Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе масъалаи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистонро баррасӣ менамоянд

Сентябрь 12, 2019 08:38

ДУШАНБЕ, 12.09.19. /АМИТ «Ховар»/. 20 сентябри соли равон   Иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  баргузор мешавад. Дар ин бора  қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  аз 10 сентябри соли 2019 ба имзо расид.  Дар иҷлосияи мазкур ҳисоботи муовинони  Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020 шунида шуда,  инчунин рафти иҷрои  нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани бунёдкорӣ бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» дар соли 2019 мавриди баррасии вакилон қарор мегиранд.

Тавре аз Раёсати иттилоот  ва  робитаҳои  дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум  вазифадор гардидаанд, ки то 18 сентябр дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда,  аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

Дар бораи рафти баргузории иҷлосия, масъалаҳои муҳокимагардида ва қарорҳои қабулшуда, иловатан иттилоъ пешниҳод мегардад.

Сентябрь 12, 2019 08:38

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид