ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад

Сентябрь 30, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 30.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи  абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мегардад.

Тавре  аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва барф пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти шарқ бо  суръати 2-7  метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 20+25 дараҷа  гарм мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13  дараҷа  гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр барф) пешгӯӣ мегардад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, шабона дар баъзе ҷойҳо то 17-22 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8  ва   рӯзона  20-25  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво тағйирёбандаи абрнок ва бебориш шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои наздикӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8, шабона мутаносибан то 15-20 метр дар як сония вазида, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 26+31  дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 14+19 ва рӯзона 19+24  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи абрнок мешавад. Дар доманакӯҳҳо боридани борони кӯтоҳмуддат, ба амал  омадани раъду барқ, (дар ағбаҳо боридани барф) пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония  мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13, рӯзона 23+28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5+10 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 10+12 ва рӯзона 22+24 дараҷа  гарм мешавад.

Сентябрь 30, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт