Хабарнигори Радиои «Ховар» Нарзулло Ҷӯраев ғолиби озмуни Фонди нуфуси аҳолии СММ шуд

Октябрь 17, 2019 18:19

ДУШАНБЕ, 17.10.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хабарнигори Радиои «Ховар»-и Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Нарзулло Ҷӯраев (ДАР АКС) дар озмуни инъикоси масъалаҳои сирояти Вируси норасоии масунияти одам, ки аз ҷониби Фонди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНФПА) сарпарастӣ шуд, сазовори ҷойи аввал гардид. Маросими ҷамъбаст ва мукофотсупории озмуни мазкур, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон» эълон гардида буд, имрӯз дар шаҳри Душанбе доир шуд.

Бояд гуфт, ки шурӯъ аз моҳи майи соли равон Ташкилоти ҷамъиятии «Апейрон»  бо дастгирии молиявии Фонди нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид ва бо мақсади инъикоси дурусту  шаффофи  масъалаҳои сирояти Вируси норасоии масунияти одам  (ВНМО)  барои кормандони воситаҳои ахбори омма як зумра дарсҳои омӯзишӣ (тренингҳо) доир намуд.

Тренингҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар гузаронида шуда, дар онҳо теъдоди зиёди  рӯзноманигорон фаро гирифта шуданд. Барои кормандони воситаҳои ахбори омма оид ба сирояти ВНМО машғулиятҳои омӯзишӣ доир карда шуданд.

Дар давраи омӯзишӣ ба иштирокчиён оид ба роҳҳои гузариш, чораҳои пешгирикунанда ва муайян кардани ВНМО маълумот дода шуда, ҳар яки онҳо пиромуни ин масъалаҳо маводи иттилоотӣ омода ва нашру пахш намуданд.

Дар доираи ин дарсҳои омӯзишӣ оид ба инъикоси масъалаҳои сирояти ВНМО дар воситаҳои ахбори омма озмун ташкил ва имрӯз  ҷамъбаст гардид.

Ёдовар мешавем, ки  миёни иштирокчиён ҷойи якум ба Нарзулло Ҷӯраев аз Радиои «Ховар» дода шуд. Фарзонаи Умаралӣ аз рӯзномаи «Фараж» соҳиби ҷойи дуюм ва Нигора Ҷӯраева аз рӯзномаи вилоятии «Суғд ҳақиқатӣ» соҳиби ҷойи сеюм дониста шуданд.

Қобили қайд аст, ки бинобар муҳимияти масъала ошкор, пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани мубталоёни ин беморӣ дар мадди назари масъулини соҳа ва зери ҳимояти Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки соли 2017 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи Вируси норасоии масунияти одам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2020» ба тасвиб расидааст. Ҳадафи асосии Барнома таъмини дастрасии баробар ва умумии аҳолӣ ба хизматрасонии босифат оид ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ вобаста ба сирояти ВНМО мебошад.

Октябрь 17, 2019 18:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИЛМ АЗ ДИДГОҲИ ОЛИМОНИ ҶАВОН. Дар ин мавзуъ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид
«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Протокол оид ба таҳияи филми ҳунарии муштараки Тоҷикистону Узбекистон ба тасвиб расид
Рӯзҳои синамои Узбекистон дар Тоҷикистон бо намоиши филми ҳунарии «Зинда бод, ҳамсар!» ҷамъбаст гардид
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар Душанбе ин фестивали ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст гардид
Роҳбарзанони Узбекистон бо табиати зебои шаҳри Норак шинос шуданд
Дар Душанбе ҳамкории илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон баррасӣ шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо 4 муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон ҳамкорӣ мекунад
«ШОҲРОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Тоҷикистон барои иштирок дар ин намоиши байналмилалӣ омодагии ҷиддӣ мебинад
Дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ доир гардид
Дар Душанбе бо иштироки олимону зиёиёни Тоҷикистон ва Узбекистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Дар доираи Ҳафтаи илм оид ба мероси уран дар Осиёи Марказӣ конфронси байналмилалӣ баргузор гардид