МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ ХАБАР МЕДИҲАД: имрӯз марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсолоти миёна ва олии касбии Тоҷикистон оғоз гардид

Июнь 10, 2019 11:28

ДУШАНБЕ, 10.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 июн марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) оғоз мегардад.

Нафароне, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1 март то 30 апрели соли равон) дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ  номнавис карда натавонистанд, метавонанд дар марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД, ки аз 10 то 30 июн баргузор мегардад, номнавис намоянд.

Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ,  марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон танҳо дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе   ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманд  бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозима ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.

«Довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10  то 30  июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалияи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд. Инчунин довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 12  то 30 июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 12  то 20  июн) интихобҳои аввалияи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ – аз 18 то 20 июл  танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд»,- афзуд манбаъ.

Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб», ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab/791-rohnamoi-dovtalab-2019.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.

Июнь 10, 2019 11:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба рушди ҳамкории мамлакатҳои Осиёи Марказӣ дар бахши обу энергетика конференсияи байналмилалӣ доир мегардад
САДРИДДИН АЙНӢ-БУНЁДГУЗОРИ АДАБИЁТИ НАВИНИ ТОҶИК. Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон конференсияи илмӣ-адабӣ гузаронида шуд
ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид