Абдуҷаббор Раҳмонзода: «Ҳадаф аз баргузор намудани Озмуни ҷумҳурияии «Сайри гули лола» ободу зебо гардонидаи ҳар як гӯшаи Тоҷикистон мебошад»

Ноябрь 29, 2019 17:52

ДУШАНБЕ, 29.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Ҳадаф аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,   пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини кишвар, ободу зебо намудани ҳар як хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст», — тазаккур дод Ёрдамчии Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода зимни ҷаласаи  ин гурӯҳ, ки дар Душанбе бо иштироки аъзои гурӯҳ ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор  баргузор гардид.

Зимни ин ҷаласа масъалаҳои тайёрӣ  ба баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии   «Сайри гули лола»   дар соли 2020 ва тақсимоти вазифаҳои аъзои Гурӯҳи корӣ   баррасӣ шуданд.

Роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода ҷаласаро оғоз бахшида, ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд.   Сипас муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар гузориш дод.  Зикр гародид, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав ба комиссияи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ маълумотнома, нусхаи протокол, санад, меъёрҳои баҳогузории ғолибон, албоми расмҳои мавзеъҳои гулкоришуда ва сабтҳои видеоиро дар ҳамаи номинатсияҳо манзур намуданд.

«Ҳангоми пешниҳоди ҳуҷҷатҳо муайян шуд, ки талаботи низомнома аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳрҳои Турсунзода, Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва Шаҳринав пурра риоя нагардидаст», — таъкид намуд Қ. Роҳбар.

Ба гуфтаи  ӯ, дар ин раванд аз ҷониби аъзои Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ барои дар солҳои оянда роҳ надодан ба камбудиҳо ва риояи пурраи талаботи низомномаи озмун ба намояндагон ва шахсони масъули мақомоти номбаршуда дастуру супоришҳо дода шуд.

Тибқи маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2019 дар қаламрави ҷумҳурӣ шумораи гулу буттаҳои шинонидашуда  11 миллиону 108 ҳазору 122 адад, аз ҷумла 2 миллиону 673 ҳазору 123 ададро гули лола ташкил медиҳад.

Дар идомаи ҷаласа тазаккур дода шуд, ки бо сабабҳои номусоидии вазъи боду ҳаво, боришоти зиёди барф дар ВМКБ, қисмати ноҳияҳои куҳии вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Роғун, ноҳияҳои Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвор ва Лахш шинонидани гулҳои мавсимӣ, аз ҷумла гули лола аз 1 апрели соли 2019 шурӯъ гардид. Бинобар ин озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» дар ин минтақаҳо давра ба давра то ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Гурӯҳи кори ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, аз натиҷаи он ба роҳбари Гурӯҳи кори ҷумҳуриявӣ маълумотнома пешниҳод гардид.

Бояд гуфт, ки 14 апрели соли равон дар боғи фарҳангу фароғати ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмун бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳайати  Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ бо шукуҳу шаҳомати хос, ҳисси зебоипарастӣ, отифанигорӣ, хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини миллӣ баргузор гардид.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» бо туҳфаҳои хотиравии омоданамудаи Кумитаи рушди маҳал мукофотонида шуданд. Ҳамзамон комиссияи Гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи Аҳмади Дониш, ба номи Алишери Навоӣ, ба номи Садриддин Айнӣ, «Кӯли ҷавонон», «Ирам», «Ҷавонон», ва ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе»-ро   барои иштироки фаъолонаашон дар озмун бо сипосномаи Кумитаи рушди маҳал сарфароз гардонида шуданд.

Сипас роҳбари Гурӯҳи корӣ Абдуҷаббор Раҳмонзода барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани озмун дар соли 2019 ба роҳбарияти Кумитаи рушди маҳал арзи сипос карда, аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис суханронӣ намуд.

Дар ҷараёни ҷаласа аъзои гурӯҳ ва масъулин барои соли 2020 вазифагузорӣ карда шуданд.

Ноябрь 29, 2019 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгории таърихиву фарҳангӣ тармиму барқарор гардид
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб ба алоқамандони синамо филми ҳунарии «Таҳаввулот» намоиш дода шуд
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
Риояи дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои занону духтарони Тоҷикистон арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба миллат аст
Дар Душанбе Рӯзҳои синамои Узбекистон оғоз гардид
Дар Минск консерти ансамбли эстрадии Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор мегардад
ШАҲРИ ДУШАНБЕ – АЗ ДИРӮЗ ТО ИМРӮЗ. Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи пойтахт намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
«САД РАНГИ ЧАКАН». Дар доираи ин фестивал дар Душанбе намоиш-фурӯши чакан баргузор гардид
Ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллиро тамошо намуд
Илм дар ҳама давру замон кафили рушди бомарому босуботи ҷомеа ба шумор меравад