МАРҲАБО, БА СӮИ ФУРӮҒИ ОДАМИЯТ! Имрӯз дар асри фанноварӣ эҳтиёҷи миллати мо ба китоб камтар аз эҳтиёҷ ба нон нест

Июль 23, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шанбеи гузашта Нашриёти «Адиб» дар маркази шаҳри Ҳисор ярмарка-фурӯши китоб  доир  намуд. Дар ин тадбири муҳими фарҳангӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, корхонаву ташкилот ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба маблағи беш аз 50 ҳазор сомонӣ китоб харид гардида,  ба китобхонаҳои шаҳр ҳадя карда шуд. Ин мавзӯъро  хабарнигори АМИТ «Ховар»  шарҳ медиҳад.

Дар ҳамоиши фарҳангӣ  раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумазода, адибони писандидаи мардум  Гулназар Келдӣ, Абдулҳамид Самад, Кароматулло Мирзо, Муҳаммад Ғоиб, инчунин  аҳли адабу фарҳанги шаҳр ва дигар дӯстдорони мутолиа иштирок намуданд.   Бояд тазаккур дод, ки ин  маъракаи фарҳангӣ барои сокинони Ҳисор ба як ҷашни бошукӯҳу хотирмон  табдил ёфт. Зеро онҳо имкон доштанд, ки дар  китобҳои харидаашон адибон соядаст гузошта,  бо шоирону нависандагони маъруфи тоҷик аз наздик шинос  ва ҳамсуҳбат шаванд. Шефтагони китоб инчунин тавонистанд  доир ба   китобҳои тозанашр  маълумоти муфассал пайдо намоянд. Аз ҷумла, 38 ҷилд «Ахтарони адаб», ки то кунун аз осори адибони классик аз устод Рӯдакӣ то Шамсиддини Шоҳин ба нашр расидаанд, бо нархҳои дастрас пешкаши  дӯстдорони каломи бадеъ гардонда шуд.

ДАР АКС: адибон Гулназар ва Кароматуллои Мирзо дар ҷараёни ярмарка-фурӯши китоб ба хонандагони асарҳояшон соядаст ҳадя намуданд

Иштиёқмандони мутолиа ҳамчунин имкон  доштанд китобҳоро аз осори адибони муосири тоҷик ва  нависандагони ҷаҳонӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дастрас намоянд.  

Иштирокдорони маҳфил иброз доштанд, ки дер боз муштоқи баргузории  чунин як барномаи  фарҳангӣ  буданд ва ба ташкилкунандагони он  изҳори сипос намуданд. Онҳо махсус таъкид намуданд, ки баъди солҳои тӯлонӣ бори аввал аст, ки дар шаҳри Ҳисор чунин маъракаи муҳими фарҳангӣ бо шукӯҳи хосса доир гардида,  мардум аз он  ғизои маънавӣ мегиранд.

ДАР АКС: ярмарка-фурӯши китоб дар шаҳри Ҳисор.

Бояд илова намуд, ки дар ин барномаи фарҳангӣ роҳбарияти нашриёти «Адиб» ҷиҳати таъмини кулли китобдӯстони водии Ҳисор, аз ҷумла ноҳияҳои Шаҳринаву Рӯдакӣ ва шаҳри Турсунзода бо теъдоди кофӣ китоб ҷудо намуда буд.

Мавриди зикр аст, ки  Нашриёти «Адиб»  иқдоми мазкурро  таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш»  ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ менамояд.

Мавриди зикр аст, ки олитарин рисолати китоб он аст, ки асарҳову наслҳоро ба ҳам мепайвандад, ҳастию зиндагиро маънӣ ва рушд мебахшад, нақши ганҷури маънавияти бани  башарро мебозад.

Бояд зикр намуд, ки ҳанӯз соли 2007 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ чунин суханони муҳиму таърихӣ садо доданд: «Бо назардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад. Ҳамчунин зарур аст, ки «Барномаи давлатии рушди саноати полиграфӣ барои солҳои 2008-2015» таҳия гардад ва барои минбаъд дар дохили мамлакат  нашр намудани адабиёти бадеӣ ва илмиву таълимӣ, коғазҳои қиматнок ва умуман, ҳамаи намудҳои маводи чопӣ бо ворид кардани таҷҳизоти муосир заминаи мусоиди моддиву техникӣ ба вуҷуд оварда шавад».

Шурӯъ аз ҳамон сол бо ташаббуси Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар мамлакат ҳамасола 4 сентябр Рӯзи китоб таҷлил мешавад.

Ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Дар ин бора Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2019 ба имзо расид.

Баргузории озмуни мазкур дар Тоҷикистон идомаи анъанаи фарҳангдӯстиву фарҳангпарварии халқи маънавиятгароямон буда, бо хештаншиносиву ифтихори миллии мо иртиботи ногусастанӣ дорад, зеро ба таъкиди Сарвари давлат, «аз қадимулайём шиносномаи миллати тоҷик меваи илму адабиёт – китоб буд».

Президенти маърифатоини мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш гуфта буданд, ки китоб аз муқаддасоти ҷовидонии миллат аст ва ҳеҷ василаю неруи дигаре дар ҳама гуна ҳолат ҷои онро гирифта наметавонад, аз ҷумла технологияи компютерӣ.

Ин гуфтаҳои Сарвари давлати моро  як донишманд ва ношири немис низ зимни суханрониаш дар расми ифтитоҳи Намоиши байналмилалии китоб дар шаҳри Душанбе тақвият бахшид. Ӯ гуфт, ки мувофиқи таҳлилҳои коршиносон ҳоло таваҷҷуҳ ба китоб бар асари компютер, интернет, марказҳои технологӣ, диск-китобҳо… дар тамоми ҷаҳон коҳиш ёфтааст. Мавсуф бар он бовар аст, ки ин раванди муваққатист ва тақрибан пас аз 3-4 соли дигар мардум аз нав рӯй ба китоби асил меоваранд, чун ба зарари радиатсионии воситаҳои технологӣ ба ҷисму ҷон ва ба чашмонашон бовар ҳосил мекунанд, зеро бар ангезаи онҳо вазъи саломатиашон гарон мешавад.
Воқеан ҳам, ин гуна таҳлилҳои коршиносон такя ба ҳақиқати ҳаёт доранду бовар карданианд, вале андешаи солим он аст, ки мо набояд ду даст дар пеши бар интизори он бинишинем, ки се-чор сол бигзараду саломатии мардум коҳиш ёбад ва аз нав руҷӯъ ба китоб кунанд. Ҳикмати баландест мардуми моро, ки «илоҷи воқеа-пеш аз вуқӯъ».

Моро лозим аст, ки тарғиби китоб бинамоем, бартарии онро нисбат ба дигар воситаҳои донишандӯзӣ ба таври возеҳу муассир ба ҳамагон, ба вижа, ба насли наврас бифаҳмонем.

Шояд дар арсаи ҷаҳон кам Сарвари давлате бошад, ки нисбат ба китоб ин қадар таваҷҷуҳу эътиқод зоҳир намояд. Аз ин лиҳоз мо аз Президенти ҷумҳуриамон сипосгузор ва ифтихормандем.

Воқеан, бо дастури муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази тамоми шаҳру навоҳии мамлакат  фурӯшгоҳҳои китоб таъсис дода шуданд, ки ин амал такони ҷиддие ба раванди тарғиби китоб дар мамлакат бахшид.

Пешвои миллат  на танҳо дар сухан, балки дар амал низ китобдӯсти воқеиянд. Беш аз даҳ сол аст, ки бо дастури он кас аз Хазинаи эҳтиётии Президент барои чопи китобҳои нависандагони Тоҷикистон ҳамасола маблағҳо ҷудо карда мешаванд ва дар ин замина Нашриёти «Адиб» беш аз ҳазор номгӯй китоб ба нашр расонд. Бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти хирадгустари мо дар нашриёти ватанию хориҷӣ китобҳои зиёде, амсоли китоби муқаддаси «Қуръон» (ба забони тоҷикӣ ва ҳуруфи кириллӣ), «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Донишнома»-и Рӯдакӣ, «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»… бо теъдоди калон ва сифати баланд чоп шудаву дастраси ҳамагон гаштанд. Чопи силсилакитобҳои «Ахтарони адаб» (дар 50 ҷилд, то имрӯз 25 ҷилдаш ба нашр расида), «Донишномаи кӯдакон ва наврасон» ва «Энсиклопедияи миллии тоҷик» (дар 12 ҷилд, то имрӯз 3 ҷилдаш дастраси хонандагон шуда) низ аз иқдомоти мондагору маърифатпарастонаи Сарвари давлат маҳсуб меёбанд. Гузашта аз ин, Президент зимни яке аз мулоқотҳояшон бо зиёиёни мамлакат изҳор доштанд, ки омодаанд ба чопи ҳар асари шоиста ва дар сатҳи баланд нигошташудаи адибони тоҷик мусоидат намоянд, тарҷума ва чопи ин гуна асарҳоро ба забонҳои русию англисӣ сарпарастӣ кунанд.

