«Забони тоҷикӣ забони тарбияи аҳли башар аст»-бардошт аз конференсияи байналмилалӣ

Октябрь 5, 2019 12:20

ДУШАНБЕ, 05.10.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Вазъи забони тоҷикӣ дар минтақаҳои тоҷикнишини Осиёи Марказӣ»-таҳти чунин унвон имрӯз дар шаҳри Душанбе конференсияи байналмилалӣ доир гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода оғоз намуд.

Сипас  мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  рушди иҷтимоӣ ва робита  бо ҷомеа, доктори илмҳои филологӣ, профессор Масрур Абдуллозода, намояндагони Академияи илмҳо, Вазорати маориф ва илм дар суханронии хеш аз мақоми арзанда ва таълимдиҳандагӣ доштани адабиёти ғании забони тоҷикӣ ёдовар шуда,  ин ҳамоиши байналмилалиро барои таҳими робитаҳои муштараки сиёсати забони кишварҳои дӯсту бародар дар ҳалли масъалаҳои забонӣ ва робитаҳои дӯстиву бародарӣ фоли нек арзёбӣ карданд.

Зикр гардид, ки ҷавҳари асосӣ ва ҳадафи пур аз ҳикмати ин забонро танҳо дар донистани ин забон мебояд фаҳмид, ки гӯяндагони ин забон-тоҷикон ба ҷуз Тоҷикистон, боз дар бародаркишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистону Ҳинд ва Покистону Эрон аз қадимулайём зиндагӣ мекунанд.

Забони тоҷикӣ дар мақоми забони илму адаб таърихи тӯлонӣ дорад, ки инро осори гузаштагони мо бо он ҳама шӯҳрату маъруфияти ҷаҳонӣ собит месозад. Забони тоҷикӣ дар аҳди Сомониён ва чанд асри дигар дар баробари забони арабӣ, ки ҳамчун забони илм пазируфта шуда буд, тавоноии худро дар риштаҳои гуногуни илми ҳамон замон-дар соҳаи илмҳои тиб, дорушиносӣ, ҳандаса, ситорашиносӣ, химия, табиатшиносӣ, ҷуғрофия, фалсафа ва ғайра дар мисоли шоҳкориҳои Ибни Сино, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хоразмӣ, Форобӣ, Имом Тирмизӣ, Ҷурҷонӣ ва чеҳраҳои дигари илму адаб ба ҷаҳониён муаррифӣ намудааст.

То имрӯз номи Чоч, Самарқанду Бухоро, Урганҷ, Хива, Марв, Фарғона, Чуст, Ғузор, Шаҳрисабз, Тирмиз, Насаф, Риштон барин садҳо дигар номвожаҳои ҷуғрофӣ арзи вуҷуд доранд, ки сарзамини ниёгони мо бо забони тоҷикӣ ва ҳама шаҳомату зебоии ин забон дар гузашта қарор дошту то кунун дорад. Бо забони ашъори безаволи бузургони адабиёти тоҷик ҳанӯз муаммоҳое нуҳуфтаанд, ки онро танҳо донандагони хуби ин забон дарк кардаву хулоса мебароранд, ки мояи он офариниши ҷаҳони ободу осоишта аст.

Хушбахтона, мардумоне буданд, ки ин забони ширадорро дар умури давлатдории худ истифода мебурданд. Мисоли барҷастаи он дар аҳди Темуриён дар сарзамини Ҳинд истифода ва густариш ёфтани забони тоҷикӣ мебошад. Дар ҳақиқат забони тоҷикӣ забони тарбияи аҳли башар аст, ки абёти дурамсоли ин забон ва адабиёти мо мардумонро ба ҳамдилӣ, инсондӯстӣ, муҳаббат ба ҳамдигар ва ваҳдат даъват мекунад.

Дар конференсия олимону забоншиносон аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Афғонистон иштирок намуда, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба бузургии забони тоҷикӣ, мушкилот ва ҳифзу нигоҳдошти он дар ҷаҳони муосир иброз доштанд.

Дар ҳамоиши илмии байналмилалӣ 14 маърӯзаи илмӣ, аз ҷумла, «Аз таърихи дастурнависии забони тоҷикӣ»-и узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода, «Он чӣ аён аст»-и устоди Институти азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси ходимони педагогии вилояти Самарқанд ба номи Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ —  Амина Шарофиддинова, «Инъикоси мақоми байналмилалии забони тоҷикӣ дар асари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Забони миллат – ҳастии миллат» –и доктори илмҳои филологӣ, профессор Назрӣ Офаридаев аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев, «Вазъи омӯзиши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва: вазифаҳои асосии Маркази забону фарҳанги тоҷикӣ»-и номзади илмҳои филологӣ Хуршед Сайдумаров аз Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва, «Тамаддуни тоҷикон дар гузари замон» –и Муҷибуллоҳ Пӯён Маликзода аз Афғонистон, «Хусусиятҳои таълими забони тоҷикӣ ва адабиёти тоҷикӣ дар муассисаҳои таълимии Ӯзбекистон ва Қирғизистон»-и  номзади илмҳои филологӣ, дотсент Азим Байзоев ва ғайраҳо шунида шуданд.

Дар интиҳо, пас аз баррасии фикру мулоҳизаҳо аз ҷониби иштирокдорони конференсия Тавсияномаи он қабул гардида, бо дарназардошти дурнамои масъалаҳо ҷиҳати рушду густариши минбаъдаи забони тоҷикӣ ва мақоми он дар корбурди он, таҳкими омӯзиши забони тоҷикӣ-форсӣ ар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ҳамгунсозии истилоҳоти ҳавзаҳои тоҷикзабонон, оӯзиши муқоисавии таърихии забонҳои мардумони эронизабон ва дигар ҳамкорӣ дар ин самт  бо баргузории силилаи анҷуману семинарҳо ба нақша гирифта шуд.

 

Мавҷуда АНВАРӢ,
АМИТ «Ховар»

Октябрь 5, 2019 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон ифтитоҳ мешаванд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан ва дигар маҳсулоти ҳунармандӣ оғоз гардид
РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК. Бахшида ба ин рӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор мешавад
ҲАМ АДРАСУ ҲАМ ЧАКАН АЗ ОНИ МАНУ ТУСТ. Либоси миллӣ як ҷузъи фарҳанг буда, ифодагари назокату малоҳат ва дунёи рангини бонувони тоҷик аст
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
ХАЛҚИ МОРО ДАФТАРИ АЙНӢ ШАҲОДАТНОМА ШУД. Ба ифтихори зодрӯзи Садриддин Айнӣ маҳфили адабӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Узбекистон баргузор мегарданд
УФУҚҲОИ ДӮСТӢ. Дар Тоҷикистон консерти ботантанаи арбобони санъати Узбекистон баргузор мегардад