«Шахсиятҳои бузург лоиқи ҳама гуна ҷоизаанд», «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан», «Муҳаббати худро аз фарзанд дареғ надоред!»- шарҳи матбуоти даврӣ

Август 30, 2019 15:42

ДУШАНБЕ, 30.08.2019. /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом  мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон  доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.

Дар  шумораи навбатии  Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» (27.08.2019, № 164)   аз ифтитоҳи корхонаҳои заргарӣ ва «Сиёма» дар шаҳри Душанбе  ва фаъолияти ҶСП «Заводи асфалту бетон» гузориши мукаммал  ба нашр расидааст.

Дар  гузоришҳои мазкур, аз ҷумла дар бораи ифтитоҳи корхонаи «Сиёма» чунин омадааст: «Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳсолу ба харидорон пешниҳод намояд.  Ба иттилои масъулон, технологияи насбшудаи корхонаи мазкур истеҳсоли ширкати маъруфи «Сидел»- и Франсия буда,  он дар асоси стандартҳои муосири байналмилалӣ фаъолият мекунад. Муҷаҳҳазсозии корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии  «Сиёма»-ро мутахассисони Франсия, Италия, Полша, Чехия, Россия, Сербия, Мексика, Аргентина ва Испания анҷом дода, технологияи «Сидел» пурра ба таври  автоматӣ фаъолият менамояд».

«Корхонаи заргарии «Зари тоҷик» дар заминаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Равшан», ки соли 2012 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд бо мақсади коркарди ашёи хоми ватанӣ  ба истифода дода шуда буд, фаъол гардонда шудааст. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ошёнаи якуми бинои корхонаи «Зари тоҷик» нахуст аз гӯшаи намоиши маҳсулоти тайёри заргарон дидан намуданд.
Таъкид гардид, ки корхона дар асоси дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти олии мамлакат дар самти расидан ба саноатикунонии босуръати  мамлакат  сохта шуда, дар он феълан 50 нафар, аз ҷумла 20 нафар занону духтарон ба кори доимӣ  ҷалб гардидаанд. Маоши коргарон вобаста ба сатҳи касбият ва ҳаҷми корашон  аз 1500 то 3000 сомонӣ пардохт карда мешавад», — чунин омадааст дар гузориши дигари ин саҳифа  оид ба ифтитоҳи корхонаи заргарӣ дар пойтахт.

Ҳамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият»  таҳти сарлавҳаҳои «Помир энержӣ. Қарздорӣ коҳиш ёфт», «Ду медали тиллои як бонуи тоҷик», «Дар дил ғаму афғони ту, Афғонистон!», «Иди ангур. Иқдоми муҳиме барои муаррифии дастовардҳои  токпарварон», «БМТ. Ҳадафи  тасҳеҳ коҳиш додани фишорҳои қурбию асъорӣ ва таъмини шаффофият аст»  ва дигар мақолаҳои ҷолиб ба чоп расидаанд.

Дар нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум»  (№104 аз 29.08.2019)  дар баробари хабару гузоришҳои  расмӣ таҳти сарлавҳаҳои «Ноҳияи Ҳамадонӣ. Бунёди 196 иншоот ба нақша гирифта шудааст», «Шахсиятҳои бузург лоиқи ҳама гуна ҷоизаанд», «Қонун «Дар бораи ҳунармандӣ» ҳунармандонро боз ҳам рӯҳбаландтар кард», «Кумаки унвонии иҷтимоӣ. Он ба кӣ ва барои чӣ дода мешавад?», «Тарҷумони қавм рӯзномаи он аст», «Консепсияи рушди соҳаи ангишт таҳия шуд», «Дар Хоҷа Оби Гарм аз хастагӣ осоре намемонад»   маводи таҳлилӣ  ва  манзумаи «Хусравнома» чоп гардидаанд.

Дар мақолаи «Шахсиятҳои бузург лоиқи ҳама гуна ҷоизаанд» як гурӯҳ  шаҳрвандони   ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз ҷумла   сардори ситоди ҷомеаи ӯзбекони Тоҷикистон, узви Ҷамъияти «Сипарони Ватан»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Исомиддин Аслонов,  сокини деҳаи Чодаки ноҳияи Поп, вилояти Намангон  Равшанбӣ Ғоибназарова, муаллимони мактабҳои № 50, 26 ва 20—и ноҳияи Поп Гулшаной, Рӯшаной ва Наргиза Исомиддинзодаҳо ва  хизматчиёни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Ӯзбекистон  Муҳаммад Зафариддин ва Муҳаммад Зайналобиддин, нафақахӯрон аз шаҳри Чуст Баҳодур Ҳакимов, Махфират Ҳакимова ва Турғунбой Қурбонов дар бораи аз нав барқароршавии муносибатҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳарду миллати ҳамфарҳанг,   дар бораи  ташрифи  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон муҳтарам Шавкат Мирзиёев 9 марти соли 2018 ба шаҳри Душанбе – пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули  самимонаю гарму ҷӯшони мардуми Тоҷикистон аз ӯ ибрози назар намудаанд. Номбурдагон  мақолаи мазкурро бо чунин матлаб анҷом  бахшидаанд: «Мо ин ду шахси абарқудратро қаҳрамонони асри XXI мешуморем ва онҳоро арзандаи мукофотҳои олии байналмилалӣ, аз ҷумла, Ҷоизаи Нобел медонем».

Дар шумораи навбатии  Нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета»  (28.08.2019,№36) гузориш  оид ба  иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кушодашавии Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти машруботии «Сиёма» дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт чоп гардидааст. Инчунин дар ин шумора ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муфассал  инъикос  шудааст.

Дар ин шумораи рӯзномаи «Народная газета»    «Рахмон Озода Эмомали – Посол Международной организации «Женщины – политические лидер» в Таджикистане» рўи чоп омад, ки дар он  чунин зикр  шудааст: «Созмони байналмилалии «Занони Сиёсатмадори Роҳбар» пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Точикистон оид ба Сафири Созмони мазкур дар Тоҷикистон таъйин намудани  Раҳмон Озода Эмомалӣ — раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуниятро қобили қабул донист».

«Независимость – наивысшее достижение таджикского народа» аз маводи дигари рӯзнома аст, ки  дар бораи дастовардҳои даврони соҳистиқлолии Тоҷикистон тӯли  28 соли мавҷудияти он  нақл мекунад.

Ҳамзамон таҳти сарлавҳаҳои «Профилактика экстремизма в молодежной среде», «Паломники возвращаются  на Родину», «Школьные ярмарки – на радость детям и родителям», «Делегация Таджикистана участвует в фестивале «Шарк тароналари» ва дигар матолиби хонданбоб нашр гардидаанд.

Нашрияи КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе  «Мароми пойтахт» (№32 (573) аз 28.08.19) дар баробари нашри хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ,   инчунин дигар рӯйдодҳои сиёсиву иҷтимоии шаҳрро  ба таври васеъ  инъикос намудааст.

Ин ҳафта бо ташаббуси  КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе иқдоми хайриявӣ таҳти унвони «Роҳ ба сӯйи мактаб» ва  дигар  машғулияту ҳамоишҳо  доир гардиданд, ки  аз ҷараёни онҳо хабару гузоришҳо  дар  рубрикаи  «Ҳаёти ҳизбӣ» — и рӯзнома   нашр гардидаанд.

«Рӯзи дониш» дар Тоҷикистон  аз мавзӯъҳои дигари муҳими рӯзномаи  «Мароми пойтахт» маҳсуб мешавад. Бояд гуфт, ки ин рӯз   дар  аксар кишварҳои ҷаҳон ҷашн  гирифта мешавад.  Хабарнигори нашрияи   «Мароми пойтахт»  дар ин бора  маводеро  таҳия намудааст, ки  дар куҷо  ва чӣ гуна истиқбол гирифтани        «Рӯзи дониш»-ро    шарҳ додааст.

Бо фаро расидани фасли тирамоҳ ҳамоно гарм боқӣ мондани ҳаво  бори дигар аз тағйирёбии иқлим шаҳодат медиҳад. Дар ин робита, дар  нашрия  мақолае таҳти  сарлавҳаи «Гармии зиёд ба кори узвҳои ҳозима чӣ таъсир дорад?»  ба табъ расида, маълумоти  ҷолибу муфидро  пешниҳоди хонандагон намудааст.

Нашрияи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон  «Омӯзгор»  (№35, 29.08.19)  таҳти сарлавҳаи «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан» паёми табрикии Вазири маориф ва илми ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саидро ба ифтихори соли нави таҳсили 2019-2020 ба нашр расонидааст. Дар ин табрикот, аз ҷумла чунин омадааст: «Ҳамасола дар оғози соли нави таҳсил дар Тоҷикистони азизамон Рӯзи дониш, Рӯзи Китоб ва «Дарси сулҳ» баргузор мешаванд. Ин басо рамзиву нишотбахш ва манфиатовар аст. Ҳар як инсон маҳз ба шарофати донишу илмомӯзӣ ба маънавиёти комил мерасаду дар ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки бузургони миллатамон пайваста ситоиши дониш кардаву онро сипару болу пари инсон, роҳнамо ба сӯи қуллаҳои мурод номидаанд. Хикматест машҳур, ки  «Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан, Ба дониш тавон риштану бофтан». Дониш дар китобҳост ва ҳар касе, ки ба китоб унс мегирад, ояндаи хешро мунаввар месозад ва хизмати арзанда ба халқу миллат хоҳад кард».

Хамчунин дар ин шумораи рӯзномаи «Омӯзгор» таҳти сарлавҳаҳои  «Таъмиру тармими таълимгоҳҳо дар кадом ҳолат қарор дорад?», «Китобҳои дарсии адабиёти тоҷик таҷдиди назар мехоҳанд», «Чаро омӯзгорони ҷавон ба кор ҳозир намешаванд?», «Тарбияи шогирдон кори саҳл нест», «Муҳаббати худро аз фарзанд дареғ надоред!» ва  «Беҳтарин ёри вафодор китоб аст» ба нашр расидаанд.

Муаллифи мақолаи «Муҳаббати худро аз фарзанд дареғ надоред!»  оид ба масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ибрози назар намуда, аз ҷумла нигоштааст: «Имом Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ  дар асари бузурги худ «Насиҳат –ул-мулук»  фармудааст: «Падару модар ба чашмае монанд мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Август 30, 2019 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он
Дар Тоҷикистон соҳаи аритмиология рушд меёбад
«ОИЛАИ НАМУНАВӢ». Дар ноҳияи Дарвоз се оила сазовори ҷойҳои намоён шуданд
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
Дар шаҳри Гулистон ба баланд бардоштани тарбияи ватандӯстӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон аҳамияти хосса дода мешавад
Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон бо ҷавонони гуногункасб мулоқот доир шуд
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин