«АЗ ЁДҲО БАР ЁДҲО». Таҳти ин ном дар нашриёти «Адиб» китоби нави Файзи Ашӯр ба нашр расид

Июль 15, 2019 10:30

ДУШАНБЕ, 15.07.2019/АМИТ «Ховар»/. «Паррандаи шеъри  Файзи Ашӯр  дар фазо «Аз ёдҳо бар ёдҳо» бол мекушояд. Ин парранда аз ошёни хотири шоире бархостааст, ки   ҳастии худро  ба шеър  бахшида, дилу ҷони худро волаи  оҳанги зиндагибахши он кардааст». Ин сатрҳоро шоири шинохта Муҳтарам Ҳотам дар пешгуфтори «Панҷаи шеъргир»-и  китоби тозаэҷоди  «Аз ёдҳо бар ёдҳо»-и шоир Файзи Ашӯр нигоштааст.

Маҷмӯаи «Аз ёдҳо бар ёдҳо», ки дар нашриёти «Адиб» чоп гардидааст, шеъру ғазалҳои  тозаэҷод ва драмаи  «Солори Аҷам»-и шоир Файзи Ашӯрро дар бар мегирад. Шеърҳои «Қасри миллат», «Эҳдо ба сарварони ду кишвари  бародар», «Азми савгандқабо», «Дар сӯгвории  устод Бозор Собир», «Сапеда», «Борон», «Падрӯд» аз ҳамин қабиланд.

Файзи Ашӯр  дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Шамсиддин Шоҳин ва Ашӯр Сафар буда, муаллифи драмаҳои назмию насрии «Марди Ҳақ», «Ё раб», «Фиғон», «Зарбаҳои Ханноскуш», «Шикаст», «Ҳусайни аробакаш» ва «Солори Аҷам» мебошад. Ин асарҳо аз ҷониби Ҳунарпешагони халқии  Тоҷикистон Мирзоватан Миров, Бурҳонидин Раҷабов  ва дигарон дар саҳнаҳои театри касбӣ  ба намоиш гузошта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Файзи Ашӯр   дар хонаводаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи  ба номи Абӯабуллоҳ Рӯдакӣ устод Ашӯр Сафар ба дунё омада, дастпарвари факултаи бахши забонҳои  шарқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Июль 15, 2019 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Баҳри омодагӣ ба озмун дар Душанбе ҳамоиш доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад