Дар Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ доир гардид

Июль 20, 2019 15:02

ДУШАНБЕ, 20.07.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои миллии суботи молиявӣ (Шӯро) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Шӯро – Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва бо иштироки роҳбарони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа гузориши масъулин вобаста ба чораҳои амалишуда дар самти пешниҳоди тадбирҳои афзалиятнок ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, механизми маблағгузории касри Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ва инчунин оид ба мушкилиҳои ҷойдошта шунида шуданд. Аъзои Шӯро оид ба масъалаҳои фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ дар таъмини суботи молиявии кишвар, инчунин вазъи низоми бонкӣ, татбиқи сиёсати монетарию қурбӣ, идоракунии хавфҳои ҷойдошта дар низоми молиявӣ-бонкӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузориҳо дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо кормандони соҳаҳои молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, ибрози назар карда, ба Шӯро пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.

Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйироти вазъи сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯза ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар самти беҳтар намудани фазои молиявии мамлакат  ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти миллӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.

Дар ин росто, барои нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиёти кишвар, бахусус низоми молиявӣ-бонкӣ саҳми шарикони рушд, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати гузаронидани ислоҳот, татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ва кӯмакҳои техникӣ дар самти устувории бахши молиявӣ нақши муҳим мебозанд.

Дар хотимаи ҷаласа, бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати таъмини рушди низоми молиявӣ-бонкӣ дар самти тадбиқи босамари сиёсати монетарӣ ва қурби асъор, андешидани тадбирҳо барои ҳалли мушкилоти ҷойдошта дар фаъолияти корхонаҳои азими давлатӣ ва такмили заминаи ҳуқуқӣ дар бахши бонкӣ қарорҳои дахлдор қабулгардида, аъзои Шӯро барои иҷрои саривақтии онҳо вазифадор карда шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Шӯрои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри  коҳиш додани хавфҳо, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 таъсис дода шудааст.

Июль 20, 2019 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид