Тибқи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ Коллеҷи техникии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал гардид

Июль 31, 2019 09:22

ДУШАНБЕ,  31.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи рейтинги муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, рейтинги мазкур аз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, тибқи хулосаи комиссия ҷойи дуюм ба  Коллеҷи  тиббии ҷумҳуриявии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷойи сеюм ба Коллеҷи омӯзгорӣ ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дода шуд.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаи рейтинги мазкур дар ҷаласаи Шӯрои директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон эълон гардид. Зикр гардид, ки натиҷаи ташкили дурусти раванди таълим, роҳбарӣ, дастгирӣ ва назорати мунтазами фаъолияти ҳайати устодону омӯзгорон ва тамоми кормандон дар муассисаҳои мазкур буд, ки ба чунин дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар кори Шӯро муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, намояндагони вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласаи мазкур масъалаҳои нишондиҳандаҳои сифати таҳсилот дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, густариши ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бо субъектҳои бозори меҳнат, рушди низоми инноватсияи миллӣ ва азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар идомаи Шӯро доир ба таҳияи барномаҳои ягонаи фаннии ихтисосҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ бе назардошти такроршавӣ, масъалаи таълифи китобҳои дарсии ихтисосҳои амалкунанда дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва  масъалаи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ баррасӣ гардид.

 

Июль 31, 2019 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
НАВРӮЗ ДАР ЗАРАФШОН. Он бо «тухмҷангак»-и кӯдакон оғоз мегардад