Дар Душанбе маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ муаррифӣ гардид

Сентябрь 12, 2019 15:20

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар шаҳри Душанбе  маросими муаррифии маҷмӯаи дастурҳои ғизои мактабӣ баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад,  дар ин ҷамъомад муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи Озуқавории ҷаҳонии СММ (БОҶ), Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия ва дигар ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

Дар ҷамъомад зикр гардид, ки маҷмӯи дастурҳои ғизои мактабӣ 116 номгӯй хӯрокҳои миллии тоҷикиро дар бар мегирад. Ҳадафи асосии он таъмини ғизои гуногун  ва солим ба ҳисоб меравад. Таомҳо  бо назардошти  анъанаҳои  миллии тоҷикӣ интихоб гардида, хеле одӣ ва аз маҳсулоти ғизоии дастрас омода мегарданд.

Китоби мазкур дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи ғизои соҳавии Федератсияи Россия таҳия гардидааст.

Ғизои хуб  асоси саломатии ҳар яки мо буда, хусусан ба кӯдакону наврасон  барои баланд бардоштани қобилияти рушди  ҷисмонӣ,  зеҳнӣ ва   масунияти бадан  таъсир мерасонад. Ин нуктаро зимни ҳамоиш муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мирҳамуддин Камолзода иброз намуд.

Ба гуфтаи М.Камолзода, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо мақсади  таъмин намудани  озуқавории бехатар, таъмини сифат  ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ  то имрӯз якчанд  қонуну дастурҳоро амалӣ гардонида истодааст. Чанде қабл   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда»  тасдиқ гардид, ки ин, албатта, барои  боз ҳам  беҳтар гардидани сифату бехатарии маҳсулот ва таъмин намудани озуқа таъсир мерасонад.

Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда танзим намуда, асосҳои ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ намудани норасоиҳои микронутриентӣ ва бемориҳои вобаста ба онро муайян мекунад.

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин, чун  бехатарии маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, хусусияти маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда, ки истифода ва ё нигоҳдории барои ҳаёт ва саломатии аҳолӣ бехавфро давоми муҳлати истифодаи муқарраргардида таъмин намуда, барои саломатии насли ҳозира ва оянда бехатар мебошад, истифода мешаванд.

Қонуни мазкур ба он равона гардидааст, ки зимни пешниҳоди хӯроквории ғанигардонидашуда
бемориҳои зиёди вобаста ба норасоии йод дар организм – ҳолатҳои номуътадиле, ки аз вайрон шудани фаъолияти ғадуди сипаршакл дар натиҷаи норасоии йод дар ҷисми инсон пайдо мешаванд (паст шудани қобилияти зеҳнӣ, камақлӣ, бачапартоӣ, таваллуди кӯдаки мурда ва ғайра) пешгирӣ шаванд.

Зикр шуд, ки ин китоб нашри дуюм буда,  нашри аввали он соли 2016 ба табъ расида, ҷоизаи «Беҳтарин дар ҷаҳон»-ро соҳиб гардид. Маросими ҷоизасупорӣ дар шаҳри Янтайи  Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид.

Китоби мазкур барои ошпазони ошхонаҳои мактабӣ пешбинӣ  шуда, дар он баробари таомҳои миллии тоҷикӣ, ҳамчунин таомҳои миллии халқҳои гуногун, назири Қирғизистон, Арманистон,  Россия, Италия, Бразилия ва Америка шомил шудаанд.

Сентябрь 12, 2019 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ва Институти байналмилалии Осиёи Марказӣ масоили ҳамкории илмию таҳлилиро баррасӣ намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ. Аз 1 апрел кормандони мақомоти давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва ташкилотҳои давлатӣ ба омӯзиши ҳатмии забонҳои хориҷӣ фаро гирифта мешаванд
Дар ноҳияи Айнӣ сеюмин ҳамоиши гирандагони стипендияи президентӣ баргузор шуд
НАВРӮЗИ ХУҶАСТАПАЙ МУЖДАИ НЕКИ БАҲОРИ ХУРРАМ. Дар Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳи хоса таҷлил шуд
Тоҷикистон терроризму ифротгароиро қотеона маҳкум менамояд
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
Кормандони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷашни Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд