ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Ба шарафи 5500-солагии шаҳраки Саразм 30 иншоот бунёд мегарданд

Ноябрь 21, 2019 09:02

ДУШАНБЕ, 21.11.2019/ АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бунёди қариб 30 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар бархеи он корҳои сохтмонӣ идома доранд. Дар ин бора раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода зимни ҷаласаи кумитаи тадорукот доир ба ҷараёни корҳои ободонӣ дар ҳудуди шаҳр маълумот дод.

Дар Мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносии «Саразм», воқеъ дар шаҳри Панҷакент таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи кумитаи тадорукот оид ба таҷлили 5500 — солагии Саразми бостонӣ баргузор шуд.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни ҷаласа иброз дошт, ки дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019 «Дар бораи ҷашн гирифтани 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ» қарори дахлдори Раиси вилояти Суғд ба тасвиб расида, ҳайати кумитаи тадорукот ва нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардидааст.

Бо дарназардошти аҳамияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон соли оянда 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Барои таҷлили шоистаи ин ҷашн дар ҳудуди шаҳру деҳоти Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ ҷараён доранд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки сокинони шаҳр барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, тасмим доранд то соли 2021 405 иншооти гуногунсоҳаро бунёд ва мавриди истифода қарор диҳанд.

Раиси вилоят зимни таҳлили вазъи омодагиҳо ба таҷлили 5500-солагии шаҳри Саразм баён намуд, ки «ин ҷашн бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти аҳамияти ёдгории қадимии Саразм ҳамчун маркази ташаккули тамаддуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон таҷлил мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки барои пурра ба анҷом расонидани сохтмони иншооти мансуб ба ҷашн ва ба ҷаҳониён муаррифӣ сохтани маданияти беш аз 5500-солаи халқи тоҷик аз тамоми имкониятҳо истифода намоем».

Дар ин замина ба масъулин дастур дода шуд, ки барои бо сифати баланд бунёд намудани осорхона, меҳмонхона, чойхона, истгоҳу дӯконҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ, панҷарабандии атрофи мамнуъгоҳ ва таъмири роҳҳои мошингард​ табдирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки ёдгории қадимаи Саразм тирамоҳи соли 1976 аз ҷониби бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов кашф гардид. Майдони аввалаи он қариб 130 гектарро ташкил медод. Шаҳрак дар зарфи беш аз ҳазор сол ва бахусус дар давраҳои энеолити замони дер ва асри биринҷии замони барвақт рушд ёфтааст.

Шаҳраки Саразм ёдгории беназире ба ҳисоб меравад, ки дар худ робитаҳои гуногуни фарҳангӣ ва​ муносибатҳои мардуми давраи энеолит ва давраи асри биринҷиро таҷассум кардааст. Маҳз бо назардошти аҳмияти таърихӣ шаҳрак соли 2010 ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии СММ ворид карда шудааст.

Ноябрь 21, 2019 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқот бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор масъалаҳои марбут ба низоми бонкиро баррасӣ намуд
Саҳми Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти сохтории иқтисодиёти Тоҷикистон назаррас арзёбӣ гардид
Намоишгоҳи молу маҳсулоти корхонаҳои саноатии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе то 21 апрел идома меёбад
Дар қаламрави Тоҷикистону Узбекистон қариб 400 корхонаи муштарак фаъолият менамояд
Дар вилояти Хатлон татбиқи 368 лоиҳа ба маблағи 8,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Вазири кишоварзии Узбекистон дар шаҳри Ҳисор бо фаъолияти корхонаи «Агротехсервис» шинос гардид
«Гардиши мол байни ду давлат дар ояндаи наздик ба 1 миллиард доллари амрикоӣ расонида мешавад», — бардошт аз Форуми соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистон ва Узбекистон
Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарияти IFC роҳҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ намуд
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи муштараки роҳбарикунанда оид ба муаррифии ҳисоботи СММ баргузор шуд
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бонн бо намояндагони Вазорати федералии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба савдо ва рушд (UNCTAD) тақвият меёбад