АМИТ «ХОВАР» — МУАРРИФИ ИНШООТҲОИ АЗИМИ ТОҶИКИСТОН. Аз рӯзи ба истифода супоридани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда—1» расо 10 сол сипарӣ гардид

Июль 31, 2019 11:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз замони ба истифодаи пурраи саноатӣ супоридани яке аз иншооти азими Тоҷикистон-Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 10 сол сипарӣ гардид. Маҳз 10 сол муқаддам, дар ин рӯзи соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар карда, ҳамчун намунаи олии дӯстиву ҳамҷаворӣ ва шарикии стратегии ду мамлакат дар вазъияти тантанавӣ неругоҳи мазкурро мавриди истифодаи саноатӣ  қарор доданд.

Назаре ба таърихи НБО «Сангтӯда-1»

Бунёди силсиланеругоҳҳо дар дарёи Вахш ҳанӯз дар замони сохтмонҳои бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда, соли 1950 оғоз гардид. Аз аввал дар ин дарё сохтмони неругоҳҳои барқи обии “Роғун”, “Норак”, “Бойғозӣ”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда- 2”, саргаҳи Вахш ва Марказӣ ба нақша гиририфта шуданд. Месазад ёдовар шуд, ки «Сангтӯда-1» дар ин миён пас аз “Роғун” ва “Норак” аз лиҳози иқтидор мақоми сеюмро касб менамояд.

Соли 1982 Институти «Лоиҳаҳои гидроэнергетикии ба номи С.Я.Жука» ба коркарди асосҳои техникиву иқтисодии сохтмони НБО Сангтӯда -1 оғоз намуд. Соли 1986 коркарди лоиҳаи сохтмони неругоҳ шурӯъ шуд. Ба анҷоми лоиҳакашӣ нигоҳ накарда, моҳи августи соли 1987 сохтмони иншооти давраи омодагӣ (роҳ, хати интиқоли барқ, алоқа ва ғайра) оғоз шуд.

Ибтидои асосии сохтмон, ки соли 1992 дар робита ба пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ мавқуф гузошта шуда буд, фосилае гардид дар самти ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодӣ ва ибтидои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон. Ҳангоми таваққуфи кор дар сохтмон беш аз 13% -и корҳо ба анҷом расида буданд.

Аз солҳои аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббуси бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои сохтмонии НБО «Сангтӯда-1» оғоз гардиданд. Соли 1996 Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Сангтӯда» таъсис дода шуд.

16 октябри соли 2004 зимни сафари расмии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқоту музокироти сатҳи олӣ байни Тоҷикистону Россия миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи тартиб ва шароити иштироки Федератсияи Россия дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» созишнома ба имзо расид. Ҳамин тариқ, тибқи нақшаи лоиҳавӣ, 15 апрели соли 2005 сохтмони неругоҳи мазкур оғоз гардид.

Мавриди зикри хос аст, ки НБО «Сангтӯда — 1» дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил иншооти бузургтарини энергетикӣ маҳсуб ёфта, аз 4 агрегат иборат мебошад. Тибқи нақша, «Сангтӯда — 1» бо таҷҳизоти навтарин ва замонавии сохти Россия муҷаҳҳаз гардонда шуда,  иқтидори умумии он 670 мегаватт мебошад.

20 январи соли 2008 3 моҳ пеш аз муҳлат, Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» аввалин маротиба ба истеҳсоли барқ оғоз намуд. Дар ин рӯз  бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия агрегати якуми неругоҳ дар фазои тантанавӣ ба кор дароварда шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар хитоб ба лоиҳакашон, бинокорон, энергетикҳо,  кормандони муҳандисию техникии ин иншооти муҳим ва иштирокдорони ин маросим чунин баён доштанд: «Басо рамзист, ки агрегати нахустини неругоҳ дар рӯзҳои аввали Соли нав ба кор дароварда мешавад ва ҳар фард нақшаҳо ва орзую омоли худро ба он вобаста месозад. Ояндаи наздик ҳар сокини мамлакат аз самараи заҳмати шумо баҳравард хоҳад гашт, зеро хонаҳои ҳамдиёрони моро нури барқе равшан хоҳад кард, ки дар ҳамин неругоҳ истеҳсол карда мешавад».

Ҳамин тавр, натиҷаи сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамкории сатҳи оливу шарикии стратегӣ бо Федератсияи Россия имкон дод, ки моҳи июли соли  2008 агрегати дуюм ва моҳи ноябри ҳамон сол агрегати сеюми неругоҳ ба истифода дода шаванд.

Бо гузашти 1 сол, 31 июли соли 2009 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба истифодаи пурраи саноатӣ супурда шуд.

«Имрӯзҳо ҳар иқдоме, ки ба манфиати рушду нумӯи соҳаи энергетика ва беҳтар сохтани таъминоти мамлакат бо қувваи барқ андешида мешавад, барои Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад. Бинобар ин ба истифода додани НБО «Сангтӯда-1», бешубҳа барои тамоми мардуми мо рӯйдоди хурсандибахш мебошад», — иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифодаи саноатӣ супоридани неругоҳ.

Президенти вақти Федератсияи Россия Дмитрий Медведев зимни суханронии худ  дар маросими мазкур суханронӣ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: «Барқи НБО «Сангтӯда-1» — ин на танҳо барои рушди саноат, балки барои рушди тавлидоти маҳсулоти кишоварзӣ, тиҷорати хурду миёна, инчунин гармиву равшанӣ дар мактабҳо, боғчаҳои кӯдакона ва хонаҳои истиқоматӣ захираи бузург мебошад, балки бештар аз он, мақсади асосии давлат он аст, ки чунин иншоотро бунёд намояд».

Таъмини истиқлолияти энергетикӣ- яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат дар назди худ ҳадафҳои стратегиро ба миён гузошт, ки яке аз онҳо таъмини истиқлолияти энергетикӣ маҳсуб мешавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти сиёсии худ  ба рушди соҳаи энергетика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, онро яке аз самтҳои афзалиятнок, муҳим ва ҳадафи стратегии Ҳукумати мамлакат қарор доданд.

Сарвари давлат ҳамчун сиёсатмадори дурандеш оид ба нақши муҳим доштани энергетика ва пурра таъмин намудани аҳолӣ бо неруи барқ борҳо сухан карда, аз ҷумла гуфтанд: «Истиқлолияти энергетикӣ яке аз заминаҳои муҳимтарини таҳкиму тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар буда, Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо дар ин самт ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст».

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои захираҳои бойи обӣ ва иқтидори бузурги энергетикӣ дар минтақа нақши калидӣ дошта, метавонад дар рушди иқтисодии кишварҳои қабулкунандаи неруи барқ саҳмгузор бошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони чандин неругоҳҳои хурду бузург то андозае тавонистанд дар самти расидан ба истиқлолияти энергетикӣ замина гузоранд. Имрӯз халқи тоҷик боварӣ доранд, ки бо талошу роҳнамоиҳои пайваста ва сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ шарафёб мегардад ва ба гуфтаи Сарвари давлат он замон «нури Роғун дастраси ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гашта, барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ қадами ниҳоӣ гузошта мешавад».

Бунёди неругоҳҳои барқии обии «Сангтӯда 1» ва «Сангтӯда 2», оғози татбиқи лоиҳаи  КАСА — 1000, сохтмони иншоот азими аср –НБО «Роғун», таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, мавриди истифода қарор додани дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элигазии 220 ва 500-киловолта дар шаҳри Норак, бунёди зеристгоҳи барқии «Лолазор», Хати интиқоли барқи баландшиддати 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон», Зеристгоҳи барқии «Хатлон», Хати интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб Шимол», ба истифода додани навбати аввал ва дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе аз ҷумлаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мебошанд, ки то имрӯз амалӣ гардиданд.

Дар баробари тадбирҳои болозикр, ки бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додааст, метавон аз нақши муҳими ба истифода додани хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 500- киловолтаи «Ҷануб — Шимол» ва 220-киловолтаи «Лолазор — Хатлон»  ёдовар шуд.

Моҳи декабри соли 2009 дар доираи татбиқи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи баландшиддати 500-киловолтаи «Ҷануб-Шимол» дар баробари ба истифода додани зеристгоҳи барқии «Хуҷанд-500» ва се хатти интиқоли барқи 220-киловолта хатҳои интиқоли барқи ҷанубу шимоли мамлакат ба ҳам пайваст шуда, шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.

Бояд гуфт, ки мавҷуд будани зиёда аз 350 адад неругоҳҳои хурд дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат нишони иқтидори энергетикии бой доштани Тоҷикистон ва дастрасии ҳамагон ба энергияи устувор мебошад.

Мавриди зикр хос аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ (беш аз чор миллиард доллари амрикоӣ) дар назар дошта шудааст.

Тоҷикистон иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар менамояд

 Тибқи дурнамои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, Тоҷикистон тасмим гирифтааст иқтидори энергетикии худро ба 10 ҳазор мегаватт баробар намояд. Дар ин бора 15 июли соли равон Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вазир, дар нимсолаи якум  истеҳсоли  неруи  барқ дар ҷумҳурӣ 10 млрд. 130,6 млн. кВт. соатро  ташкил  додааст.

«Дар шаш моҳи соли равон  неруи барқ аз  ҷониби  барқистеҳсолкунандагони мустақили мамлакат, аз ҷумла дар ШСХК «Барқи Тоҷик» 8 млрд.74,9 млн. кВт. соат, дар  ҶСК НБО «Сангтўда-1»  1 млрд. 286,5 млн.  кВт.соат, дар  ҶСК НБО «Сангтўда-2»  443,9 млн. кВт. соат, дар  ҶСК «Помир-Энерҷӣ» 104,4 млн. кВт. соат истеҳсол шудааст»,-афзуд Усмоналӣ Усмонзода.

Тавре аз гуфтаи Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар шаш моҳи сипаригардида НБО «Сангтўда-1»  1 млрд. 286,5 млн. кВт. соат  неруи барқ истеҳсол намудааст, ки ин нишондиҳандаи назаррас ба ҳисоб меравад.

«Нишондодҳои асосии кор дар зеристгоҳ интиқоли бонизом ва бидуни фосилаи неруи барқ ба низоми энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ, аз оғози фаъолият то ба имрӯз аз НБО «Сангтӯда – 1» ба ШСХК «Барқи тоҷик» 21,6 млрд кВт соат неруи барқ бо арзиши  3,3 миллиард сомонӣ интиқол дода шуд», — омадааст дар матлабе, ки ба муносибати 10-солаги неругоҳ имрӯз дар сомонаи расмии он нашр шуд.

Вазир ҳамчунин зикр кард, ки ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо натиҷаҳои шашмоҳаи якуми  соли 2019 1 млрд. 257,4 млн  кВт.соат  соатро ташкил дод (аз ҷумла 2,8 млн. кВт.  соат аз ҳисоби ҶСК «Помир-Энерҷӣ»), ки  ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  314,2 млн. кВт зиёд буда, суръати афзоиш 133,3 фоизро ташкил дод.

Бино ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон ният дорад то соли 2030 интиқоли неруи барқро ба давлатҳои ҳамсоя солона то 10 миллиард киловатт-соат расонад. Аз ҳисоботи соли 2018 бармеояд, ки мамлакати мо тавонист дар ин сол ба кишварҳои ҳамсоя зиёда аз 2,3 миллиард киловатт-соат неруи барқ интиқол диҳад. Пас аз татбиқ гардидани лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи «КАСА-1000» имкон пайдо мешавад, ки ин нишондиҳанда то ба 5-6 миллиард киловатт-соат  расонида шавад.

Тибқи маълумоти Ширкати саҳомии холдингии  кушодаи «Барқи тоҷик»,  солҳои охир дар фасли тобистон ҳангоми пурра таъмин будани аҳолии мамлакат бо неруи барқ боқимондаи он ба давлатҳои ҳамсоя — Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқол дода мешавад.

«Ҳаҷми умумии содироти неруи барқ дар ҷумҳурӣ бо натиҷаҳои нимсолаи якум 1 млрд. 257,4 млн  кВт.соат  соатро ташкил дод, ки  ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  314,2 млн. кВт зиёд буда, суръати афзоиш 133,3 фоиз мебошад», — афзуд Усмоналӣ Усмонзода.

Ба иттилои масъулини Ширкати «Барқи тоҷик»,   ҳоло иқтидори энергетикии Тоҷикистон  хеле назаррас буда, дар як сол қариб 17 миллиард киловатт соат-неруи барқ истеҳсол мешавад.

Дар Тоҷикистон маҳдудияти барқ пурра бардошта шуд

13 январи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми ҷумҳурӣ муроҷиатнома ирсол намуда, зимни он, аз ҷумла гуфтанд: «Бо мақсади беҳдошти сатҳи зиндагии мардум, таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз пагоҳ, 14 январи соли 2017 сар карда, маҳдудияти барқ пурра бардошта мешавад, яъне аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дар тамоми қаламрави кишвар бисту чор соат бо барқ таъмин карда мешаванд».

Пурра аз байн бардоштани маҳдудият дар таъмини неруи барқ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҷаҳон норасоии ин қувва нигаронкунанда боқӣ мондааст.

Тавре дар Қатъномаи СММ  оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Энергияи устувор барои ҳамагон» барои солҳои  2014-2024 гуфта мешавад: «Имрӯз 2,6 миллиард одамон дар мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ барои омода намудани хӯрок ва гармкунии манзили худ аз навъҳои маъмулии сӯзишворӣ истифода мебаранд. Дар баробари ин 1,3 миллиард одамон ба қувваи барқ дастрасӣ надоранд. Ҳатто дар ҳолатҳое, ки ин қувва пешниҳод мешавад, миллионҳо нафар аз сабаби камбизоатӣ пули онро пардохт карда наметавонанд».

Аз таҳлилҳои боло ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар як замони начандон тӯлонии таърих, яъне 28 соли соҳибистиқлолии мамлакат барои ноил шудан  ба яке аз ҳадафҳои олии стратегии худ устуворона қадам ниҳода, ба муваффақиятҳои зиёд ноил гаштааст.

Шукӯҳи ДАЛЕР,
АМИТ «Ховар»

Июль 31, 2019 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд