«РОҒУН – ФАРЗАНДИ ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДИСТ!». Шарҳи матбуоти даврии Тоҷикистон

Сентябрь 12, 2019 14:02

ДУШАНБЕ, 12.09.2019/АМИТ «Ховар»/.  28-умин солгарди ҷашни  Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва ба кор даровардани  агрегати дуюми  Неругоҳи барқи «Роғун»  аз рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи равони кишварамон маҳсуб меёбанд, ки матбуоти даврии Тоҷикистон дар саҳифаҳои худ ин санаҳои барои миллати тоҷик ниҳоят таърихию муҳимро ба таври васеъ инъикос намудаанд.

«Ҷумҳурият»— нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи ҷашнии худ- душанбе, 9 сентябри соли 2019, №172, ки ранга интишор гардидааст  ва  шумораи идонаи таърихӣ аст, дар саҳифаи аввалаш таҳти унвони  «Пешвои миллат: «Роғун фарзанди  истиқлолу озодист!», гузориши муфассалро аз маросими ботантанаи  ба кор даровардани  агрегати дуюми НБО «Роғун», ки 9 сентябр- Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт, чоп намудааст.

Инчунин нашрияи расмии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- «Ҷумҳурият»   дар шумораи  ҷашнӣ-таърихии худ дар саҳифаи дуюм суханронии Пешвои  миллатро  зери унвони «Тоҷикистон ба пеш» чоп намудааст. Дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи агрегати дуюми НБО «Роғун» омадааст, ки «Неругоҳи  «Роғун» самара, яъне фарзанди истиқлолу озодии Ватани маҳбуби мо буда, ба кор оғоз кардани агрегати дуюми он дар рӯзи таҷлили ин ҷашни бузурги миллӣ туҳфаи олӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад. Баъди ба истифода додани агрегати якуми ин кохи нур, ки 16 ноябри соли гузашта баргузор гардида буд, вақти зиёде нагузаштааст ва аллакай то имрӯз дар неругоҳ 570 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол гардида, ба низоми энергетикии мамлакат интиқол дода шуд. Ва имрӯз тамоми сокинони Тоҷикистон шоҳиди рӯйдоди навбатии хурсандиовар – бакорандозии агрегати дуюми ин манбаи рӯшноӣ гардиданд, ки бо иродаи қавӣ, шуҷоату матонат ва заҳмати шабонарӯзии шумо –  мутахассисону сохтмончиёни ватандӯсту шуҳратманд таъмин карда шуд».

Хонандагони «Ҷумҳурият» ҳамзамон имкон доранд аз ин шумораи таърихӣ –ҷашнӣ гузоришро  оид ба супоридани мукофотҳои давлатӣ ба сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун»,  инчунин мақолаҳоро, ки таҳти унвони  «Кохи Ояндаафрӯз», «А. Проханов: Роғун- фарзанди  дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон»,  «НБО «Роғун»- дирӯз ва имрӯз» мутолиа намоянд. Дар ин шумораи таърихии «Ҷумҳурият» дӯстдорони каломи бадеъ имкон доранд аз шеърҳои  «Нури Роғун» ва «Нури бахти  миллату меҳан», ки ба қалами  шоирони халқии Тоҷикистон  Муҳаммад Ғоиб ва Камол Насрулло тааллуқ доранд, баҳравар гарданд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шумораи 173, сешанбе, 10 сентябри соли 2019 дар саҳифаи нахустинаш Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зери унвони  «Ҷашни Истиқлолу озодии Ватан муборак бошад!»  нашр намудааст, ки дар он чунин омадааст: « Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд. Соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт. Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт. Ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мо барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои заруриро фароҳам овардем. Ва дар як давраи начандон тӯлонии таърих даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоиро татбиқ карда, ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо бунёд намудем, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд». Ҳамзамон дар ин шумораи нашрия суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе мунташир гардидааст.

Инчунин дар ин шумораи «Ҷумҳурият»  номаҳои шодбошӣ ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аз номи  сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, раисони созмонҳои  молиявию ҷамъиятӣ  ворид гардидаанд. Инчунин дар ин шумора  доир ба сафари кории Пешвои миллат  ба ноҳияи Муъминобод гузориш таҳия шудааст.

«Садои мардум»— нашрияи   Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар   нашри 108, шанбе, 7 сентябри соли  2019  дар радифи  чопи хабару мақолаҳо роҷеъ ба фаъолияти Парлумони мамлакат, инчунин гузоришро  доир ба  супоридани мукофотҳои давлатӣ ба  мутахассисони НБО «Роғун» аз ҷониби Пешвои миллат  ва аз ҷараёни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо директори генералии  Агентии Швейтсария  оид ба рушд ва ҳамкорӣ Мануэл Загер хабар чоп намудааст.

Ҳамзамон аз ин шумора хонандагони  «Садои мардум» метавонанд мақолаҳои вакилон ва хабарнигорони нашрияи парлумониро, ки таҳти унвони «Парлумон пас аз соҳибистиқлолии кишвар ба фаъолияти касбӣ шурӯъ  кард», «Дастовардҳои  даврони соҳибистиқлолӣ  дар ҳама соҳа назаррасанд», «Эмомалӣ Раҳмон- поягузори  давлати соҳибистиқлоли тоҷикон»,  «Истиқлолияти давлатӣ –заминаи амалишавии ормонҳои миллӣ», «Истиқлолият ва рушди роҳсозӣ», «Истиқлолият -роҳкушои варзишгарони тоҷик»   ва ғайраро мутолиа намоянд.

«Народная газета»— нашрияи русизабони  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи  38, чоршанбе, 11 сентябри соли равон чун дигар рӯзномаҳои расмии мамлакат рӯйдодҳои муҳиму таърихии Ҷумҳурии Тоҷкистонро, ки дар ҳафтаи равон ба вуқӯъ пайвастаанд, назири   ба кор даровардани чархаи дуюми НБО «Роғун», таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, номаҳои шодбошии Сарони давлатҳои хориҷӣ, ки ба унвони Пешвои миллат ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ворид гардидаанд, ба таври густурда дар саҳифаҳояш ҷой намудааст.

Инчунин аҳли эҷоди  нашрияи «Народная газета»  гузоришу мақолаҳоро, ки ба ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ба кор даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун» бахшида шудаанд, таҳия намуда, таҳти унвони «Суверенитет –ответственность», «Лидер нации – Основатель внешней политики Таджикистана», «Запуск Рогунской ГЭС приблизил Таджикистан к энергетической независимости» пешкаши хонандагон гардонидаанд.

«Минбари халқ»— нашрияи Марказии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар саҳифаи аввали шумораи  37, чоршанбе, 11 сентябр, ки идона буда, ба таври ранга мунташир шудааст, таҳти навиштаҷоти «ПАЁМИ НУР БА ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛ»  расми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳангоми пахши тугмачаи ба кор андохтани чархаи дуюми НБО «Роғун» ҷой додааст.

Ҳамзамон дар ин  шумораи «Минбари халқ» Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ифтихори  Рӯзи  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ба кор  даровардани агрегати дуюми НБО «Роғун», номаҳои шодбошии ба унвони Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи сарони давлатҳои  хориҷӣ ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида,  маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба мутахассисону сохтмончиёни  НБО «Роғун»,  иштироки Пешвои миллат  дар маросими гузоштани хишти нахустини иншооти муҳим –меҳмонхонаҳо дар шаҳри Душанбе ва ҷараёни сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нашр гардидаанд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Сентябрь 12, 2019 14:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид
Ҳайати Шурои директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд
Дар шаҳри Абузабӣ масъалаи ҷалби маблағҳо барои лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» баррасӣ гардид
Ҳайати энергетикҳои Қирғизистон бо иншооти азим- Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» фаъолияти занон назаррас аст
Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид
КОРҲОИ ҶУЗЪИ ЧОРУМ ДАР НБО-И «РОҒУН». Маблағҳои қарзии Фонди саудии рушд барои анҷоми он нигаронида шудааст
«РОҒУН» — ТАРҲИ НОДИРИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Он бозгӯи сиёсати муваффақонаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи самараноки захираҳои обӣ аст
Дар Душанбе Созишномаи қарзӣ байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба лоиҳаи НБО-и «Роғун» ба имзо расонида шуд
Султон Абдулраҳмон ал-Маршад: «Фонди Саудии Рушд Созишномаро оид ба ҷудо намудани 100 миллион доллари амрикоӣ барои сохтмони НБО-и «Роғун» ба имзо мерасонад»
«РОҒУН»- ИНШООТИ АЗИМИ АСР. Гурӯҳи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон бо ин неругоҳ шинос шуд
«ШАҲОМАТИ РОҒУН». Маҷмуаи мақолаҳои кормандону омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ин иншооти аср ба табъ расид