Анҷоми сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон

Сентябрь 12, 2019 08:56

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 12 сентябр сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб анҷом ёфт.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи як зумра  иншооти ҷашнӣ ба истиқболи сазовори 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок карда, бо сокинон мулоқоти судманду самимӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб чаҳор боғу гулгаштро, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳр сохта шудаанд, ба истифода доданд. Илова бар ин 50 иншооти соҳаи илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдову хизматрасонӣ ва корхонаи парандапарвариро бо муҳайё сохтани 500 ҷойи кори нав ифтитоҳ намуда, ба бунёду навсозии роҳҳои дохилишаҳрӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Бо бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти таъйиноти гуногун дар шаҳри Кӯлоб сокинони зиёде бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Ҳамаи тадбирҳои созанда ва бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва рушди устувори соҳаҳои иқтисодии ҷомеа равона гардидааст.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони шаҳри бостонии Кулоб бо самимияти хосса ва садоқати бепоён ба Пешвои муаззами худ гусел карданд.

Сентябрь 12, 2019 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёевро истиқбол гирифтанд
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд