Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба азнавсозии роҳи мошингарди Мӯъминобод-Кӯлоб оғоз бахшиданд

Сентябрь 10, 2019 07:41

ДУШАНБЕ, 10.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Мӯъминобод нахуст аз иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Мӯъминобод» шурӯъ гардид.

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми «Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ карда мешавад.

Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Роҳи автомобилгади Кӯлоб-Мӯъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.

Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад.

Аснои иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод», Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулонро бобати бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор карданд. Зеро ба таъкиди Сарвари давлат, маҳз сифати тадбирҳои сохтмонӣ имкон фароҳам хоҳад овард, ки ин иншоот солҳои тӯлонӣ ба мардум хизмат кунад.

Оғози корҳои таъмиру таҷдид дар ин қисмати роҳи мошингарди Кӯлоб-Муъминобод, дар рӯзҳои таҷлил аз солгарди 28-уми Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси фараҳмандии сокинони саодатманди ноҳияи Муъминобод гардида, онҳо барои талошҳои хастанопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рафъи мушкилоти иҷтимоӣ ва таъмини зиндагии шоиста арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Оғоз бахшидан ба азнавсозии роҳи мошингарди Муъминобод-Кӯлоб 10.09.2019

Сентябрь 10, 2019 07:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд