Дар Душанбе лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» баррасӣ гардид

Август 8, 2019 15:05

ДУШАНБЕ, 8.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳи пешакии миёнамуҳлати кумаки техникии омодасозии лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» семинар баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ҳамоиш  намояндагони вазоратҳои меҳнат, маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти оливу миёна ва соҳибкорон ширкат варзиданд. Зимни ҳамоиш Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи мутахассисони баландихтисос мебошад. «Тадбирҳои роҳбарияти ҷумҳурӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаи «Баланд бардоштани малакаи касбӣ ва имкониятҳои шуғл», ки идомаи лоиҳаи «Таҳкими таҳсилоти касбӣ ва омодагӣ» мебошад, сатҳи камбизоатӣ, ташаннуҷи бозори меҳнат ва осебпазирии иқтисодии кишварро ба омилҳои беруна коҳиш медиҳад»,-иброз дошт Сумангул Тағойзода. Муовини аввали Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода изҳор дошт, ки лоиҳаи нав аз ҷониби Бонки Осиёи Рушд дастгирӣ ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 онро тасдиқ намуд. Тарҳрезии лоиҳаи мазкур зери назорати қатъии роҳбарияти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гурӯҳи идоракунии лоиҳа қарор дошта, барои дар асоси нақша бо сифати баланд амалӣ намудан онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

«Айн замон тарҳрезии лоиҳаи мазкур бо ҷалби мушовирони байналмилаливу маҳаллӣ шурӯъ гардида, татбиқи амалии он соли 2020 дар назар аст. Лоиҳа ба масъалаҳои баланд бардоштани шуғли ҷавонону занон, ҷалб ва дастрасии қисмати осебпазири аҳолӣ ба таҳсилоти касбӣ ва дастгирии муҳоҷирон диққати махсус зоҳир менамояд, ки дар рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар мусоидат хоҳанд намуд»,-афзуд Эмин Сангинзода.

Э. Сангинзода тазаккур дод, ки  дар доираи лоиҳаи нав бунёди 3 Маркази рушди малакаҳо ва шуғл дар шаҳрҳои Душанбе (соҳаи туризм ва хизматрасонӣ), Роғун (соҳаи энергетика) ва ноҳияи Данғара (соҳаи кишоварзӣ) аз 3 маркази муҳоҷират дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва ноҳияи Восеъ ба нақша гирифта шудааст. Дар марказҳои рушди малака ва шуғл мутахассисон вобаста ба талаботи истеҳсолоти кунунӣ тайёр карда мешаванд. Дар марказҳои муҳоҷират муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар омода карда мешаванд.

Зикр гардид, ки омода намудани захираҳои меҳнатии баландихтисос яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон буда, барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ, шиддатнокӣ дар бозори меҳнат ва кам намудани осебпазирии иқттисодиёти Тоҷикистон аз омилҳои беруна мусодат хоҳад намуд.

Бояд  зикр намуд, ки ба ин масъалаҳо дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 афзалиятҳо дода шудаанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии мамлакатро яке аз самтҳои стратегии тараққиёти давлат муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо яке аз роҳҳои асосии расидан ба ин ҳадаф мебошад.

Тадбиқи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои корӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» дар амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба саноатикунонии мамлакат, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди малакаҳо мусоидат хоҳад кард.

 

Август 8, 2019 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
Ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо мақомоти давлатии Финляндия густариш меёбад
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
Озмоишгоҳи миллии референсӣ дар бахши озмоиши бактериологӣ соҳиби Сертификат ва баҳогузории 100-фоиза гардид
«БАРОБАРИИ ГЕНДЕРӢ– ҲАДАФИ РУШДИ УСТУВОР». Дар Душанбе вохӯрии занони Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд