Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар бахшида мешавад

Июнь 26, 2019 09:43

ДУШАНБЕ, 26.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. 26 июн ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди маводи нашъаовар таҷлил мегардад. Дар ин робита, дар барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» масъалаи бемории нашъамандӣ, ки яке аз мушкилоти глобалӣ ба шумор рафта, он ба ҳаёти одамон ва солимии ҷомеа таҳдид мекунад, баррасӣ мешавад. Мусаллам аст, ки дар сурати ба роҳ намондани муборизаи беамон алайҳи ин раванди номатлуб, теъдоди истифодабарандагони маводи нашъаовар дар миёни аҳли башар рӯ ба афзоиш оварда, ҳаёти миллионҳо нафарро зери хатар мегузорад.

Имрӯз  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар одамон ба ин беморӣ гирифторанд? Аз ин беморӣ чӣ гуна бояд дурӣ ҷуст? Баҳри раҳоӣ аз он масъулин кадом тадбирҳои зарурӣ  меандешанд?

Мутахассисони соҳа ба  ин саволҳо  ва дигар масъалаҳои вобаста ба ин мавзӯъ дар барномаи мазкур ба  Шумо посух ва маълумот медиҳанд.

Барномаи «Дармон»-и Радиои «Ховар» имрӯз, 26 июни соли 2019, соати 10:30 ва такроран соатҳои  14:30 ва  20:30  пешниҳоди шунавандагон мегардад. Муҳаррир ва масъули барнома Нарзулло Ализода.

Июнь 26, 2019 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид
Дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ машқи мукаммал гузаронида шуд
ДАЪВАТИ ҶАВОНОН БА ОМӮЗИШИ ИЛМ ВА КАСБУ ҲУНАР. Дар ноҳияи Муъминобод оид ба ин мавзуъ вохӯриҳо доир мешаванд
Маъракаҳои пурдабдаба, хароҷоти беҳуда ва хурофотпарастӣ ба сатҳи зиндагонии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи Қазоқистон расонида шуд
Ба сокинони деҳаҳои Кӯли Калон ва Нушори поёни ноҳияи Тоҷикобод 2 техника бо арзиши 850 ҳазор сомонӣ кумак карда шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
«Душанбе пешрафта ва сарсабз мешавад», -бардошт аз ҳамоиш дар Маркази тадқиқоти стратегӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид