Дар шаҳри Турсунзода ҳамоиши «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» сурат гирифт

Октябрь 29, 2019 11:17

ТУРСУНЗОДА, 29.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода дар доираи эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» ва бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамоиши «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем» баргузор шуд.

Мақсади баргузории ҳамоиши мазкур — ин ҳифзи манбаъҳои оби тоза, сарфа ва истифодаи мақсадноки об ва  баланд бардоштани маърифати экологии  сокинон мебошад.

Ҳамоиш бо роҳпаймоии беш аз 800 нафар намояндагони бахшу сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷу литсейҳо, ҷавонони фаъол, намояндагони корхонаву ташкилот ва хоҷагиҳои кишоварзӣ дар масофаи 2 км таҳти шиорҳои «Пиряхҳои Тоҷикистон боигарии давлату миллат аст», «Пиряхҳои худро ҳифз менамоем», «Пиряхҳои Тоҷикистон — кафолати серобии минтақа» оғоз гардид.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зист ва устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ дар мавзӯи об, пешгирии гармшавии иқлим, таъсири манфии обшавии пиряхҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба об маърӯзаҳо  намуданд.

Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода  Лоиқ Раҳмонов гуфт, ки «об ганҷи раҳмат ва ганҷи беминнат аст. Мо, сокинони  саодатманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дар навбати худ бояд барои ободонии ҳар гӯшаи Ватанамон кӯшиш намоем. Мо бояд  ҳар қатраи ин ганҷи нотакрори ҳаётро поку масаффо нигоҳ дошта, нагузорем, ки ин сарвати бебаҳо беҳуда исроф гардад».

Октябрь 29, 2019 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд