«ҲАМРОҲ БИХОНЕМ». Амрико ба Тоҷикистон дар ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китобхонӣ ҳамдастӣ мекунад

Июнь 1, 2019 11:17

ДУШАНБЕ, 01.06.2019./АМИТ «Ховар»/.  Кордори сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт   ҳамроҳ бо  муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ, намояндагони  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон дирӯз дар чорабинии тақдими китоб ба мактаби № 3 дар шаҳри  Ваҳдат иштирок намуданд. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи USAID оид ба рушди малакаҳои хониш дар синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии ҶТ сурат мегирад.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сайқал додани малакаи хониши талабагони синфҳои ибтидоӣ мусоидат менамояд. Ин ташаббус дар доираи лоиҳаи USAID таҳти унвони «Ҳамроҳ бихонем» амалӣ мегардад. Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» барномаи фарогирандаест, ки дар доираи он 13 532 омӯзгорон ва мутахассисони соҳа таълим мегиранд ва дастрасии бештар ба маводи хонишӣ барои 281 451 хонандаагони синфҳои ибтидоӣ фароҳам оварда мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур мудирони муассисаҳои таълимӣ, китобдорон ва ҳамаи омӯзгорони синфҳои ибтидоии зиёда аз 1000 мактаб дар саросари кишвар аллакай таълим гирифтанд. Ғайр аз ин, ба муассисаҳои таълимии мазкур зиёда аз 140 000 китоби ба синну соли хонандагон мутобиқбуда бо забони модарӣ тақдим карда шуданд. Дар доираи ин лоиҳа тақдими китобҳо ва маводи таълимию методии инноватсионӣ ба муассисаҳои таълимии интихобшуда идома хоҳад ёфт. Дар давоми ду соли оянда, чорабиниҳои ба ин монанд, иловатан дар 1800 муассисаи таълимиии дигар роҳандозӣ мешаванд.

USAID шарики боэътимоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф мебошад. USAID бо Вазорати маориф ва илми ҶТ дар раванди интихоб, таҳия ва дастрас намудани китобҳо ҳамкории зич дорад. Ҳамаи китобҳои тақдимгардида аз ҷониби Вазорат ба тасвиб расонида шудаанд.

Хотиррасон мешавем, ки соли 2019 бо қарори Шӯрои сарони дафлатҳои иштирокчии ИДМ дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Соли китоб эълон гардидааст.

Китоб арзишмандтарин падидаи фарҳангӣ-манбаи аслии илму дониш, фазлу эҳсон, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, воситаи таълиму тарбия, фароғат, хосса ойинаи хаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чунин тавсиф намудааст:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

2 январи соли 2019 АМИТ «Ховар» бо мақсади тарғиби ҳарчи бештари киттобу китобхонӣ ва аҳамияти он дар рушди инсон рубрикаи нави худро таҳти номи «Фурӯғи субҳи доноӣ» муаррифӣ намуд.

9 феврали соли 2019 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид, ки тибқи он соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» баргузор мегардад.

 Лоиҳаи USAID «Ҳамроҳ бихонем»  намунаи кумаки  мардуми дӯсти Амрико  мебошад, ки амалисозии он ба ҷалби бештари кӯдакону наврасон ба китоб ва китобхонӣва ба ин васила рушд ёфтани лаёқати зеҳнии онҳо мусодат хоҳад намуд.

Мавриди зикр аст, ки дар давоми 27 соли охир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағи беш аз 1,8 миллиард долларро ба амалисозии барномаҳои дастгирии амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон равона кардааст.

Июнь 1, 2019 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад