Дар таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ширкат намуд

Сентябрь 10, 2019 11:10

ДУШАНБЕ, 10.09.2019/АМИТ «Ховар»/. Сокинони шаҳри Ҳисор чун мардуми дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 28-умин солгарди  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фазои сулҳу субот бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ таҷлил  намуданд.

Зимни ҷамъомади  тантанавие, ки ба ифтихори ин санаи таърихӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хисор доир гардид, муовини  Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода сокинони ин шаҳри бостониро бо ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ  табрик намуда, ба онҳо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва дар роҳи ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва саҳм гузоштан  дар раванди корҳои бунёдкорию ободонӣ дар мамлакат комёбиҳо орзу намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим зикр намуд, ки сокинони шаҳри  Ҳисор ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба  дастовардҳои назаррас, шоҳкориҳои олии зеҳниву маънавӣ мушарраф гардида, дар рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол  саҳми муносиб мегузоранд.

Гуфта шуд, ки сокинони шаҳри Ҳисор  дар роҳи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, анъанаҳои неки аҷдодӣ, ҳувият, худшиносии миллӣ ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдорӣ дучанд фаъолият намуда, бо бунёд, таъмир ва навсозии беш аз 610 иншооти нақшавӣ бахшида ба ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  Ҳисорро ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи иқтисодӣ, саноатию аграрӣ ва минтақаи сайёҳии Тоҷикистон табдил медиҳанд.

Ҳамзамон муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ба се нафар сокинони шаҳри Ҳисор дар маросими ботантана мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.  Барномаи консертии аҳли фарҳанги шаҳр ба базмгоҳи ҷашнӣ шукӯҳи хосса зам намуд.

Сентябрь 10, 2019 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин