Шумораи занон дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз афзоиш ёфтааст

Май 6, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 майи соли равон дар Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Германия лоиҳаи курсҳои такмили ихтисос барои занон таҳти унвони “Зан — сарвар” роҳандозӣ гардид.

Тавре аз Донишкадаи мазкур ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҳамоиш Ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, муовини Директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ҳилолбӣ Қурбонзода ва Доктор Макс Георг Майер-намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ректори Донишкада Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомоти маҳаллӣ фаъолият доранд, ҷалб карда мешаванд. “Имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, дар сатҳи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ таҷассум ёфтааст. Сиёсати давлату Ҳукумати кишвар ба баланд бардоштани нақши зан дар ҷомеа нигаронда шудааст ва тавре шоҳид ҳастем, мақоми занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад”,- афзуд Ректори Донишкада.

Ҳилолбӣ Қурбонзода иброз намуд, ки Пешвои миллат ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил доранд, аз ин рӯ сол ба сол сафи роҳбарон аз ҳисоби занон меафзояд. Инчунин таъкид гашт, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки имрўз шумораи занон дар сафи хизматчиёни давлатӣ афзоиш ёфта, соли 2018 дар мансабҳои роҳбарикунанда 19 фоиз ва дар ҳайати хизматчиёни давлатии мақомоти марказӣ ва сохторҳои тобеи онҳо 25 фоизро занону духтарон ташкил додаанд. Гуфта шуд, ки имрӯзҳо 6 нафар зан дар Маҷлиси миллӣ ва 13 нафари дигар дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фаъолият доранд.

Доктор Макс Георг Майер зимни суҳбат аз ҳамкории самарабахш бо Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкории минбаъдаи дуҷониба баён дошт.

Дар ҷамъбасти ҳамоиш миёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдел дар Осиёи Марказӣ барои идомаи ҳамкорӣ шартнома ба имзо расонда шуд.

Май 6, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