Тавре  сармутахассиси Маркази такмили ихтисоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон  Рухшона Каримова (дар акс) иброз дошт, барои он ки фарзандони мо, яъне насли наврас аз хурдсолӣ ба хондани китоб шавқу ҳавас пайдо кунанд, бояд дар хонаҳои худ дар ҷойи хурде ҳам бошад махсус китобхонае дошта бошем.

«То ҳамон кӯдак ҳар замоне, ки аз назди он гузарад, бе ягон гуфтугӯ   майли китоб намояд.  Дар ин маврид волидонро зарур аст, ки аз хурдӣ дар дили фарзанди хеш меҳри китобу китобхониро афзун намоянд, то ҳангоме, ки тифл ба мактаб равад, аз хондани китоб саркашӣ накунад. Бинобар ин мисли падару модараш бояд, ки китобро дӯст бидорад, то фардо ба қадри ин неъмати бебаҳо расида тавонад. На ин ки баръакс аз хондани китоб нафрат пайдо карда, варақҳову саҳифаҳои онро бераҳмона дарронда, ба рӯяш хатҳо кашида, ҳоли китобро бад кунад. Шавқи зиёд доштан ва ҷалб намудани насли наврасу ҷавон ба китоб аз оила ва баъдан аз мактаб вобастагии калон  дорад», -таъкид намуд Р.Каримова.

Дар ин робита, иқдоми Нашриёти «Адиб»-  ташкил намудани ярмарка –фурӯши  китоб таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш»   ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи тадбирҳои  муфиду саривақтӣ мебошад.
Тавре корбари шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» ва корманди Нашриёти «Адиб»  Раҳмоналӣ   Шералиев дар саҳифаи худ  нигоштааст: «Чунин тадбир аз ҷониби Нашриёти «Адиб» як моҳ пеш, (моҳи июн) ду дафъа дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»- и пойтахт роҳандозӣ шуд.

Дафъаи дуюм ин ҳамоиши фарҳангӣ  равнақи бештару ҷамъияти афзунтар дошт. Бо тавсеа ёфтану бештар шудани ҳузури харидорони китоб масъулини «Адиб» бо омодагии беҳтар бозорро гардон карданд. Дар раддаҳои намоишу фурӯш китобҳои нав афзуда шуд. Ҳузури толибилмону донишҷӯён  бозори онрӯзаи китобро  нисбат ба ҳафтаҳои пешин рангинтар гардонида буд. Умуман гулгаштҳои боғ пур  аз мардум  ва дар чеҳраи онҳо  рӯҳияи шодмонӣ ҳувайдо буд. Нависандагону шоирон, устодони макотибу донишгоҳҳо ва ходимони илму фарҳанг низ ин дафъа иштироки нисбатан фаъол доштанд. Нафаронеро дидам, ки аз 10 то 12-тоӣ китоб мехариданд. Ба назар мерасид, ки қимати фурӯши китобҳо харидоронро қонеъ мекунад. Як дӯстам, ки устоди донишгоҳ аст, мегуфт, ки фалон китобро ман ба қимати 80 сомонӣ харида будам, дар ин ҷо бо ними нарх онро дастрас кардам», — -иброз доштааст номбурда.
Ба андешаи Р.Шералиев, агар теъдоди нашри китобҳо афзоиш ёбад, қимати фурӯши онҳо низ бештар коҳиш ёфта, он барои ниёзмандон дастрастар мегардад.

«Ин як кори дастҷамъона аст ва тақозо мекунад, ки роҳбарони ҳамаи соҳаҳо дар ин самт мусоидат ва  ва фаъолона иштирок кунанд, зеро соҳае нест, ки ба китобҳои тахассусӣ ва адабиёти илмӣ ниёз надошта бошад»,- гуфтааст ӯ.

