ФИДОИИ САҲНА. Имрӯз ҳунарманди нотакрор ва яке аз бозёфтҳои нодири театри тоҷик Ҳошим Гадо зодрӯз дорад

Май 10, 2019 13:31

ДУШАНБЕ, 10.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба зодрӯзи Арбоби ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии СССР, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ ва Ҷоизаи давлатии СССР Ҳошим Гадо 82 сол пур шуд.

Ду сол пеш, дар рӯзи таҷлили 80-солагии худ, Ҳошим Гадо барои хизматҳояш дар рушди санъати театрии тоҷик, офаридани асарҳои барҷаста ва тарбияи кадрҳои соҳа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» қадршиносӣ гардида буд. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии ин унвони баландро ба ӯ 10 майи соли 2017 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд.

10 майи соли 2017. Душанбе, Қасри миллат. Президенти ҶТ ба Ҳошим Гадо мукофоти давлатӣ месупоранд.

Ҳошим Гадоев 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 Донишкадаи санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Москва (ГИТИС)-ро хатм намуда, аз соли 1962 дар  Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  ба ҳайси актёр ва коргардон фаъолият мекунад. Дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пешкини шаҳри Хуҷанд ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковскии шаҳри Душанбе низ нақш бозидааст. Умуман шумори  тимсоли  дар саҳнаи театри тоҷик бозидааш аз 150 адад бештар аст.

Аз соли 1963 дар кино низ  ҳунарнамоӣ мекунад, дар филмҳои киностудияҳои «Тоҷикфилм», «Ӯзбекфилм», «Озарбойҷонфилм», «Беларусфилм» зиёда  аз 10 нақш  офаридааст. Аз соли 1972 узви Иттифоқи кинематографистони СССР мебошад.

Соли 1973 барои офаридани образи Сӯҳроб дар филми «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ шарафёб шудааст. Соли 1979 ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.

Соли 1987 барои офаридани нақши асосӣ дар спектакли «Эдип»-и Софокл дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадо сазоври Ҷоизаи давлатии СССР гардид. Баъди як сол ба ӯ унвони ифтихории Ҳунапешаи халқии СССР дода шуд.

ДАР АКС: Ҳошим Гадо баъди ба ӯ супоридани Ҷоизаи давлатии СССР, 25 декабри соли 1987, шаҳри Москва.

Маҳорату  заҳмати ҳунарманди мумтоз инчунин бо ҷоизаи «Анаҳито» (соли 1995) ва ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ қадрдонӣ шудааст.

Ҳошим Гадоев солҳои охир ба кори омӯзгорӣ низ машғул аст, соли 1996 дотсент ва баъдтар профессори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин  гардидааст.

***

Ҳамин минвол Ҳошим Гадоев зиёда аз 55 сол аст, ки дар рушду нуми санъати тоҷик бо офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино саҳм гузошта, на танҳо маҳбуби мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст.

Сараввал ӯ  асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди умедбахш будани худро собит месозад. Дар «Интихоби домод», «Иҷоранишин» ва дигар  спектаклҳо  ҳунараш сайқал  ёфта, ӯро ба фатҳи қуллаҳои балан раҳнамун месозад. Офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш»-и Гогол,  нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет»-и Шекспир, «Эдип»-и Софокл,  нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек»  ва  дигар нақшҳои хотирмон   собит намуданд, ки Ҳошим Гадоев ҳунарманди нотакрор аст.

Ҳошим Гадо барои офариниши нақши Сӯҳроб дар театр дар адабиёти форсӣ, меъморӣ, пайкарнигорӣ, таъриху фарҳанги асри Фирдавсӣ, тангашиносӣ ва тарроҳии пӯшок пажӯҳиш бурд ва варзишу бадансозӣ карду тану дасту бозуяшро обутоб дод. Ин ҳама сахткӯшии вай натиҷаи бисёр хуб ба бор овард – мунаққидон ин намоиш ва бозии ӯро чунон хуш пазируфтанд, ки аз он замон то кунун филми «Рустам ва Сӯҳроб» яке аз беҳтарин филмҳои сохтаи замони шӯравии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Дар ҳақиқат Рӯдакӣ, Сӯҳроб, Сино, Фердинанд, Ҳамлет, Эдип ва  дигар  образҳои офаридаи  Ҳошим Гадо  ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Москва ӯро машҳур гардонданд.

Ҳошим Гадо ҳунармандест, ки дар арсаи ҷаҳон санъату ҳунари мардуми тоҷикро ба таври барҷаста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки Тоҷикистон низ ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад.

Мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» чунин гуфтааст: «На дар Россия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳ. Гадоев ҳампоя бошанд».

Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир дар яке аз мақолаҳояш  ҳунару истеъдоди Ҳошим Гадоро чунин васф кардааст: «Ба андешаи  ман, касе дар саҳнаи ҳунар мисли ӯ фидоиву ҷоннисор, сарсупурдаву содиқ, заҳматкашу машаққатпазир набудаасту нахоҳад буд. Барои Ҳошим Гадо азизтар ва муҳимтар аз кори эҷодӣ, аз иҷрои нақшҳо дида, чизи дигаре  вуҷуд надорад. Падару модар, зану фарзанд, ёру пайванд барои ӯ танҳо саҳнаи ҳунар ва нақшҳояш буданд…».

Ӯ дар баробари ҳунармандӣ, инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза дорад. Мавсуф муаллифи зиёда аз 100 китобу мақолаҳои баландмазмун  ва  эссеҳои фалсафӣ мебошад. Китобҳои «Розҳо», «Ассо», «Танҳо», «Андешаҳо»,  «Кунҷ», «Сӯҳроби ман» аз ҳамин қабиланд…

                                                                                                                         Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

Май 10, 2019 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст
«ҲАФТ-СИН» ВА «ҲАФТ-ШИН». Оростани хони наврӯзӣ бо ин рамзҳо нишонаи хайру баракат аст
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Бӯстон даври шаҳрии озмун баргузор гардид