БОРИ АВВАЛ ДАР ТОҶИКИСТОН! «Ватандӯстӣ ва хусусиятҳои хоси он дар раванди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ»-зери ин унвон диссертатсияи илмии пажӯҳишгари ҷавон ҳимоя гардид

Май 21, 2019 17:37

ДУШАНБЕ, 21.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. 14 майи соли равон дар ҷаласаи Шӯрои  диссертатсионии назди  Институти  фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон диссертатсияи Субҳон Қурбонов барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои сиёсӣ таҳти унвони «Ватандӯстӣ ва хусусиятҳои хосси он дар раванди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ» (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳимоя карда шуд.

Дар диссертатсияи мазкур вобаста ба мафҳуми ватандӯстӣ ва нақши он  дар  ҳаёти  инсон  ва  ҷомеа  ақидаҳои  гуногун  таҳлилу  баррасӣ гардидаанд. Аз ҷумла, асосҳои назариявӣ, омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ  ва  маънавию  идеологии  ватандӯстӣ  муайян  карда  шудаанд.

Тавре муаллиф дар рисолаи худ зикр намудааст, ватандӯстӣ  ҳамчун  падидаи иҷтимоию  сиёсӣ  яке  аз  масъалаҳои  муҳими  илмҳои  сиёсӣ  маҳсуб шуда, дар раванди ташаккулёбии давлатдории миллӣ ва амалияи сиёсӣ ҷойгоҳи  махсусро  ишғол  менамояд.  Масъалаи  ватандӯстию ватанпарастӣ дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии Тоҷикистони соҳибистиқлол низ нақши муассир дорад. Маълум аст, ки ватандӯстӣ ҳамчун падидаи иҷтимоию  сиёсӣ,  пеш  ҳама,  ба  шуури  сиёсии  шаҳрвандони  мамлакат таъсиргузорӣ намуда, ҳамеша ҳамсафари давлату миллат мебошад.

Дар  асоси  омӯзиш  ва  таҳлили  сарчашмаҳои  мавҷуда  масъалаҳои раванди  ташаккулёбии  ватандӯстӣ  ва  дар  рӯҳияи  ватандӯстӣ  тарбия намудани  ҷавонон  дар  шароити  демократикунонии  ҷомеа  дар  мадди аввал гузошта шудаанд.

Диссертатсияи мазкур бо дарназардошти дараҷаи коркарди масъалаи ташаккулёбии  ватандӯстӣ ва бо мақсади муайян намудани  хусусиятҳои  ватандӯстӣ  дар  раванди  ба  даст  овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таҳлили  ҷанбаҳои  таърихию  сиёсии  назарияҳо  ва  консепсияҳои илмӣ, ки дар асоси онҳо мафҳуми ватандӯстӣ, моҳият ва хусусиятҳои он муайян карда мешаванд, баррасии  тамоюлоти  асосии  ташаккулёбии ватандӯстӣ  дар шароити муосир, нишон додани унсурҳои таркибӣ ва мазмуни онҳо, таҳлили  нақши  институтҳои  давлатии  Тоҷикистон  дар  самти тарбияи ватандӯстӣ ва ошкорсозии  роҳҳои  асосӣ  ва  махсусияти  ташаккули  ватандӯстӣ дар  раванди  ба  даст  овардани  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқ карда шудааст.

Навгонии илмии таҳқиқот аз он иборат аст, ки то имрӯз масъалаи ватандӯстӣ дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври алоҳида таҳқиқ нагардидааст  ва  дар  илмҳои  сиёсии  мамлакат  омӯзиши  ин  масъала таҳқиқоти нав мебошад.  Навгонии  илмии  таҳқиқот  инчунин  аз  он иборат аст, ки дар он вобаста ба мафҳуми ватандӯстӣ ва нақши он дар ҳаёти инсон ва ҷомеа ақидаҳои гуногун таҳлилу баррасӣ гардидаанд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, хотираи таърихӣ ва характери миллии тоҷикон дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад ва яке аз махсусиятҳои ин характер ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Аммо таърих гувоҳ аст, ки сатҳи баланди  ватандӯстию  ватанпарастӣ  дар  аксар  маврид  аз  сиёсати пешгирифтаи давлат ва таълиму тарбияи миллӣ вобаста мебошад. Айни замон  дар  раванди  тағйирёбии  ҷаҳони  муосир  масъалаи  тарбияи ватандӯстии ҷавонони тоҷик характери умумимиллӣ бояд дошта бошад, то  ки  дар  татбиқи  сиёсати пешгирифтаи  давлату  Ҳукумат  ва  дар амалишавии  нақшаҳо  ва  стратегияҳои  давлатӣ  ба  натиҷаҳои  дилхоҳ ноил гардем. Вобаста ба ин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ чунин иброз намуда буданд: «Дар чунин шароити ҳассос ва зудтағйирёбандаи сайёра вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу  номуси  миллати  сарбаланди  тоҷик  бояд  аз  таблиғи  бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандӯстӣ ва  таҳкими  ваҳдати  миллӣ  иборат  бошад. Фақат  дар  ҳамин  сурат  ва танҳо  бо  заҳмати шабонарӯзии  содиқонаву  софдилона  мо  метавонем ҳамчун  як неруи  тавоно  тамоми  мушкилоти  мавҷудаи  ҷомеаи худро бартараф  созем,  нақшаву  ниятҳои  неки  худро  ба  хотири  ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии давлати   соҳибистиқлоламон бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоем ва дар  ояндаи  наздик  зиндагии  мардуми  шарафманду сарбаланди Тоҷикистони озодро ба сатҳу сифати шоиста расонем».

Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Тоҷикистон  аз  лаҳзаи  ба  даст  овардани  истиқлолият  масъалаи ташаккули ғояҳои ватандӯстиро дар мадди аввал гузошт. Бо ин мақсад чораҳои мушаххас андешида шуданд. Имрӯз масъалаи ташаккули ғояҳои ватандӯстӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумат ва давлати мустақили Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чунин таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи ватандӯстию ватанпарастӣ бо он алоқаманд аст, ки дар раванди дигаргуншавии ҷомеа ва махсусан дар зери таъсири арзишҳои нави фарҳангию сиёсӣ, муносибат ба ватандӯстӣ ва  тарбияи  ватандӯстӣ  тағйир  меёбад.  Қисми  зиёди  ҷавонон  ва шаҳрвандони  ҷумҳурӣ  дар  зери  таъсири  ҷаҳонишавӣ  ва  фазои  холии идеологӣ дармондаанд. Аз ин рӯ, масъалаи мазкур аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият дар сархати сиёсати давлату Ҳукумат қарор гирифтааст.

Ватандӯстӣ  ба  эҳёи  маънавии  халқ,  ташаккули ҷомеаи  ягонаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад. Аз ин рӯ, ба вуҷуд овардани  муносибатҳои  илман  асоснокгардидаи  консептуалӣ  нисбат ба  ташкили  тарбияи  ватандӯстии  шаҳрвандон,  асосҳои назариявии  он масъалаи мубрам маҳсуб меёбад. Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳам дар илмҳои сиёсӣ  моҳияти  ватандӯстӣ,  хусусиятҳои  он,  зарурият  ва аҳамияти  он барои рушди давлатдории миллӣ ба таври зарурӣ омӯхта нашудаанд.

Муаллиф дар  таҳқиқоти  худ  ба  хулосаҳои  илмии  олимони  машҳури  ватанӣ  ва хориҷӣ  такя  намуда,  асосҳои  консептуалии  масъалаи  ватандӯстиро ташаккул додааст. Таҳлили  як қатор  масъалаҳои  назариявию консептуалӣ  ва  истифодаи  коркардҳои методологӣ  ва  методҳои  таҳқиқотии  илмҳои  сиёсӣ  барои  омӯзиши раванди  ташаккулёбии  ватандӯстӣ  дар  шароити демократикунонии ҷомеа  имконияти  мусоид  фароҳам  овардаанд.  Таҳқиқоти  мазкур имконият  додааст,  ки  дар  бораи  ватандӯстӣ  хулосаҳои  илман асоснокшуда  бароварда  шаванд  ва  масъалаи  тарбияи  ҷавонон  дар рӯҳияи ватандӯстӣ дар шароитҳои объективӣ баҳогузорӣ гардад.

Бинобар  ин, таҳлилҳои  илмӣ, хулоса  ва  тавсияҳое, ки  дар  таҳқиқоти мазкур  анҷом  дода  шудаанд,  метавонанд  дар  фаъолияти  мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳангоми коркард ва татбиқи сиёсати  идеологӣ  ва  миллӣ,  махсусан  ҳангоми  такмили  минбаъдаи раванди  ташаккулёбии  ватандӯстии  аҳолии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шаванд. Инчунин маводи диссертатсия дар раванди таълими як қатор фанҳо, аз ҷумла сиёсатшиноӣ, фалсафа, таърих,  ҳуқуқ  ва  дигар  илмҳои  гуманитарӣ  метавонанд  мавриди истифода қарор гиранд.

Май 21, 2019 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»