Мавсуф  ҳамчунин зимни  тасвири  идомаи ҳамоиши фарҳангӣ илова кардааст, ки кори хайри дигаре, ки дар доираи ин тадбири муҳим анҷом ёфт, маҳфиле адабӣ буд. Ин маҳфил дар фазои боз, дар саҳни пайкараи устод Рӯдакӣ бо иштироки адибону мухлисони адабиёт ба ёди шоири зебокалом Саидҷон Ҳакимзода гузаронида шуд. Шоирону нависандагон Гулназар, Шаҳрияи Аҳтамзод, Кароматуллои Мирзо, Абдулҳамид Самад, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғойиб, Камол Насрулло ва дигарон аз рӯзгори шоири шодравон барои аҳли маҳфил қиссаҳои аҷибу ибратомӯз гуфтанд.

« Он чи бештар ба ман писанд омад, ин буд, ки ҳама чиз дар саҳни боғ табиӣ буд ва ба таври худҷӯш ҷараён дошт. Чизе сохтаву маснӯӣ набуд, ки дилгиркунанда бошад. Умедворам, ки ҳафтаи оянда бозори китоб ва ҳамоиши китобдӯстону китобнависон равнақи бештаре дошта бошад ва доираи он дар саросари мамлакат фарогир гардад»,-чунин  хулоса кардааст  Р.Шералиев.
Рӯзноманигор Маҳмадалӣ Сафар, ки яке аз тарғибкунандагони фаъоли барномаи мазкур маҳсуб мешавад,  чунин нигоштааст: «Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст… Биёед, биандешем, ки ин мисраи машҳури шоири классики тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ имрӯз  то куҷо воқеият дорад? Боиси афсӯс аст, ки имрӯзҳо бештари мардум танҳоии худро бо ҳузур ёфтан дар шабакаҳои иҷтимоии интернет, тамошои шабакаҳои моҳвораӣ ва бозиҳои саргармкунанда дар гӯшиҳои ҳамроҳ пур мекунанд. Ҳатто дар муҳитҳои хонавода ва нишастҳои ҷамъӣ низ бештари мардум бо гӯшиҳои ҳамроҳи худ машғуланд, зоҳиран якҷо нишастаанд, вале ёду ҳушу қалбҳо дар ҷойҳои дигар ва бо касони дигар аст. Латифаи аҷибе ҳам дар ин хусус чанде пеш сари забонҳо шуда буд, ки ҷавоне ба дӯстонаш мегӯяд: Имшаб барқ набуд, интернет ҳам надоштам. Маҷбур шудам, ки бо хонагиҳоямон суҳбат кунам. Воқеан одамони хеле аҷибе будаанд)).

Чунин вазъият инъикосгари истифодаи бад аз интернет ва дигар фанновариҳои муосир аст, вале шахсе, ки бо мутолиа хӯ кардааст, дар интернет ҳам аз китобҳои электронӣ ва сомонаҳои адабию иттилоотии ҳирфаӣ истифодаи хуб мекунад».

«Аммо содиқона бояд иқрор кард, ки ҳеҷ яке аз инҳо ҷои китоби коғазиро наметавонад пур кунад. Хондани китоб кайфияти дигаре дорад, хусусан агар китоб тозанашр бошад, бӯйи коғази нав димоғи хонанда ва садои варақгардонӣ гӯши хонандаро менавозад. Ҳатто хонанда дар хотир мегирад, ки масалан фалон матлаб дар саҳифаи рости китоб буд ё саҳифаи чап, дар болои саҳифа буд ё дар поёни он. Чизеро, ки аз китоб мехонем, дар хотираамон беҳтару зудтар нақш мебандад»,-  ибрози назар  намудааст рӯзноманигор.

«Субҳи имрӯз Боғи устод Рӯдакӣ дар маркази пойтахт ба бозори китоб табдил ёфт. Мардум ҳолу ҳавои хуше доштанд. Чизе ки ман бештар мушоҳида кардам, хушҳолӣ дар чеҳраҳои мардум буд. Зеро чанд соли охир рӯзҳои шанбе ва якшанбе барои мардуми пойтахт дидани ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳукми анъана даромада буд, аммо мисле ки вазъ ҳоло тағйир кардааст: одамон ба фикри китоб ҳам шудаанд. Ин воқеан рӯйдоди фараҳбахш аст, зеро имрӯз, дар ин асри фанноварӣ эҳтиёҷи миллати мо ба китоб камтар аз эҳтиёҷ ба нон нест.

Ҳақ ба ҷониби Мавлоно Иқбол аст, ки фармуда:

Баргу сози мо Китобу Ҳикмат аст,
Ин ду қувват эътибори миллат аст.
Ҳар ду инъоми Худои лоязол,
Мӯъминонро он ҷамол аст, ин ҷалол
.

Чизи ҷолиби дигар дар ин бозори китоб ҳузури аҳли зиё, хусусан шоирону нависандагон аст. Хонандагону донишҷӯён ва ҳар нафаре, ки худро бо китоб пайванд медонад, бо муаллифони китобҳо суҳбат мекунанд, соядаст ва акс мегиранд ва ба қавле, маҳфилҳои адабии сарироҳӣ ҳам доранд.

Ташкилкунандагони иқдом барои ҷалби бештари мардум ба китоб ду кори хуби дигар ҳам мекунанд: якум, барномаи зиндаи фарҳангиест, ки бо иштироки ҳунармандону адибону дӯстдорони китоб аз оғоз то поёни бозори китоб доир мешавад ва дуюм, ҳамроҳи ҳар ҷилд китоб ба харидор як дона лотереяи «Китоб-манбаи дониш» тақдим мегардад. Хулоса, хеле хурсанд шудам, ки ахиран мардуми мо боз ба китоб рӯ меоранд. Бозори китоб ҳар рӯзи шанбе дар Боғи устод Рӯдакӣ доир мегардад. Биёед, ба фикри ғизои рӯҳи худ ва фарзандонамон низ бошем», -иброз доштааст мавсуф зимни инъикоси як рӯзи  ин намоишгоҳи китоб.

Хотиррасон менамоем, ки тӯли зиёда аз ду моҳ  нашриёти «Адиб» чунин  тадбири муҳими фарҳангӣ- ташкили ярмарка – фурӯши китобҳоро дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтару Ваҳдат, Хуҷанд ва Ҳисор баргузор намуд.

ДАР АКС: Корвони китоб дар ВМКБ.

Нашриёти «Адиб» ҳамасола беҳтарин китобҳоро бо таҳрир ва бо ороиши шоиста ба табъ расонда, рӯи дасти хонандагон мегузорад. Нашриёт байни хонандагон ва аҳли эҷод маъруфу маҳбуб аст ва ҳаводорони зиёд дорад. «Адиб» китоби Тоҷикистонро дар хориҷа низ муаррифӣ менамояд, дар озмунҳову намоишҳои байналмилалии китоб фаъолона ширкат меварзад.

Намоиш ва фурӯши сайёри «Корвони китоб», ки чанд соли охир аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мегузарад, маъракаи муҳиму бовусъатест дар арсаи маърифатгустарӣ ва тарғиби манбаи дониш – китоб.

«Корвони китоб» марҳила ба марҳила тамоми ҷумҳуриро сайр мекунад ва  тавассути барномаи рангини он аҳли мамлакат бо китобҳои тозанашр шиносоӣ пайдо менамоянд, китобҳои писандидаашонро мехаранд, аз суҳбати аҳли адаб бархӯрдор мешаванд, ба бисёр суолҳои хеш оид ба фарҳангу адабиёт посух меёбанд.

Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мардум «Корвони китоб»-ро гарм мепазиранд ва китобҳоро бо шавқу меҳри беандоза варақгардон мекунанд. Дар дурдасттарин мавзеъҳои мамлакат  борҳо мушоҳида  мегардад, ки мардум чӣ қадар пазмони китобу муштоқи суханони аҳли адабанд. Адибони маъруф аз ҳусни таваҷҷуҳу эҳтироми мардумони одии ҷумҳурӣ  ба китобу маънавият ба шавқ омада, бо камоли майл сухан мегӯянд, шеър мехонанд.

Чи зебову расо фармуда устод Рустами Ваҳҳоб:

Фурӯғи коинот аз офтоб аст,

Фурӯғи одамийят аз китоб аст.

Метавон ин корвон, Корвони китобро дарозтару  бузургтар кард бо мошинҳои зиёд ва дар пешгоҳашон «Туҳфаи Пешвои миллат» навишт, зеро чунин маъракаву тадбирҳо воқеан худ ҳадяи Ҷаноби олӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошанд ва бо дастуру раҳнамоии Сарвари давлат  роҳандозӣ мешаванд.

                                                                                              Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад