ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 сентябр, шанбе, 250-юмин рӯзи соли 2019 аст

Сентябрь 7, 2019 08:00

7 сентябри соли 1994 матни Суруди миллии Тоҷикистон (шеъри Гулназар Келдӣ) қабул гардид.

***

10  сол пеш, 7 сентябри соли 2009  Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибҳа Патил дар қароргоҳи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Варзоб дар Форуми соҳибкорону сармоягузорони ду давлат иштирок  намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 дар шаҳри Душанбе Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи саноатии “Гулоб”- ро ба истифода доданд.

7 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии  нобудкунии бозичаҳои ҳарбӣ.

***

Дар Бразилия – Рӯзи истиқлолият.

***

Дар  Мозамбик – Рӯзи ғалаба.

РӮЙДОДҲО:

7 сентябри соли 2010 китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» бо забони чинӣ аз чоп баромад.

***

7 сентяби соли 2002 дар шаҳри Душанбе панҷумин Форуми байналмилалии тоҷикон ва форсизабонон баргузор гардид.

***

8 сол пеш, 7 сентябри соли 2011 дар шаҳри Пекин маросими муаррифии китоби Вазири вақти корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ «Санъати ороишию амалии тоҷикон: аз байни қарнҳо» ба забони чинӣ баргузор шуд.

***

7 сентябри соли 1923 Ташкилоти байналмилалии полиси ҷиноӣ — Интерпол таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1928 дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ордени «Байрақи сурхи меҳнат» таъсис дода шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Агентии телеграфии Озарбойҷон (АзерТАҶ) Созишномаи ҳамкорӣ ва мубодилаи иттилоот ба имзо расониданд.

***

Соли 2018 масоили марбут ба таҳкими ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо САҲА муҳокима гардиданд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Сентябрь 7, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш