ман ва ҳамсабақамро, ки  ҳамроҳ бо ман омада буд, ба ошёнаи шашум бурданд. Вориди яке аз  утоқҳои кории Идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасон шудем. Чун мақсад маълум буд, Субҳон Ҷалилов ва ҳамкорашон Сайфулло Салимов  дастгоҳи сабти овозро оварданд ва мо бо ҳам сӯҳбат кардем.  Аз нигоҳи худ мушкилоти интихоби дурусти касбро шарҳ додам, гаштаву баргашта таъкид мекардам, ки хатмкунандаҳои мактаб набояд аз рӯи ҳавою ҳавас ва хости дигарон ба донишгоҳҳои олӣ ҳуҷҷат супоранд, балки ба садои дили худ гӯш диҳанд, то дар оянда пушаймон нагарданд. Баъди анҷоми сӯҳбат Субҳон Ҷалилов гуфт, инсон набояд ин қадар дилозурда гардад. Охир журналистика ин санъат аст, истеъдод аст, агар ин ҳама дар ниҳоди шахс бошад, пас танҳо кӯшишу талош боқи мемонаду халос. Агар дар ҳақиқат аз худ бовар доред, пас дар бари мо барои Шумо ҷо пайдо мешавад. Марҳамат мо  ҳамеша интизори ҷавонони лаёқатмандем.

Раҳораҳ ин суханон дар гӯшҳоям садо медоданду боварам намеомад, ки ман дар оянда корманди радио мешавам. Радиое, ки солҳо мунису ҳамроҳам буду садои дилам монанди орзуҳои рангин ҳамсадояш мегашт. Рӯзи дигар омадаму аз имтиҳони ҷиддии   сармуҳаррири онвақтаи Идораи барномаҳо барои ҷавонон ва наврасон Субҳон Ҷалилов ва муовини ӯ Сайфулло Салимов гузаштам. Баъд аз хондани пораи матне дар студия садоямро низ мақбул донистанд.

Акнун  ман будаму дунёи орзуҳое, ки пайваста маро думболагир буданд. Дастгоҳи сабти овоз бар дӯш аз як донишгоҳ ба донишгоҳи дигар, аз як муассиса ба муассисаи дигар, аз як макон ба макони дигар мерафтаму ба суолҳои вобаста ба  мавзӯъот пешноҳоднамуда посух мегирифтам. Дар асоси ин ҳама барнома омода мекардаму қалам рӯи қоғаз бурда, ҳарф ба ҳарф зам карда,  матни онро менавиштам.   Аввалин барномаҳое, ки омода кардам «Ҷаҳони компютер» ва «Варзиш» буданд. 17-уми октябри соли 2002 соати 11:15   бори нахсут барномаам тариқи мавҷи Радиои Тоҷикистон пахш гардид. Ин рӯзи таърихиро наметавонам ҳеҷ гоҳ фаромӯш созам…

Табиист, ки кормандони имрӯзи радио аввал аз донишгоҳ чизе меомӯзанду сипас дар ин даргоҳ дониш ва таҷрибаи худро сайқал медиҳанд. Аммо ман қаблан аз радио  омӯхтаму баъди ба кор омдан низ, зеро таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи дигар ихтисос буд. Бинбар ин, радио барои ман ҳам маҳалли дониш гашту ҳам маҳалли кор ва чизҳое ба ман дод, ки онҳоро аз ҳеҷ ҷои дигар нагирифтам ва гирифта ҳам наметавонистам. Устодону   ҳамкоронро он қадар дӯст доштаму аз онҳо сабақ омӯхтам, ки  аз ҳеҷ устоде то ба ин ҳад шояд наметавонистам дарси одаму одамгарӣ андӯзам.

Чизҳои хотирмон дар радио бароям зиёданд. Дар аввалин рӯзҳои корӣ устодон эрод мегирифтанд, ки бо суръати аз ҳад зиёд дар барномаҳо сухан мекунам ва шояд касе маро дуруст нафаҳмад.  Хеле саросемаам ва дар роҳраву долонҳои радио ҳамеша тез роҳ меравам. Дар ҳама барномаҳои идораи ҷавонӣ ва идораҳои дигар садоям пахш мешавад. Монанди ин дигар эродҳое буданд, ки маро на ин ки дилсард намекарданд, балки водор менамуданд, то бештар талош намояму касби интихобкардаамро сайқал диҳам.

10  соли ҳаётам бо ин даргоҳ, балки дар ин даргоҳ, дар ин мактаби бузурги журналистика пушти сар шуд, ки онро метавонам ба беҳтарин ва хотирмонтарин солҳои зиндагиям баробар донам. 10 соле,  ки дар он гули орзуҳо мешукуфту нияту нақшаҳои нек амалӣ мегардид. 10 соле, ки гулшанкушои рангини муҳаббатҳо буду эҷоди таронаву қиссаҳои ширини рӯзгор. 10 соле, ки роҳ маро ба ин даргоҳи муқаддас меоварду дар тасвири нигоҳ бо шунвандаҳои сершумор рӯ ба рӯ месохт. 10 соле, ки садо аз дил ба дил роҳ дошту тухми меҳр дар қалбҳо мекошт. 10 соле,  ки ҳар лаҳзаву ҳар соаташ, ҳар рӯзу моҳаш китоби розу хотирот аст. 10 соле, ки шумораи дӯстон ба маротиб боло рафту даричаи муҳаббату самият ба рӯям кӯшода гардид.  10  соле, ки ёдҳои нек дар худ маҳфуз дорад.

Хулоса, радио барои ман ҳам мураббию муаллим, ҳам даргоҳи касби донишу таҷриба ва ҳам макони пайдо намудани самимитарин дӯстон буд ва ҳаст. Агар номе ёфтам ва ё ноне ёфтам, аз радио ёфтам ва инро ҳаргиз аз хотирам дур карданӣ нестам.

Аз ин хотир миннатдории бепоёни худро аз устодон дар симои Фирӯза Саидова, Субҳон Ҷалилов, Сайфулло Салимов, Абдуқодири Абдуқаҳҳор, Хайруллоҳи Иброҳим,  коргардонҳо  Асҳоби Юсуф,  Шералии Нағзалӣ, ҳамкорон Моҳираи Аҳмад, Моҳшарифи Холиқ, Мадина Қодирӣ, Фирӯза Шарифова ва ҷамъи ононе, ки дар ислоҳи як ҳарфи хатои ман саҳм гузоштаанд, баён намуда, аҳли эҷодӣ ва техникии Радиои Тоҷикистонро ба ифтихори рӯзи таъсисёбии Радио, ки аввалин расонаи иттилоотӣ баъд аз матбуот ба шумор меравад, муборакбод мегӯям.

Бигузор ин расона ҳамеша маҳбуб ва ҳамсадои дилҳо бошад.

Апрель 10, 2019 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст