Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид

Октябрь 31, 2019 16:45

ДУШАНБЕ, 31.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 8-уми муштаракаи Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин бора мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва ҳайати Авупоро раиси Парлумони Иттиҳоди Аврупо оид ба мамлакатҳои Осиёи Марказӣ  Фулвио Мартушелло роҳбарӣ намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон, Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ, инчунин амният, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро муҳокима намуданд.

Ба гуфтаи котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, диққати асосӣ ба фазои сармоягузорӣ ва вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон дода шуда, Шариф Раҳимзода ба ҳайати меҳмонон оид ба вазъи иқтисодиву сиёсии мамлакат маълумот дод.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия зикр намуд, ки бо вуҷуди душвориҳои вобаста ба ноустувории вазъи иқтисодии мамлакатҳо — шарикони иқтисодии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ММД 7,2 фоиз афзуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,2 банди фоизӣ зиёдтар аст.

«Мояи хушнудист, ки дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳиссаи истеҳсоли маҳсулот афзуд ва ҳиссаи хизматрасониву андозҳо коҳиш ёфт», — афзуд мавсуф.

Иттилоъ дода шуд, ки Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 нишондиҳандаҳои асосии рушди минбаъдаи иқтисодро муайян намуд.  «Аз  ҷумла, ин санад коҳиши сатҳи камбизоатӣ, афзоиши ҳиссаи табақаи миёна дар ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хиpматрасониҳо дар нигаҳдории тандурустӣ, маориф, таъмини нафақа ва ғайраро пешбинӣ намуддаст», — гуфт Шариф Раҳимзода.

Зикр гардид, ки ҳаҷми тиҷорати мутақобила бо Иттиҳоди Аврупо дар 9 моҳи соли 2019 173 миллион доллари америкоиро ташкил дод. Содироти мол аз Тоҷикистон ба Иттиҳоди Аврупо 34,1 миллион доллар ва воридот аз он ба мамлакати мо 139 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳаҷми сармоягузории мустақими мамлакатҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба иқтисодиёти Тоҷикистон соли 2018 51,3 миллион ва дар 6 моҳи соли 2019 11 миллион доллари  америкоиро  ташкил дод.

Айни замон дар Тоҷикистон зиёда аз 50 корхонаи муштарак бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мавҷуд аст, ки маҳсулоти онҳо ба мамлакатҳои ИА содирот  карда мешавад.

Инчунин ҳоло Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 40 лоиҳаро ба маблағи умумии 89,3 миллион евро татбиқ намуда истодааст. Ин лоиҳаҳо тамоми минтақаҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла ҳуқуқи инсон, демократикунонии ҷомеа, волоияти қонун, ислоҳоти маъмурӣ, самаранокии энергетикӣ, рушди деҳот, амният ва идоракунии сарҳад ва ғайра амалӣ карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо рӯзи дуюм аст, ки бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Интизор меравад, ки 1 ноябр ҳайати мазкур бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот анҷом дода, аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангии шаҳри Душанбе боздид намоянд.

 

Октябрь 31, 2019 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон мулоқот намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи муштараки комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуданд
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳо ба тасвиб расиданд
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон бо Роҳбари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Душанбе мулоқоти вакилони Парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Туркманистон баргузор шуд
Вакили Парлумон дар ҷаласаи комиссияи назоратию буҷетии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таври фосилавӣ иштирок намуд
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Пешвои миллии халқи туркман-Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон мулоқот анҷом дод
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов мулоқот намуданд
Ҷаласаи Шурои коршиносон оид ба экология ва идоракунии захираҳои табиӣ дар Ассамблеяи байнипарлумонии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
ҲАМОВОЗӢ. Дар Парлумон оид ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ҳамоиш доир гардид
ФАЗОИ ДИНӢ ВА ТАҲДИДУ ХАТАРҲОИ МУОСИР. Ҳамовозӣ ба мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин