«ЧИЛДУХТАРОН» САЙЁҲОНРО ТОРАФТ БЕШТАР ҶАЛБ МЕСОЗАНД. Дар ноҳияи Муъминобод сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ ва табобатӣ ба роҳ монда шудааст

Август 31, 2019 12:39

МУЪМИНОБОД, 31.08.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод ҷалби сайёҳон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ ва меҳмонони хориҷӣ  афзоиш ёфта, дар ин ҷо сайёҳии кӯҳнавардӣ, шикорӣ, экологӣ, табобатӣ ба роҳ монда шудааст. Бино ба иттилои мутасаддии  бахши сайёҳии ноҳия  Сафаралӣ Фозилов, дар  ҳашт моҳи соли равон беш аз 200 нафар аз маконҳои сайёҳии ин минтақа дидан намудаанд.

 «Мӯъминобод  диёри мардони сарбаланду накӯсиришт буда, табиати зебояш қалби ҳар як сайёҳу меҳмонро тасхир месозад.Мавзеи зебои Чилдухтарон ва чашмаҳову гиёҳҳои шифобахши он шуҳрати беандоза дошта, сокинонаш бо меҳмоннавозиву ҳимматбаландӣ ном баровардаанд», — зикр намуда буданд се мсол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари кории худ ба ин ноҳия.

Воқеан ҳам, шоҳкориҳои табиӣ ва ёдгориҳои нодири таърихиву фарҳангӣ, аз қабили Чилдухтарон, обанбори Мӯъминобод, ёдгориҳои мансуб ба асрҳои 9-10, аз ҷумла қалъаи Мӯъминобод, Шоҳи Хомӯш, чашмаву обҳои табобатӣ, иқлиму нарму табиати зебо ва гиёҳҳои шифобахш диққати ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷиро  торафт бештар ба худ мутаваҷҷеҳ месозанд.

Бинобарин дар ноҳия ба рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти хосса зоҳир мегардад. Бо ин мақсад дар ҷамоати деҳоти Чилдухтарон ва дигар мавзеъҳо шароити мусоид барои қабули сайёҳон ташкил гардида истодааст.

Дар ноҳия «Маркази  иттилоотии сайёҳӣ» таъсис дода шудааст, ки  ҳар нафар метавонад  аз он васеъ истифода барад. Инчунин дар маркази   иттилоотӣ  барои сайёҳон хайма, радио, хати об, харитаи сайёҳӣ, рахти хоб ва хатсайри  ноҳия ройгон пешниҳод карда шудааст.

Бахшида  ба Солҳои рушди деҳот,  сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия шиору банерҳо овезон карда шудаанд. Гуфта мешавад, ки  сайёҳон аз қалъаи Муъминобод, Чашмаи Хоҷа Хидир, Чашмаи Нур, Марқади Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста, Ганҷинаи  нақди  адабии олим, адабиётшинос ва мунаққиди  маъруф Соҳиб Табаров  дидан намуда, ба кӯҳи Чилдухтарон сафар менамоянд.

Дар ноҳия барои будубоши сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ  меҳмонхонаҳои шакли нав сохта шудаанд, ки  сайёҳон бе душворӣ дар онҳо иқомат карда метавонанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Муъминобод чун дигар шаҳру ноҳияҳо ободу зебо гардида, даҳҳо иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ ба истифода дода шуда, сокинони ноҳия бо ҷои кор ва шуғли доимӣ таъмин гардидаанд.

Дар бунёду навсозӣ ва ва муҳайё намудани шароити мусоид барои сайёҳон соҳибкорони маҳаллӣ саҳми назаррас  мегузоранд. Дар ноҳия ширкатҳои сайёҳӣ ташкил гардида, хатсайрҳои сайёҳӣ амал мекунанд.

                                                                                                     С.ХОЛОВ,
                                             хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар»

Август 31, 2019 12:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус