Рисолати табиб садоқати ў ба қасами ёдкардааш мебошад

Август 18, 2019 08:28

ХУҶАНД, 18.08.2019. /АМИТ «Ховар»/.   Шурӯъ аз соли 1994 ҳамасола дар Тоҷикистон  18 август вобаста ба зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино иди касбӣ -Рӯзи кормандони тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон солимии ҷомеа ва солимии миллат яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи  сиёсати  давлатдории   ҳар  як  мамлакат ба ҳисоб мерафт.

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон давоми ду даҳсолаи охир маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат соҳаи тандурустӣ рӯ ба рушд ниҳода, имрӯз дар самти пешбурди ин соҳа дар мамлакат якчанд барномаҳои давлатӣ қабул ва роҳандозӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, вобаста ба масъалаи тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, бунёд ва таъмиру навсозии биноҳои табобатӣ ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳазгардонии иншооти соҳа дар шаҳру ноҳияҳо  диққати хосса дода мешавад.

Дар робита ба ин рӯз ва бурду бохти соҳаи тандурустӣ дар вилояти Суғд  хабарнигори АМИТ  «Ховар» Абдуаҳад ШАРИФЗОДА бо вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, номзади илмҳои тиб, сартабиби Таваллудхонаи вилоятӣ Шоира БУЗУРУКОВА  ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»:  Сароғоз дар шахсияти шумо кулли кормандони соҳаи тандурустии вилоятро бо иди касбии кормандони тибби ҷумҳурӣ табрик мегӯем. Баъдан бигўед, ки табибони вилояти Суғд иди касбиашонро бо кадом дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол мегиранд?

Ш.Бузурукова: Ташаккур. Тавре Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ борҳо зикр намудаанд, соҳаи нигаҳдории тандурустӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҷомеа ба шумор меравад. Солимии ҷомеа- ин боигарии асосии давлат буда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  пайваста бо мақсади ҳифзи саломатии мардум баҳри боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Дар ин робита мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Раёсати тандурустии вилоят ва ташкилоту муассисаҳои дигари соҳа ҷаҳд доранд, ки ба сокинони вилоят хизматрасонии босифат ва муосири тиббӣ дастрас бошад.

Ҳоло кормандони соҳаи тандурустии вилоят, аз ҷумла Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд иди касбии худро бо дастовардҳои назаррас дар самти амалишавии барномаҳои давлатӣ, сохтмону навсозии иншоот ва муҷаҳҳазнамоӣ бо таҷҳизоти замонавӣ, омоданамоии кадрҳои баландихтисос ва беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ истиқбол гирифта истодаанд.

АМИТ «Ховар»: Табиист, ки дастовардҳои соҳаи тибу табибон, ки соҳибони ин касби пуршараф маҳз бо саломатии инсон сарукор доранд,  худ аз худ пайдо намешаванд?

Ш. Бузурукова: Албатта. Ин муваффақиятҳо, пеш аз ҳама, ба шарофати тинҷиву осудагии мамлакат, ки бо заҳматҳои бепоёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон фароҳам оварда шудаанд, дастгириву пуштибонии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи ичтимоии ахолии ҷумҳурӣ, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба даст омадаанд.

Рисолати асосии табиб- ин содиқ мондан ба қасами ёдкардааш буда, дар ин муддат кормандони тандурустии вилоят ҳамин рисолати азалии хешро сарбаландона адо менамоянд.

Тавре медонем, сарфи маблағҳои буҷетӣ имсол низ бештар ба соҳаи иҷтимоиёт ва ҳифзи тандурустӣ равона карда шудаанд. Давоми ҳафт моҳ аз буҷети вилоят баpои таъмини эҳтиёҷоти соҳаи тандуpустӣ ҷудо гаpдидани 230,9 млн. сомонӣ, бешак ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, бунёди иншооти нави тиббӣ, таъмин шудан бо таҷҳизоти замонавии табобатӣ заминаи мусоид гузошт.

Дар робита ба ин мебояд зикр кард, ки кормандони Таваллудхонаи  вилоятии Суғд, ки дар он беш аз 350 нафар занон, кормандони соҳаи тиб фаъолият доранд,  аз ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат баҳраманданд. Аз ҷумла, бо дастгирии Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд соли 2004  бинои якум, баъдан соли 2013 бинои дуюми таваллудхонаи вилоятӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, он бо 68 навъ таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва ҳамзамон биноҳои нави ташхисгоҳ, хонаи ҷомашӯйӣ, буғхона ва сехи  кислородӣ низ ба истифода дода шуданд.

Имрӯз маҳз таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат аст, ки Таваллудхонаи вилоятии Суғд ба номи Ӯғулой Шамсиддинова дар соҳаи момопизишкӣ ва навзодшиносӣ яке аз муассисаҳои бонуфузи тиббии мамлакат шуморида шуда, дар раванди сиҳатии модару кӯдак саҳми босазо  дорад.

Инчунин чанде пеш бо дастгирии роҳбарияти вилоят таҷҳизоти томографияи магнитии рақамии резонансӣ низ аз нав фаъол гардонида шуд, ки ин ҳама шароити мусоиди корӣ метавонад баҳри пешгирӣ намудани фавти модару кӯдак, коҳиш додани теъдоди бурриши қайсарӣ ва хизматрасонии босифат мусоидат намояд.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло дар вилоят чанд барномаҳои давлатӣ роҳандозӣ гардидаанд ва ҷараёни татбиқи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30 –солагии Истиқлолияти давлатӣ чӣ гуна аст?

Ш.Бузурукова: Бояд гуфт, ки дар вилояти Суғд ба ҳифзи саломатии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар нимсолаи якум баҳри амалӣ намудани барномаҳои «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010–2020», «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас роҳандозӣ гардида истодаанд, ки худ бозгӯи тадбирҳои амалӣ мебошанд.

Инчунин дар доираи омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ тибқи нақша дар солҳои 2019- 2021 сохтмон, навсозӣ ва таъмири 577 иншооти  соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои  Хуҷанд, Панҷакент, Конибодом, Айнӣ, Деваштич, Бобоҷон Ғафуров,  Кӯҳистони  Мастчоҳ сохтмони шуъбаҳои марказҳои табобатӣ ва беморхонаҳо,  дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров сохтмони марказҳои саломатӣ ва дар Панҷакент, Истаравашан, Исфара, Айнӣ, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷаббор Расулов сохтмони бунгоҳҳои саломатӣ  давом доранд.  Ҳамзамон давоми шашмоҳаи сипаришуда дар вилоят таъмиру тармим ва навсозии беш аз 90 иншооти соҳаи тандурустӣ ба итмом расонида шудааст.

АМИТ «Ховар»: Ин раванд дар Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд чӣ гуна аст?

Ш.Бузурукова: Бояд гуфт, ки Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд соли 1936 таъсис ёфта, имрӯз он дорои 210 кати қабул буда, имрӯз ба занон кумаки тахассусии акушерӣ ва неонаталӣ, аз ҷумла пешбурди таваллудҳои оризанок, буриши қайсарӣ ва кумаки неонатологиро ба навзодони норасида ва аз он зиёд, кумаки ташхисию табобатӣ ва барқарорсозии гинекологӣ мерасонад.

Давоми  шашмоҳаи аввал дар муассиса 2047 нафар ҳомиладорон аз муоинаи ТУС, 553 нафар аз муоинаи ТМР ва 123 нафар аз скрининг гузаронида шуда, 45  намуд нуқсонҳои дохилибатнии тифлон дарёфт карда шуданд.  Инчунин дар нимсолаи аввал 2712  валодат, аз он 85 дугоникҳо  ба қайд гирифта шудааст.

Инчунин дар ин давра дар ҳудуди муассиса якчанд корҳои ободонӣ, аз ҷумла сафолакпӯшкунии роҳрав, панҷарабандии мавзеи партовгоҳ ва сехи оксигенбарорӣ, таъмири асосӣ дар ду ҳуҷраи шуъбаи амрози занона ва ҳуҷраи табибони шуъбаи модару кудак, ду ҳуҷраи шуъбаи амрози ҳомила, даромадгоҳи шуъбаи навзодон гузаронида шуда, дар ҳудуди саҳни таваллудхона прожектори нав ва чароғҳои замонавии равшанкунанда насб, тирезаҳои чанд шуъбаҳо навсозӣ гардида, тариқи шанбегӣ саҳн ва майдонҳои полезӣ ва сабзазоркунӣ ба масоҳати 600м2 побел ва 1300м2 аз алафҳои бегона тоза карда, 700 бех ниҳоли мевадор, 7 бех ниҳоли арча ва 300 дона гули лола ва 1300 дона гули ороишӣ шинонида  шуданд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар вилоят чанд муассисаи нигаҳдории тандурустӣ амал мекунанд ва таъминот бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ дар кадом сатҳ аст?

 Ш.Бузурукова:   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳа ва воридсозии таҷҳизоти навтарини тиббӣ ва ба ин васила беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Имрӯз дар вилояти Суғд беш аз ҳазору сад муассисаҳои тандурустӣ  бо фарогирии зиёда аз панҷ ҳазор табибон ва беш аз ҳабдаҳ ҳазор кормандони миёнаи тиббӣ ба аҳолии вилоят хизмат мерасонанд.

Дар ин робита, давоми ҳафт моҳ дар самти харидории таҷҳизоти тиббӣ ба муасисаҳои соҳаи тандурустии вилоят, аз ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи 9,9 млн. сомонӣ, 1098 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ ва дастрас карда шуданд, ки ин бешубҳа, ба пешрафти соҳа дучанд мусоидат хоҳад кард.

Албатта, соҳаи тандурустӣ низ аз камбудиҳо холӣ нест, аз ин лиҳоз изҳори боварӣ карда мешавад, ки дар доираи иҷрои дастуру супоришҳо ва ҷаҳду талоши Пешвои миллат баҳри солимии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, дар ин замина кормандони Таваллудхонаи марказии вилояти Суғд низ  масъулиятро дучанд намуда,  баҳри болоравии маърифати санитарии аҳолӣ, расидан ба нишондиҳандаҳои мусоиди вазъи саломатии сокинон, алалхусус модарону кӯдакон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани бемориҳои сироятӣ ва дорои аҳамияти иҷтимоӣ, ташаккули ҷисмонии наврасону ҷавонон софдилона меҳнат намуда, ба ин васила ба натиҷаҳои назаррас комёб мегарданд.

Дар интиҳо, бо истифода аз фурсат кулли ҳамкасбонро бо фарорасии иди касбӣ — Рўзи кормандони тиб самимона муборакбод гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ, саодати зиндагӣ ва барору муваффақиятҳо таманно дорам.

Август 18, 2019 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода