Ҷамшед Ҷумъахонзода: «Аз гӯшаи Тоҷикистон дар «EXPO-2019 BEIJING» беш аз як миллион нафар боздид намудаанд»

Июль 17, 2019 17:43

ДУШАНБЕ, 17.06.2019/АМИТ «Ховар»/.  «Аз гӯшаи Тоҷикистон дар  Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019 BEIJING», ки 29 апрели соли равон оғоз ёфт, то имрӯз беш аз 1 миллион нафар боздид намудаанд»,- гуфт дар посух ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода   раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода зимни нишасти хабарӣ 17 июл дар Душанбе.  Мавсуф афзуд, ки дар як рӯз аз гӯшаи мамлакати мо дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ  15-25 ҳазор ва дар рӯзҳои истироҳатӣ 30-45 ҳазор нафар дидан менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки гӯшаи Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO 2019» таҳти шиори «Боғдорӣ дар руши деҳот» фаъолият дошта, яке аз сербинандатарин гӯшаҳо маҳсуб меёбад. Аз гӯшаи Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ асосан шаҳрвандони Чин  ва кишварҳои хориҷӣ, сайёҳон, ҳамзамон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- донишҷӯён, нафароне, ки дар сафари хидматӣ дар Чин қарор доранд, боздид намуда, бо таърих, фарҳанги миллии тоҷикон, иқтидори захираҳои бои обию энергетикӣ, сайёҳӣ,  ҳунарҳои мардумӣ  ва рушди  санъати боғдорӣ дар Тоҷикистон шинос мегарданд.

Ҷамшед Ҷумъахонзода зикр кард, ки алҳол Палатаи савдо  ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамкорӣ бо дигар  вазорату идораҳои марбутаи мамлакат барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзи миллии Тоҷикистон, ки охири моҳи август дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии боғдорӣ  «EXPO 2019 Beijing» доир мегардад,  омодадгии ҷиддӣ мебинад.

Интизор меравад, ки дар Рӯзи миллии Тоҷикистон дастовардҳои фарҳангии давлати мо муаррифӣ гарданд.  Раиси Палатаи савдо ва саноати  ҷумҳурӣ таъкид кард, ки  баргузории намоишгоҳҳои  байналмилалии «EXPO» майони фароху бузургеро мемонад барои муаррифии  дастовардҳо ҳар як давлат ва баланд гардидани нуфузи он, аз ҷумла Тоҷикистон.  Аз ҷумла,  дар доираи баргузории Намоишгоҳи  байналмилалии  «EXPO 2019 Beijing»  ширкати «Абрикос» фурӯши меваи хушкро дар бозори Чин роҳандозӣ намуд.

Мусаллам аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019»  дар Пекин таҳти унвони «Ҳаёти сабз-манзили зебо» гузаронида шуда, аз он, ки зарфи панҷ моҳ идома меёбад,  интизор меравад 16 млн нафар боздид намоянд. Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO-2019» дар масоҳати 503 гектар  дар канори руди Гуйшуй дар масофаи 10 км аз Девори бузурги Чин доман густурдааст, ки онро «Намоиши боғдории зери Девори бузурги Чин» низ ном мебаранд. Майдони баргузории  Намоишгоҳи байналмилалии «EXPO-2019»  аз толори Чин, толори байналмилалӣ, озмоишгоҳи ҳаётӣ, толори гулу гиёҳ ва маркази ҳунарнамоӣ иборат аст.

Дар намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO-2019» боғҳо бо фарҳанги боғдориву тарзи ҳаёти мардумони кишварҳои гуногуни сайёра бунёд гардидааст. Барои  тамошобинон дар  намоишгоҳ  толорҳои фарҳанги боғдорӣ, гулу гиёҳҳои рангоранг  ороста шудааст, ки боздидкунандагон имкон доранд аз он беш аз 1200 навъ гулу гиёҳ, дарахту растаниро тамошо намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки  Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO -2019» макони ба ҳам омадани тамоми навовариҳои соҳаи боғдории ҷаҳон арзёбӣ гардида, ҳарчанд тарҳи иморатҳо, намуди гулу гиёҳҳо аз ҳам тафовут доранд, вале кишварҳои иштирокчӣ мехоҳанд ҳаёти сабзи тахайюлоти худро муаррифӣ намуда, майлу хоҳишашонро  барои  ҳифзи табиат ва муҳити зист ифода намоянд. Дар Намоишгоҳи байналмилалии боғдории «EXPO-2019»  110 давлат ва созмонҳои байналмилалӣ ва 120 сохторҳои ғайрирасмӣ иштирок доранд, ки дар таърихи баргузории «EXPO» ин нишондод бесобиқа аст.  Интизор меравад, ки  соли 2020 Дубай, ки яке марказҳои бузурги тиҷоратӣ дар ҷаҳон эътироф гардидааст, мизбони «EXPO-2020» гардад.

                                                               Марзия САИДЗОДА,
 АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2019 17:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони ноҳияи Ҷаббор Расулов дар майдони зиёда аз 5 ҳазор гектар кишти чигит мегузаронанд
Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд