ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 294 — умин рӯзи соли 2019 аст

Октябрь 21, 2019 08:00

21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

***

4 сол пеш, 21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ба имзо расид.

21 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.

 ***

Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ

РӮЙДОДҲО:

21 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе татбиқи «Барномаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2006-2010» муҳокима карда шуд.

***

5 сол пеш, 21 октябри соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи «Сока» — и  Япония созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

21 октябри соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб баррасӣ шуданд.

***

21 октябри соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобила барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.

 ***

50 сол пеш, 21 октябри соли 1969 дар  Ташканд аввалин Кинофестивали байналмилалии давлатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ доир шуд.

***

21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Россия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.

***

Соли 1997 Президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи аз 10 декабри ин сол пойтахти нави ин кишвар эълон кардани шаҳри Акмола, ки баъдан номи Остонаро гирифт, қарор қабул намуд.

 

Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Октябрь 21, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш