Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро дар ноҳияи Файзобод мавриди истифода қарор доданд

Сентябрь 20, 2019 10:36

ДУШАНБЕ, 20.09.2019 /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Файзобод Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро, ки бо дарназардошти талаботи муосири сохтмонӣ бунёд шудааст, мавриди истифода қарор доданд.

Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, муассисаи мазкур дар деҳаи Саричашмаи деҳоти «Ҷавонон» аз ҷониби оилаи Худоёрзодаҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ бунёд гардида, дорои 640 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ давоми 1 сол бунёд ёфта, аз як ошёна иборат мебошад.

Дар муассисаи таълимӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани сифати таҳсилот, ҳамаи 9 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, забон ва адабиёти тоҷик, физика, биология, математика, химия бо таҷҳизоти зарурии таълим муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Илова ба ин, дар дохили муассисаи таълимӣ барои кӯдакони аз 5 то 7-сола Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст, ки дорои тамоми шароити таълиму тарбия мебошад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур 32 нафар омӯзгорони ноҳия, аз ҷумла 22 зан бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки барои баргузории дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ дар ҳудуди иншоот майдончаи бозии футбол ва волейбол сохта шудааст. Ҳамчунин дар шафати майдончаи варзишӣ барои тамрини хонандагон бо насби лавозимоти варзишӣ беҳтарин шароит фароҳам оварда шудааст. Баробари мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур хонандагони синфҳои болоӣ имконият пайдо карданд, ки дар ҷойи муносиб дар дарсҳои тайёрии ҳарбӣ иштирок намоянд.

Зимни боздид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи ин муассисаи таълимиро беҳтарин туҳфа ба хонандагон ва омӯзгорони ноҳияи Файзобод арзёбӣ карданд. Вобаста ба ин, Президенти мамлакат аз кормандони соҳаи маорифи ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бо пуштибонӣ аз сиёсати маорифпарваронаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарбияи насли ояндасози кишвар ва рушди соҳаи маориф саҳми арзанда гузоранд.

Бо хотири зебо намудани Муассисаи мазкур дар атрофи мактаб дарахтони ороишиву сояафкан ва 3 ҳазор дона гулҳои мавсимӣ шинонида шудаанд.
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64 дар ноҳияи Файзобод 20.09.2019

Сентябрь 20, 2019 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Имсол дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин 41 иншоот ба истифода дода мешавад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон иншооти гуногуни ҷашнӣ ба истифода дода шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кушониён синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Беморхонаи марказии ноҳияи Темурмалик пурра навсозӣ гардид
Дар ноҳияи Шаҳринав бинои нави шуъбаи рентгенӣ ба истифода дода шуд
Тандиси биринҷии чеҳраи Пешвои миллат ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе дар ҳамоиши наврӯзӣ – «Корвони шодӣ» иштирок намуданд
Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе