Татбиқи тарҳи «Digital CASA дар Тоҷикистон» ба рушди иқтисодиёт ва инфрасохтори рақамӣ мусоидат менамояд

Октябрь 31, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 31.10.2019/АМИТ «Ховар»/. Татбиқи тарҳи  «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, ташаккули инфрасохтори рақамӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироӣ дар минтақа, дастрасии молиявӣ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет, ба миён омадани рақобати солим ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ кумак хоҳад кард. Ин матлабро   муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев дар мулоқот бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ бо роҳбарии  Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс баён дошт.

Ҷамолиддин Нуралиев бо дахли ҳамкории судманди Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро барои рушди иқтисоди рақамӣ дар мамлакат  муҳим арзёбӣ намуд.

Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки татбиқи ҳадафмандона ва босамари лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон на фақат барои давлати мо, балки барои тамоми минтақа аҳамияти муҳим дорад. Аз ин сабаб, он бояд бо назардошти хусусиятҳои хоси иқтисодиёти минтақа роҳандозӣ гардида, дар ҷараёни ташкили Маркази татбиқи лоиҳаи «Digital CASA» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи мусбати Бонки ҷаҳонӣ дар амалисозии ҳамин гуна лоиҳаҳо дар мамлакатҳои дигар ба инобат гирифта шавад. Зеро ташкили Маркази пуриқтидори татбиқи лоиҳа имконияти назорати амалиёти рақамиро дар сатҳи зарурӣ фароҳам месозад.

Намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз ҳамкории сатҳи олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Лоиҳаи рушди алоқаи рақамӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсиф намуда, иброз доштанд, ки ҷониби Тоҷикистон дар самти амалигардонии ин тарҳ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Ян-Петер Олтерс зикр намуд, ки Тоҷикистон барои мукаммал гаштани муҳтавои лоиҳаи мазкур ва механизми амалигардонии он корҳои зиёдро анҷом дода, дар ин самт миёни кишварҳои минтақа пешсаф аст.

Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии лоиҳа зиёд кардани дастрасӣ ба шабакаи Интернети босуръат дар ҷумҳурӣ, хусусан дар ноҳияҳои дурдаст мебошад. Инчунин татбиқи ин тарҳ амалигардонии маҷмӯи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки ба рушди иқтисоди рақамӣ, зиёд намудани пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии рақамӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ, ташкилу тавсеаи тиҷорат ва татбиқи ҳукумати электронӣ мусоидат менамояд.

Мусоҳибони дигар масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи «Digital CASA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бурду бохти он ва роҳҳои бартараф намудани монеаҳои ҷойдоштаро баррасӣ намуданд. Татбиқи тарҳи мазкур ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки хати шабакаи интернети босуръатро якбора аз чанд самт — шарқ – Чин,  ғарб- Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра ба ҷумҳурӣ ворид намояд, ки он сабаби таъминоти устувори Интернет мешавад.

Рушди иқтисодиёти рақамӣ дар доираи лоиҳаи «Digital CASA» ба пайваст намудани ду минтақаи Осиё: Марказӣ ва Ҷанубӣ мусоидат хоҳад кард. Таъмини ҳамгироии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати дастрасии комил ба иқтисодиёти рақамии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани имконият барои истифода аз хизматрасониҳои рақамии босифат аз ҳадафҳои муҳими ин тарҳ маҳсуб меёбад.

 

Октябрь 31, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд
Дар корхонаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 130 вагон аз таъмири асосӣ ва умумӣ бароварда шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6327 то 11.7200 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Тоҷикистон беш аз 1,6 миллион тонна бор ва 95,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуд
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо директори Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои бахши амалиётӣ маблағгузорӣ ба сохтмони неругоҳи «Роғун» баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 105,9% таъмин гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии давлатҳои электорати ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ иштирок намуд
Дар Вашингтон машварати мудирони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз давлатҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ доир гардид
Гумрукчиён дар вилояти Суғд қочоқи 2,7 тонна маводи дорувориро пешгирӣ намуданд
Ҳайати Тоҷикистон бо Президенти Бонки сармоягузории Аврупо ҷалби сармоя барои бунёди иншооти гидроэнергетикиро баррасӣ намуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.6371 то 11.7500 сомонӣ муқаррар шудааст