Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғараро ба истифода доданд

Сентябрь 12, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои Кумитаи идораи замини ноҳияро дар вазъияти тантанавӣ ба истифода доданд.

Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара сохторҳои зертобеи дар ноҳиябудаи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд.

Иншоот аз панҷ ошёна иборат буда, дорои 24 утоқи корӣ, синфхонаи омӯзишӣ, утоқи истироҳатӣ, маҷлисгоҳ, меҳмонхона, идораи бойгонӣ, ошхона, ҳуҷраи техникӣ ва дигар ҳуҷраҳои зарурӣ мебошад.

Ҳамчунин ҷиҳати фароҳамсозии шароити арзандаи корӣ техникаву дастгоҳҳои муосир барои фаъолияти кормандон насб карда шудаанд.

Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара бо риояи унсурҳои хоси миллӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд карда шудааст.

Барои дар ҳама фасли сол таъмин намудани кормандон бо неруи барқ трансформатори иқтидораш 16 кВ насб карда шудааст.

Дар баробари ин атрофи бино низ чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу бутта ва ниҳоли дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ сохта шуда, дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин ниҳоди мамлакат гардид.

Аснои ба истифода супоридани иншооти мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони сохторҳои таркибии Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои дар чунин шароити замонавӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии масъулияти бардӯшдошта ва дар сатҳи баланд ба мардум хизмат расонидан вазифадор карданд.

Ба истифода додани бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Данғара 12.09.2019

Сентябрь 12, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд