Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди меҳмонхонаи 5-ситорадор дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд

Сентябрь 4, 2019 11:47

ДУШАНБЕ, 04.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 4 сентябри соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар яке аз мавзъҳои зебоманзари пойтахт — кӯчаи Низомии Ганҷавии ноҳияи Сино бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои бисёрфунксионалии баландошёна оғози расмӣ бахшиданд.

Ҳангоми муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бино аз меҳмонхонаи 5- ситорадор ва маркази тиҷоратии бузург иборат аст.

Тибқи лоиҳа, ин маркази бузурги бисёрфунксионалӣ аз ду бино иборат буда, дорои меҳмонхонаи 20-ошёна ва маркази тиҷоратии 17-ошёна мебошад. Шумораи умумии ҳуҷраҳои меҳмонхона 160 адад буда, аз 2 ҳуҷра барои меҳмонони воломақом, ҳар яке бо масоҳати 250 метри мураббаъ дар ошёнаҳои 12-ум ва 15-ум, 13 ҳуҷраи люкс, ки масоҳати ҳар яки онҳо 80 метри мураббаъ, 35 ҳуҷраи стандартӣ иборат мебошад.

Дар маҷмӯъ меҳмонхона барои 300 нафар имкони буду бош фароҳам меорад. Бунёди иншооти мазкур барои таъсиси 150 ҷойи нави корӣ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ замина фароҳам меорад.

Мувофиқи лоиҳа масоҳати умумии бинои бисёрфунксионалӣ қариб 1 гектарро ташкил дода, фармоишгар ва лоиҳакаши он Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Элит-Строй-Сервис» мебошад.

Меҳмонхона бо ба инобат гирифтани унсурҳои миллӣ ва муосири шаҳрсозӣ сохта мешавад. Дар дохили бинои бисёрфунксионалӣ марказҳои хизматрасонӣ, фароғатӣ, утоқҳои корӣ, тарабхона, қаҳвахона, SPA-ҳавзи шиноварӣ, толори варзишӣ, мағозаҳо, толори синамо ва ғайра пешбинӣ гардидааст.

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон ҷиҳати бо сифат ва ҷавобгӯ ба талаботи меъморию шаҳрсозӣ муҳайё сохтани шароити хизматрасонии сатҳи байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Иншооти муосир дар муҳлати 2 сол дар доираи вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ва ба истифода дода мешавад.

Ҷиҳати ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёт таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 200 мошин сохта хоҳад шуд. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гашт.

Иншооти мазкур дар доираи нақшаи генералии шаҳри Душанбе бунёд карда шуда, зимни  корҳои лоиҳакашӣ тамоми инфрасохтори шаҳрсозии муосир ба инобат гирифта шудааст.

Бо сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти баландошёна дар баробари муҳайё гардидани шароити арзандаи хизматрасонӣ, ҳамзамон ба ободии пойтахти мамлакат зебогии нав зам хоҳад шуд.

Гузоштани санги асоси меҳмонхонаи 5 ситорадор дар кӯчаи Низоми Ганҷавии шаҳри Душанбе 04.09.2019

Сентябрь 4, 2019 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони тоҷикони муқими Ҷумҳурии Италия мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи Созмони озуқа ва кишоварзии СММ дар муаррифии навъҳои тоҷикии зардолу, ангур ва хушкмеваи Тоҷикистон иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донюй мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пистояи Италия бо таҷрибаи пешқадами ниҳолпарварӣ ва сабзгардонии муҳити зист шинос гардиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Мудири иҷроияи Ширкати «ВиБилд» Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд
Байни Тоҷикистон ва Италия санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Италия Ҷорҷа Мелонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Рим шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Италия ва Ватикан сафар намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Дэвид Кэмеронро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд