26 май-Иди касбии кормандони соҳаи кимиё. Ин соҳа дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ нақши калидӣ дорад

Май 26, 2019 09:17

ДУШАНБЕ, 26.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола якшанбеи охири моҳи май кормандони соҳаи кимиё Иди касбии худро ҷашн мегиранд.  Бахшида ба  ин ид  25 май дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади идона баргузор гардида, роҳбарияти Вазорат аҳли кормандони соҳаи кимиёро табрик намуд. 

Дар табрикоти роҳбарияти ин ниҳод таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тараққиёти хоҷагии мамлакат, бахусус саноати кимиё таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки соҳаи кимиё барои рушди иқтисодиёти Тоҷикистон дар олами муосир афзалияти бештар дошта, дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат якчанд корхонаҳои кимиё бо технологияҳои муосир сохта ба истифода дода шудаанд.

Ин корхонаҳо бо ба роҳ мондани маҳсулоти воридивазкунандаи пластмассӣ дар дохили мамлакат давра ба давра истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти мавриди ниёзи бозори дохилӣ ва беруниро ба роҳ монданд.

Бояд гуфт, ки солҳои пешин қариб ҳамаи маҳсулоти пластмассӣ аз хориҷи кишвар бо нархи гарон ба ҷумҳурӣ ворид карда мешуд. Хушбахтона, бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар дохили мамлакат ба роҳ монда шуда, оғоз аз соли 2000 барқароршавӣ ва афзоиши ҳаҷми ин гуна маҳсулот дар корхонаҳои кимиёвии мамлакат ба таври назаррас ба чашм расиданд.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон, дар миқёси  ҷумҳурӣ якчанд корхонаи хурду миёна ва коргоҳҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти пластмассӣ,  аз ҷумла,   ҶММ «Реал» ва  ҶММ КМ «Стар-пласт» дар  шаҳри  Хуҷанд, (қубурҳои пластмассӣ)  ҶММ КМ «Алфапет», (зарф, дастгирак ва  сарпӯшҳои пластмассӣ) ҶММ «Технологияи полимер» (плёнкаҳои полиэтилинӣ) дар  ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҶСМП «Супер пласт плюс» ва ҶММ «Пластик Ваҳдат» (қубурҳои пластмассӣ) дар шаҳри Ваҳдат, ҶММ «Суғд пак» (борхалтаҳои полипропиленӣ) шаҳри Бӯстон, ҶММ «Садаф Пласт» (қуттиҳои нигоҳдории воситаҳои барқӣ) шаҳри Хуҷанд ва «Барх» (варақаи пенополистиролӣ)   ноҳияи Ҳисор  дар соли 2012 ҶДММ «Равзана пластик» (профилҳои пластикӣ) шаҳри Хуҷанд, ҶДММ «Нурпласт» (профилҳои барои истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ) шаҳри Душанбе,  ҶДММ «Шоҳин» (сатил ва тағора) ва ҶДММ «Тоҷпласт» (кубурҳои пластикӣ)   шаҳри Душанбе ва  коргоҳҳо дар заминаи КВД «Нури Ховар» (қубурҳои полиэтиленӣ) дар шаҳри Табошар ва ҶДММ «Ромсар» (қубур ва профилҳои пластикӣ)   дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд.

Маҳсулоти пластмассӣ дар иншооти обрасонӣ, коммуналӣ, биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, хоҷагии қишлоқ, корхонаҳои саноатӣ, сохтмон ва рӯзгор васеъ истифода бурда мешаванд.  Ин маҳсулот  назар ба маҳсулоти ҳамноми металлӣ бо вазни нисбатан кам, муҳлати истифодабарии зиёд, хароҷоти паст ҳангоми васлкунӣ, тобоварӣ ба фишори баланд ва ҳарорати паст, инчунин имконияти коркарди дуюмбора ва аз ҷиҳати нарх хеле арзон будан бартарӣ доранд.

Дар корхонаҳои мазкур қубурҳои пластмассии диаметри аз 15 то 630 мм,   плёнкаи полиэтилении бараш 0,5 то 1,5 метр, борхалтаи полипропилении ғунҷоишаш аз 2 кг то 2 тонна, зарфҳо ва сарпӯшҳои полиэтилентрефталатии ғунҷоишаш аз 0,5 то 5 литр, варақаҳои пенополистиролӣ, сатил ва тағораи полиэтиленӣ ва полиамидии ғунҷоишаш то 5-10 литр, қуттиҳои полиэтиленӣ барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ, қуттиҳои пластмассӣ барои нигоҳдории меваю сабзавот, профилҳои пластмассӣ барои истеҳсоли дару тиреза, қуттиҳо барои нигоҳдории воситаҳои барқӣ ва ғайраҳо истеҳсол гардида истодаанд.

Иқтидори лоиҳавии истеҳсолии корхонаҳои мазкур 20 ҳазор тонна қубури полиэтиленӣ ва полипропиленӣ, 8,3 ҳазор тонна сатилу тағораи полиэтилению полиамидӣ, 3 ҳазор тонна профилҳои пластмассӣ, 350 тонна плёнкаи полиэтиленӣ, 10 миллион дона зарфҳо ва сарпӯшҳои полиэтилентрефталатӣ, 7 миллион дона борхалтаи полипропиленӣ, 1,2 миллион дона қуттии полиэтиленӣ  барои нигоҳдории меваю сабзавот, 1 миллион дона қуттиҳои полиэтиленӣ барои нигоҳдории рангҳои сохтмонӣ ва 25 ҳазор м3 варақаи пенополистиролӣ дар як солро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои истеҳсоли профилҳои пластикӣ дар 4 моҳи соли равон ба миқдори 1710 тонна профил истеҳсол намудаанд. Корхонаҳои истеҳсоли қубурҳои пластикӣ дар чор моҳи соли равон дар ҳаҷми 894059,7 метр қубур истеҳсол намудаанд. Корхонаҳои истеҳсоли пенопласт дар  ин давра дар ҳаҷми 14265   метри мураббаъ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ дар чор моҳи соли равон ба миқдори 1824,1 ҳазор дона маҳсулоти ниёзи мардум аз пластмас истеҳсол намудаанд.

Корхонаҳои бузурги соҳаи кимиёвии ҷумҳурӣ- ҶСК «Корхонаи кимиёвӣ», ҶДММ «Колорит технолоҷӣ», ҶДММ КМ «Муосир» ҶСК «Тамохуш» ва  ҶСК «Талко Кемикал» ба шумор мераванд. Корхонаҳои номбурда дар 4 моҳи соли равон ба маблағи 33,8 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки ҶДММ «Талко Кемикал» бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  5 сентябри соли 2016 бо иштироки   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  корхонаҳои комплекии саноати кимиё  ба истеҳсоли маҳсулоти криолит, алюминийи фтордор ва кислотаи сулфат дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мавриди истифода қарор дода шуд.

Корхонаи мазкур бо мақсади истифодаи ашёи хоми ватанӣ барои таъмини эҳтиёҷоти КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик»  пешбинӣ гардидааст. Иқтидори лоиҳавии он  ба истеҳсоли 18 ҳазор тонна фториди алюминий, 12 ҳазор тонна криолит ва 100 ҳазор тонна кислотаи сулфат ва 4000 коагулянт дар як солро ташкил медиҳад.

Дар  давраи соҳибистиқлолии кишвар дар ноҳияи Ёвон корхонаи  комплекси  саноатӣ кимиё  бо технологияи  нав ба тавлиди  маҳсулоти воридивазкунанда ва ба содироткунанда бунёд гардид, ки ба амалӣ гардидани  ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноаткунонуни босуръати мамлакат ҳиссагузор мебошад.

Мавриди зикр аст, ки пешрафти соҳаи саноати кимиё  дар рушди минбаъдаи саноат ва ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок шуморида мешавад. Итминон дорем, ки  аҳли  кормандони корхонаҳо  бо саъю кӯшиши бештар дар рушди  корхона ва иқтисодиёти мамлакат  минбаъд низ саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Май 26, 2019 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад