Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии «Умед»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Сентябрь 12, 2019 09:34

ДУШАНБЕ, 12.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи 7-уми шаҳраки Данғараи ноҳияи Данғара Маркази хизматрасонии “Умед”-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази хизматрасонӣ дар доираи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Далер Қунғуротзода дар зарфи як сол бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир сохта шудааст.

Иншооти мазкур аз 3 ошёна иборат буда, дорои ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, тарабхона, ошхона, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағоза мебошад.

Асонои шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми Маркази хизматрасонии мазкур мағозаи фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ ва ҳаммоми замонавӣ бо пари буғӣ, тафсон ва ҳавзи оббозӣ, дар ошёнаи дуюм сартарошхона, кошонаи ҳусн, толори фурӯши либосҳои арӯсӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши либосҳои мактабӣ ва миллӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ имрӯз 16 нафар занону бонувон ба кор ҷалб карда шудаанд, ки қаблан хонашин буданд.

Ифтитоҳи ин коргоҳи дӯзандагиро занону бонувон нишона аз татбиқи амалии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маънидод намуда, аз ин иқдоми созанда ва бунёдкорона изҳори сипосу минатдорӣ менамоянд.

Дар маҷмуъ бо мавриди истифода қарор гирифтани Маркази хизматрасонии “Умед” 40 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Ошёнаи сеюми ин иншоот барои баргузории тӯю маъракаҳо пешбинӣ гардида, имкон дорад дар як вақт ба 150 нафар хизмати баланд расонад ва дар дигар маврид дар ин қисмат ҳамчун ошхона барои аҳолӣ ва меҳмонон хизмат расонида мешавад.

Тарабхонаи ин Маркази хизматрасонии навбунёд бо нақшу нигори миллӣ оро дода шуда, он дар муаррифии санъати баланди меъмории миллӣ ба меҳмонон, хосса сайёҳон замина мегузорад.

Бунёди ин иншооти хуштарҳу замонавӣ имкон фароҳам овард, ки сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, инчунин сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳтар ва ҳусни шаҳраки Данғара зебогии бештар касб намояд.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар рӯзҳои таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ба беш аз 70 нафар ятими кулл аз ноҳияҳои Данғара ва Ҳамадонӣ туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас, бахусус ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд сол то сол зиёд гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсилу фаъолият ва зиндагии мустақилонаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Дар ин рӯз шодию нишоти ятимонро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш кумаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар туҳфаҳои арзишманд гирифтанд.

Мояи хурсандӣ аст, ки дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Сарвари давлат ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша низ ба ятимону кӯдакони бепарастор ғамхорӣ зоҳир карда, дар арафаи ҳама иду ҷашнҳо ба онҳо дасти хайру сахо дароз менамоянд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити фароҳамгардида дар ин Маркази муосири хизматрасонӣ ва тақдими туҳфаҳо ба ятимон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати дар оянда низ анҷом додани чунин корҳои ободонию созандагӣ тавсияҳои муфид доданд.

Ифтитоҳи Маркази хизматрасонии «Умед» дар ноҳияи Данғара 12.09.2019

Сентябрь 12, 2019 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Як қатор сарони давлатҳо ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ирсол намуданд
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд