Дар шаҳри Ҳисор фабрикаи мурғпарварӣ бо иқтидори истеҳсоли 30 ҳазор дона тухм дар як шабонарӯз ба фаъолият шурӯъ менамояд

Июль 31, 2019 17:14

ҲИСОР, 31.07.2019 /АМИТ «Ховар»/.   Рӯзҳои наздик дар шаҳри Ҳисор як фабрикаи мурғпарварӣ  бо иқтидори истеҳсоли 30 ҳазор дона тухм  дар як шабонарӯз  бо саҳми соҳибкор Нуриддин Солиев ба кор шурӯъ менамояд. Ин  имкон медиҳад, ки сокинони пойтахти мамлакат бо тухми аз ҷиҳати экологӣ тоза ва гӯшти парҳезӣ таъмин гарданд. Ин муждаро раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода зимни нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон расонид.

Зикр шуд, ки дар шаш моҳ шумораи корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор ба 63 адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2018  10 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст. Корхонаҳои саноатии шаҳр соли равон бо нархҳои амалкунанда ба маблағи 99,9 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба шаш моҳи соли гузашта 13 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Имрӯзҳо дар корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор  1615 нафар фаъолият менамоянд, ки нисбат ба соли гузашта 297 нафар зиёд мебошад.

Ба иттилои Шарифҷон Ҷумазода,  соли равон дар асоси Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба саноатикунонии мамлакат ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар шаҳри Ҳисор нақшаҳои зиёд тарҳрезӣ гардиданд. Ҳоло корҳои сохтмонии   корхонаи истеҳсоли коғаз ва маҳслоти коғазӣ- ҶДММ «Коғази Шарора» бо таъсиси 100 ҷойи корӣ, коргоҳи коркарди шир дар назди ҶСК «Авитсена» бо таъсиси 65 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли бомпӯш дар назди ҶДММ «Истеҳсоли труба ва профили тоҷик» бо иқтидори истеҳсоли 1500 дона дар як рӯз бо таъсиси 25 ҷойи корӣ,  коргоҳи истеҳсоли бомпӯш аз ҷониби ҶДММ «Анас -Одина»  бо иқтидори  истеҳсоли  1000 дона дар як рӯз  бо таъсиси 15 ҷойи корӣ, корхонаи бастабандии  ҷуворимакка бо иқтидори истеҳсоли як тоннаю 500 кг маҳсулот дар як рӯз бо таъсиси беш аз 32 ҷойи корӣ аз ҷониби ҶДММ «Ситаб-агро»,  корхонаи истеҳсоли хишти пухта- ҶДММ «Санги Дарё» бо таъсиси 30 ҷойи корӣ, коргоҳи истеҳсоли обҳои ташнагишикан дар назди  ҶДММ «Мужда ЛТД-2016» бо таъсиси 15 ҷойи корӣ, корхонаи истеҳсоли нуриҳои органикӣ дар назди фермаи  чорвопарварии ҶДММ «Абдурауф Юсупов» бо иқтидори коркарди 30 тонна пору бо таъсиси 12 ҷойи корӣ,  корхонаи коркарди санг аз ҷониби «Авесто гурӯҳ» бо таъсиси 35 ҷойи корӣ  ва 50 адад коргоҳҳои хурду миёна бо таъсиси беш  аз 120 ҷойи корӣ  босуръат ҷараён дорад.

Дар назар аст, ки корхонаҳои мазкур ояндаи наздик ба фаъолият шурӯъ намоянд.

Июль 31, 2019 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд