СУБҲИ ДОНОӢ ВА ФУРӮҒИ БАМАВРИДИ ОН. Чаро китоб нақши пешини худро аз даст медиҳад, сабаби кам китоб хондани мардум дар чист? Ходими адабии АМИТ “Ховар” дар ҳамин бора мулоҳиза меронад

Июнь 2, 2019 09:38

ДУШАНБЕ, 02.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки дар саросари  мамлакат имрӯз тарҳрезиву пайгирӣ мешавад, боз як иқдоми нек ва манфитбахшест, ки аз ҷониби Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  роҳандозӣ гардидааст.

Барои миллати мо, ки худро вориси ростини бузургони илму адаб ва нобиғагони оламшумул меҳисобад, ин иқдом боз як раҳнамоӣ барои бозгашт ба асолати миллии худ,  рӯ овардан ба маърифатест, ки бунёди халқи моро тӯли ҳазорсолаҳо сириштааст.

Китобро метавон беҳтарин ва хуҷастатарин дастовезу дастовард ва ифтихорномаи миллии мо дар тӯли таърих номид. Бинобар ҳамин ибрози андешаҳо оид ба ин масъалаи муҳими рӯз ба маврид ва баманфиат хоҳад буд. Хусусан дар ин рӯзгоре, ки хондану харидани китоб хеле коҳиш ёфтаасту ташвишовар аст.

Китоб ва ҷомеаи имрӯза

Камол Насрулло

Имрӯзҳо дар мавриди китоб ва китобхонӣ на фақат дар ҷумҳурии  мо, балки дар саросари олам мардум ба андеша рафтаву дар изтироб афтодаанд. Китобҳо, ки даричаҳои асосии воридшавии инсоният ба илму дониш, ба  тамаддуни башарӣ будаанд, имрӯз мавқеи тақдирсози рӯҳонии худро аз даст дода истодаанд. Интернет ва шабакаҳои интернетӣ, мобайлҳо ва имкониятҳои бемаҳдуду ҳамарӯза пешравандаи онҳо ҷойи китобро танг кардаву дар баъзе мавридҳо комилан ишғол намудаанд. Аммо то куҷо ин зуҳурот ба манфиати одамизод ва маънавиёти он аст. Саволест, ки посухи асоснок рӯшаниандоз мехоҳад. Балки ин савол на фақат посух, балки дахолату тадбирҳоеро барои наҷоти китоб – ин хазинаи бебаҳои маънавиёти

башар ва инсоният ва нақши боризи он тақозо дорад.

Аввало, биёед, боре ба худ ин саволро бидиҳем, ки кай худи мо кадом китобро ба даст овардаву хондаем?

Оё мо ба китобхонии фарзандони худ аҳамият додаем? Аҳамият додаем, ки кадом китобро хондаанд ва чӣ бардоште доштаанд ва ё аслан ба ҷуз аз китобҳои дарсӣ ягон китоб мехонанд?

Куҷо шуданд он замонҳое, ки як китоб даст ба дасти мардум мегардиду мутолиа мешуд, шӯру ангезишҳо медод?

Куҷо шуданд замонҳое, ки мо ҷавонон мағоза ба мағоза китобҳои навбаромади адабиёти муосир ва ҷаҳониро меҷустем ва барои обуна шудану харидорӣ кардани онҳо ҳама воситаҳоро ба кор мебурдем?

Оё шумо ҳамчун як одаме, ки худро соҳибмаърифат меҳисобед, метавонед гӯед, ки аз адабиёти классикии худ ва аз адабиёти антиқа, аз асарҳои безаволи адибони ҷаҳон каму беш огоҳед? Оё шумо гуфта метавонед, ки ин ё он асари Толстой, Достоевский, Гогол, Пушкин, Гюго, Балзак, Мопассан, Ҷек Лондон, ва дигаронро хондаед? Аз Сартр, Акутагава, Герман Гессе, Маркес, Мо Ян    ва дигарон намегӯем.

Имрӯз  намедонам, аммо дар даврони шӯравӣ, дар даврони ҷавонии мо нахондану надонистани адибони бузурги гузаштаву муосир айб буд.

Ин ва бисёр саволҳои дигари марбут ба китоб ва китобхонӣ, ки посух мехоҳанд, моро бояд имрӯз ба андеша оранд.

 Манзалати китоб

Дар яке аз китобҳои Худо омадааст, ки аввал калом буд ва калом Худо буд. Бале, аввал калом буд ва калом дар китоб падид омад. Пас китоб муқаддас аст. Бунёди маънавиёти башар ҳам, бидуни шубҳа, пеш аз ҳама дар чаҳор китоби  муқаддаси Худо, ки «Қуръони маҷид»-и мо — мардуми мусалмон, яке аз онҳост, гузошта шуда, ҳама маънавиёти башар: илму ирфону адаб ва тамоми дастовардҳои дигари инсоният маҳсул  ва идомаи ононанд.

Зуҳури оламу одамро аввал ба сухан ва китоб иртибот додани Худованд худ гувоҳи волоияти ин падида, яъне китоб аст. Ва ин андеша баҳснопазир аст, ки тамоми ғановат ва сарвати маънавии инсоният дар тӯли ҳастии андҳазоронсолааш маҳз дар китобҳо маҳфуз мондааст. Ин аст, ки инсоният бояд ҳамеша барои ҳастии худ мадюни китоб бошад ва дар ҳама иқдому эҷоду дастовард, дар ҳама ҷодаҳои пирӯзии зиндагии худ чун ба раҳнамои бебаҳову беминнати  ҳамешагии худ такя ба китоб кунад.

Китоб ҳофизаи таърихии инсоният аст ва мусаллам аст, ки инсони ҳофизаи худро аздастдода наметавонад дигар инсон бошад. Яъне ҳофизаи инсон на камтар аз рӯҳи инсон қимату арзиш дорад. Ва манзури суханон аз китоби Худованд, ки аввал калом буд, гумон мекунам, маҳз ҳамин аст.

Имрӯз ҳам, вақте ки мо баҳогузории ин ё он халқу миллатро мекунем, пеш аз ҳама, дастовардҳои маънавии онро дар назар мегирем, ки маҳз дар китобҳо ба зуҳур омадаанд. Зеро таърихи башарият, афкори башарият, тақдиру пешомад ва бозёфту гумкардаҳои он, арзиши ҳар қавму нажоду миллат бо ҳамин ченак чен карда мешавад: китоб.

Мусаллам аст, ки миллату халқи соҳибкитоб дар таърихи башарият мақому манзалаи хосаи худро дорад. Ва бояд гуфт, ки китоб натанҳо мизони муайнкунандаи гузаштагон, балки ченак ва баҳогузории ояндагон ҳам хоҳад буд, ба он маънӣ, ки дастовардҳои навини маънавии инсоният имрӯзу оянда боз ҳам дар китоб таҷассум хоҳад шуд.

 Китоб чист? Чаро китоб мавқеи худро аз даст медиҳад?

Кӯдакон имрӯз китоб кам мехонанд ё намехонанд. Оё воқеан интернет ҷойи китобро танг кардааст? Ба андешаи мо на чунин аст. Ба воситаи интернет ҳам имрӯз наврасон китоб намехонанд. Дар интернет онҳо бештар  бо корҳои дигар машғуланд: тамошои расмҳо, порнография, бозиҳо.

Ман аминам, ки китоб чизи дигарест ва хатаре ба он таҳдид намекунад. Он чӣ ба он таҳдид мекунад, нахондани мову шумо, нофаҳмӣ ва сабукандешиву сабуккории мост, ки ба худи мо таҳдид мекунад. Интернет ҳам чизи даркорист, яке аз беҳтарин дастовардҳои инсоният аст, ки корҳоро хеле осон кардааст. Аммо боз ҳам муносибати нодуруст худи мо ба он, аз пайи ҳавову ҳавас ё ғараз ё дигар ҳадафҳо рафтанамон онро бароямон зиёновар гардонидаанд. Бояд ба интернет  одат кард, муносибати боақлона бо он дошт, он гоҳ ӯ ба мо кӯмак хоҳад кард. Таҷриба ба мо имконият медиҳад, ки чизи даркории худро аз интернет зуд ёбем. Метавон ба воситаи интернет аз рӯйдодҳои муҳимтарини ҷаҳон зудтар хабар ёфт,  мақолаҳои таҳлилӣ, очеркҳои илмӣ, санадҳо, далелҳои лозимаро зудтар ёфтаву истифода бурд.

Аммо китоб чизи дигар аст. Китоб эъҷозе дорад, ки мисли як мавҷудоди зинда дар рӯи даст ва дар бари туст. Ту онро варақ мезанӣ, аз ҳавояш нафас мекашӣ, онро  эҳсос мекунӣ, ӯ рафиқи туст ва ҳозир аст бо ту ба ҳар ҷо барояд, ба табиат, ба сафарҳои дур, дӯстест босадоқат, ки туро танҳо намегузорад, агар ту ҳам ба қадраш бирасӣ. Бардошт ва қабуле, ки аз хондани китоб ба даст меорӣ, дигар аст, чун қабули  суҳбати инсоне, ки дар рӯ барӯи туст, ва бо ту аз як ҳаво нафас мекашад, эҳсосоту андешаҳои он бо эҳсосоту андешаҳои ту ҳамдилу ҳамнафас мегарданд.

Хондани китоб ба мо таъсир мерасонад, моро дигар мекунад, ба ақлу одоб ва ҷаҳонбиниамон меафзояд, забони моро гиро ва ва фаҳми моро тезгир мегардонад. Пас суханони Ҷомии бузургвор ҳаргиз қимати худро гум нахоҳад кард, ки:

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

 Китоб ва интернет. Бартариҳои китоб

Ба андешаи ман, одами солим на аз интернет рӯ мегардонаду на аз китоб. Тарғибот ва воҳимаҳои бемаврид дар атрофи ин мавзӯъ, яъне китоб ва интернет ин ҳама сару садоҳоро ба вуҷуд овардем.  Ман аминам, ки ҳеҷ  гуна интернет ҳаргиз ҷойи китобро намегирад. Китоб ин як зуҳуроти рӯҳонист, асари бадеист, ки рӯҳи инсонро парвариш медиҳад ва маҳсули афкору андешаву эҳсосоти ӯст..

Интернет зуҳуроти ахборотиву шавқбарангез аст. Инсони солим ва батамкин аз ин ҳарду, агар ҳадаф мутолиа бошад, албатта, китобро интихоб хоҳад кард.

Баъдан, шумо чӣ гуна тасаввур мекунед одамеро, ки китоб, масалан як романро аз тариқи интернет бихонад. Аввалан ин амал хеле дилгиркунандаву пурмашаққат аст ва он самимият ва эҳсосоти табииро, ки китоб медиҳад, намедиҳад.

Дуюм, наметавон компютерро ҳамроҳ ба ҳама ҷо бо худ бурд, мисли китоб.

Сеюм, зиёни нурҳои компютерӣ ба инсоне, ки сару кор бо он дорад, кам нест.

Далелҳои дигар ба манфиати китоб:

Китоб аз инсон мутолиаи боандешаро тақозо мекунад, ки ин худ андешапарварии ӯро такмил медиҳад.

Бубинед, вақте ки аккосӣ пайдо шуд, мардум гумон карданд, ҷойи тасвирҳои рассомнро мегирад. Аммо  санъати тасвирӣ, чунон ки буд ҳаст ва ривоҷ дорад. Мисли ҳамин  компютер ҳам ҳаргиз наметавонад ҷойи китобро гирад. Аммо китоб метавонад баъзе масъулиятҳои худро ба зиммаи техногияи пешрафта супорад.

Ба манфиати китоб метавон инро илова кард, ки китоб имконияти бесаросемагӣ андеша рондан дар сари матнро медиҳад. Бартарии дигар ин аст, ки коғаз дарозумр аст ва  ба нерӯдиҳандаҳои барқӣ ниёз надорад.

Бартарии дигари ба манфиати китоб вобаста ба қабули инсон аст, ки табииву самимона сурат мегирад.

Ва оқибат китобро технологияи электронӣ наметавонад танг кардаву берун афканад, вагарна он кайҳо нест мешуд. Онҳоро наметавонанд вирусҳо бихӯранд  ва истифодабарандаи беэҳтиёт дар як дам аз саҳифаҳо покиза кунад. Вай барои мутолиаи худ барномаи хосае талаб надорад ва онро зарурати гузаронидан ба кодировкаи дигар нест. Аз ин рӯ, далели асосӣ ба манфиати китоб мавҷудияти воқеӣ (ҷисмонӣ) ва босуботи  ӯст. Китоб шуморо тавассути почтаи электронӣ барканор намекунад ва дар он мавриде ки қаҳрамон мехоҳад маъшуқаашро бибӯсад, муаллақ дар ҳаво намемонад. Китоб пеш-пеши мо намедавад, балки по ба пои мо қадам мегузорад. Китоб бо авроқу ҳуруфу навиштор, бо накҳати хоса  ба машомҳо бӯи маърифат мерасонад, китоб ҷовидона хоҳад буд.

Хондани китоб вомедорад, ки инсон ба умқи он бе саросемагӣ ва бо андеша фурӯ равад. Агар дар интернет ин кор бо саросемагӣ сурат бигирад, китоб имкон медиҳад онро бо диққат, ба маънии ҳар сатр фурӯ рафта, мутолиа кунӣ. Хондан аз монитор зуд чашҳоро хаста мегардонад ва одатан танҳо ҷойҳои шавқовари китоб бо диққат хонда мешаванд, ки дар ин маврид бисёр чизҳои арзишнок метавонанд нодида ва қабулнашуда монанд.

Аммо китобҳои миранда, китобҳои бебақо кам нестанд ва ҳамеша будаанд. Ҳатто имрӯз дар ҳамин як зиндагии кӯтоҳ  мо мебинем, ки чӣ гуна баъзе китобҳо дар пеши назари муаллифони худ, ба дори фано мераванд. Манзури мо аз китоб асари сазовор ва мондагори санъат, адабиёт ва илм аст. Асаре, ки ба ҳама талаботҳо ҷавоб мегӯяд, навоварӣ ва дастоварди тозае барои маънавиёт дорад ва дар сатҳи баланди ҳунарӣ эҷод гардидааст.

Чаро китоби қоғазӣ  беҳ аз  электронист?

Кӯдакони мактабхон аз гуфори устод Айнӣ, дар мавриди китобхонӣ, ки дар китобҳои дарсӣ, дар шарҳи ҳолашон омадааст, огоҳанд. Устод Айнӣ гуфта буданд, ки ҳарчи хондаанд то ҳаждаҳсолагӣ хондаанд. Яъне он зербун, он таҳкурсие, ки тамоми осори пурғановати устод Айнӣ аз он замина гирифтааст, дар асоси мутолиа ва дониши андӯхтаи Айнӣ то синни ҳаждаҳсолагӣ ба вуҷуд омадааст. Ин чунин маънӣ дорад, ки агар мо хоҳем насли солиму босаводу соҳибмаърифат тарбият намоем, кӯдакон, наврасон ва навҷавонони мо бояд ҳарчӣ бештар китоб хонанд.

Ҳеҷ чиз мисли китоб наметавонад мафкураи одам, ҷаҳони андешаву орзуҳои ӯро равнақ диҳад. Маҳз ба тавассути китоб на танҳо худ, балки атрофиёни худро метавон хуб шинохт. Пас чаро бисёре аз адамон ба хондан кам аҳмият медиҳанд?

Боз мегардем бар сари масъалаи рӯз: мушкилоте, ки имрӯз бар сари китоб ва ҷомеа омадааст. Чаро китоб нақши пешини худро аз даст медиҳад? Чаро имрӯз мардум кам китоб мехонанд? Албатта, ҷавоби ин суолҳо таҳқиқоти комилу ҳамаҷонибаи мутахассонро тақозо дорад. Аммо гуфтани андешаву мушоҳидаҳои мо дар атрофи ин масъала имрӯз беаҳмият нахоҳад буд, аққалан ба хотири он ки таваҷҷуҳи хонандагонро то ҷойе ба он ҷалб мекунад ва дар ҷараёни ибрози андешаҳо шояд андешаҳое солиму муфид ва ба манфиати кор гуфта шаванд.

Бо назардошти гуфтаҳои боло метавон чунин хулоса кард, ки Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ», ки бо иқдоми Ҳукумати Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат имрӯз роҳандозӣ шудааст, хеле бамавриду саривақтист, зеро барои ҳалли масъалаҳое,ки дар боло гуфтем, метавонад хеле мусоидат кунад. Ҷиҳати бисёр ҷолиби ин Озмуни фарогир дар он аст, ки дар он ҳама сокинони Тоҷикистон  сарфи назар аз касбу кору синну сол метавонанд ва бояд иштирок кунанд. Ва мо аминем, ки ин иқдом барои  эҳёи китобдориву китобхонӣ дар байни мардуми мо, ки ҳамеша парастиши онро доштаанд, заминаи нав мегузорад, зеро бозгашт ба китобдориву китобхонӣ, бозгашт ба асолати миллии мардуми тоҷик, бозгашт ба худшиносии миллии онҳо хоҳад буд. Аммо барои  воқеан амалӣ кардани ин иқдоми наҷиб бояд иқдом ва ташаббусҳои нав ба навро тарҳррезиву амалӣ намуд, хусусан барои кӯдакону наврасон.

Мавзӯи кам шудани эътибори китоб дар ҷомеа ва дур шудани мардум аз китобхонӣ, хусусан  дар кишвари мо, мавзӯест ҷиддӣ, ки пажӯҳиши ҳамаҷонибаро тақозо дорад. Мо ният дорем, дар мақолаҳои минбаъда ин мавзӯи муҳимро мавриди таҳқиқи ҷиддӣ  қарор диҳем.

Камол НАСРУЛЛО,
ходими адабии АМИТ «Ховар»,
Шоири халқии Тоҷикистон,
дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ

Июнь 2, 2019 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Ҳисор даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
ТАҚДИМИ «ШОҲНОМА» БА ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИКИСТОН. Ин пандномаи беназир аз ғояҳои ифтихори миллӣ ва эҳсоси бузурги ватандӯстӣ саршор аст
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо намояндаи Донишкадаи миллии таҳқиқоти рушди алоқаи Русия мулоқот намуд
Дар Душанбе бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ гузаронида шуд
ИМРӮЗ- ЗОДРӮЗИ САРДАФТАРИ АДАБИЁТИ МУОСИРИ ТОҶИК САДРИДДИН АЙНӢ. Нақши устод Айнӣ дар фарҳангнигории тоҷикӣ беназир аст
Аз 16 то 18 апрел дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор мегардад
«НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТ». Таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид